Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурудгоҳи Кӯлоб 9 млн сомонӣ зарар дида, кормандонашро ба рухсатии бемузд фиристодааст


Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб. Акс аз бойгонӣ.

Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб дар панҷ моҳи қатъ шудани парвозҳо бинобар пандемияи фарогир, 9-миллион сомонӣ зарар дида, шаст дарсади кормандонашро ба рухсатии бемузд фиристодааст. Масъулони фурудгоҳ мегӯянд, ки дар даҳсолаи ахир чунин ҳолат бесобиқа будааст.

Ҷумъахон Қараев, сармуҳосиби Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб рӯзи чаҳоршанбеи 15-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки сар аз 18-уми март парвозҳо тариқи ин фурудгоҳ қатъ шуданд ва пандемияи фарогир онҳоро дар шароити сахти молӣ қарор дод. Ӯ афзуд, ки ҳоло фурудгоҳ дар суратҳисобаш дигар пул надорад ва аз ин рӯ, кормандонаш дар рухсатии бемузд қарор доранд.

"Нисбати ҳамин давраи соли гузашта, яъне дар нимсола нуҳ миллион сомонӣ зарар дидем. Нуҳ милион сомонӣ даромади софро аз даст додем. Ҳоло 60 дарсади кормандони фурудгоҳ дар рухсатии бемузд қарор доранд. Дар суратҳисоби мо ягон дирам вуҷуд надорад ва ягон манбаи даромади дигар нест, ки маоши кормандонро диҳем, агар давлат ба мо ягон сомонӣ диҳад, мо маош дода метавонем",-афзуд Ҷумъахон Қараев.

Масъулин мегӯянд, ки фурудгоҳ дар гузашта бо кам шудани парвозҳо даромади камтар ба даст оварда буд, аммо бо чунин ҳолат дар даҳсолаи ахир рӯбарӯ нашуда буд.

Соли 2017 масъулони Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб гуфта буданд, ки бинобар кам будани теъдоди мусофирон, шумораи парвозҳо шадидан коҳиш ёфта, аз ин фурудгоҳ парвозҳо танҳо дар масири Кӯлоб-Маскав анҷом мешаванд.

Ба гуфтаи масъулони фурудгоҳ, то охирҳои соли 2016 аз Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ба самти Русия дар як ҳафта чор ва дар соли 2017 ҳафтае ду парвозҳо сурат мегирифт, ки фоидаи молии фурудгоҳро коҳиш дода буд. Масъулини фурудгоҳ ҳоло мунтазиранд, ки парвозҳо аз сар гирифта мешаванд ва фурудгоҳ ба ҳолати оддии фаъолият бармегардад.

Зимнан, бахши аслии мусофирони Фурудгоҳи Кӯлобро муҳоҷирони корӣ ташкил мекунанд. Масъулони фурудгоҳ мегӯянд, онҳо ҳам манфиатдоранд, ки Русия ба ҳавопаймоҳояш иҷозаи парвоз диҳад, то корҳо дар фурудгоҳ оғоз шаваду коргаронашон сари кор баргарданд.

Фурудгоҳи Кӯлоб соли 2006 мақоми байналмилалиро соҳиб гашт ва дар гузашта на фақат ба Русия, балки ба Қазоқистону Чин ҳам парвозҳо анҷом медод. Аммо ин парвозҳо қатъ ва бори аввал соли гузашта, ширкати "Сомон Эйр", ба самти Русия ва сокинони маҳаллиро барои адои ҳаҷҷ ба Арабистони Саудӣ интиқол медод.

Бори охир ширкати "Сомон Эйр" 24-уми март ду парвози чартерӣ аз Русия анҷом дод ва бо ҳамин парвозҳо ба Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб қатъ шуд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (1)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG