Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбозони навраси тоҷик дар Дубай ду бозии дӯстона мекунанд


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2025 бо ҳамсолони худ аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозиҳои дӯстонаи наврасони то 16-солаи тоҷик бо дастаи мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (U-16) рӯзҳои 22-юм ва 24-уми май дар шаҳри Дубай баргузор мешаванд.

Рақибони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 рӯзи 13-уми июн дар маросими қуръакашӣ маълум хоҳанд шуд.

Барои ширкат дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 миёни наврасони то 16-сола 42 тими мунтахаб дархост додааст, ки аз байнашон як даста мизбонии қисми ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиёро ба уҳда хоҳад гирифт.

Ёдовар мешавем, моҳи феврали имсол дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) зери роҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2024», ки дар Беларус баргузор шуд, иштирок кард.

Мусобиқа дар толори футболи шаҳри Минск бо иштироки ҳашт дастаи мунтахаби наврасон аз шаш кишвар – Беларус (ду даста), Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия (ду даста), Тоҷикистон ва Узбекистон – доир гардид.

Мизбонон - футболбозони навраси то 17-солаи Беларус, ки дар бозии ниҳоӣ ҳамсолонашон аз Русияро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карданд, барандаи “Ҷоми рушд-2024” гардиданд.

Футболбозони навраси то 16-солаи тоҷик бошанд, аз тимҳои Беларус (U-16) бо ҳисоби 0:3, Русия (U-17) - 1:6 ва Қазоқистон (U-16) - 0:2 шикаст хӯрда, дар гурӯҳи “В” бидуни имтиёз дар ҷойи охирин – чаҳорум - қарор гирифтанд. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар бозӣ барои ҷойи ҳафтум бар тими Озарбойҷон (U-16) бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.

Иштирок дар «Ҷоми рушд-2024» дар Минск барои футболбозони навраси тоҷик яке аз давраҳои омодагии даста ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025, ки аз 19-ум то 27-уми октябри имсол доир мегардад, маҳсуб мешуд.

Бозиҳои дӯстона

22-юми май (чоршанбе)

Имороти Муттаҳидаи Арабӣ - Тоҷикистон

Дубай, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

24-уми май (ҷумъа)

Имороти Муттаҳидаи Арабӣ - Тоҷикистон

Дубай, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

XS
SM
MD
LG