Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбозони навраси тоҷик дар Дубай ду бозии санҷишӣ мекунанд


Акс аз сомонаи ФФТ
Акс аз сомонаи ФФТ

Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии Далер Каёсов дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 моҳи январ дар шаҳри Дубай ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, наврасони тоҷик дар Дубай бо тимҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Арабистони Саудӣ (13-уми январ) ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (16-уми январ) бозиҳои санҷишӣ баргузор мекунанд.

Рақибони дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 бар асоси ҷуръакашии мусобиқа 12-уми феврал муайян хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон, ки соли гузашта дар қисми ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон (U-17) иштирок кард, дар марҳилаи гурӯҳӣ дар ҷадвали гурӯҳи “I” бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шуда, аз ҳаққи ширкат дар даври плей-офф маҳрум гашт.

Пас аз натиҷагирии ҳамаи бозиҳо дар ҷадвали гурӯҳи “I” мунтахаби ИМА (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) бо 9 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуд. Тими Буркина-Фасо бо 6 имтиёз ҷойи дуюмро гирифт. Ин ду дастаи мунтахаб мустақиман ба плей-офф баромад. Чехия бо 3 имтиёз ҷойи сеюмро касб карда, дар қатори ҳашт дастаи натиҷаҳояш хубтари ҷойҳои сеюм ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфт.

Дастаи мунтахаби Португалия, ки дар финали мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасони то 17-сола тими Австрияро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард, бори аввал қаҳрамони ҷаҳон гардид. Бозии ниҳоӣ 27-уми ноябри соли 2025 дар Варзишгоҳи байналмилалии Халифаи пойтахти Қатар - шаҳри Давҳа – баргузор шуд. Голи ягонаро ҳамлагари португалиҳо Анисио Кабрал ба самар расонд.

Барои ҷойи сеюм дастаҳои мунтахаби наврасони Бразилия ва Италия рақобат карданд. Замони асосии бозӣ бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт. Дар задани силсилаи пеналти кори итолиёиҳо омад кард ва бо ҳисоби 4:2 ғолиб шуданд.

XS
SM
MD
LG