Маросими ҷанозаи Асадулло Маҳмудов, тоҷир ва раиси пешини ҷамъияти тоҷикон дар шаҳри Магнитогорски Русия, рӯзи 18 декабр дар зодгоҳаш деҳаи Иттифоқи ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар баргузор шуд . Ҷасади ӯро дар оромгоҳи ҷамоати Заргар дар паҳлӯи наздиконаш ба хок супурданд.
Тобути Асадулло Маҳмудов баъд аз зӯҳри рӯзи 17 декабр аз шаҳри Екатеринбург ба Душанбе оварда шуд. Ба гуфтаи наздиконаш, тобутро аз Русия ба Тоҷикистон зан ва ягона фарзанди Асадулло Маҳмудов ҳамроҳӣ карданд.
Асадулло Маҳмудов рӯзи 15 декабр дар шаҳри Магнитогорск дар назди хонааш аз сӯи афроди номаълум кушта шуд. Ба иттилои матбуоти русӣ, Асадулло Маҳмудов замоне ҳадафи тир қарор гирифт, ки бо мошинаш вориди майдончаи назди хонаи истиқоматиаш мешуд. Расонаҳои русӣ бо такя ба манобеи пулис гуфтаанд, ки эҳтимол меравад ин қатл фармоишӣ бошад, вале то ба ҳол сабаби ин куштор маълум нест. Кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, ки ба таҳқиқи ҳодиса аз рӯи моддаи "Куштор" оғоз намудааст.
17 АКС АЗ МАРОСИМИ ҶАНОЗАИ АСАДУЛЛО МАҲМУДОВ
Далер Маҳмудов, писарамаки ин соҳибкори кушташудаи тоҷик рӯзи 16 декабр бар Радиои Озодӣ гуфт, Асадулло Маҳмудов дар миёни “худи тоҷикҳо” душмани зиёд дошт ва эҳтимолан, қурбони ин ихтилофҳо шуд. Далер Маҳмудов афзуд, Асадулло Маҳмудов аз солҳои 2004 то 2011 раиси ҷамъияти тоҷикон дар Магнитогорск буд. Ҳоло ба ҷои ӯ дар ин мақом ҷиянаш Бахтиёр Султонов кор мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз канор рафтан аз раёсати ҷамъияти тоҷикон, ӯ дар бозори шаҳри Мангитогорск ба бизнеси хурд, яъне, хариду фурӯш машғул буд. Як автомашинаи “Газел” дошт барои “маршрутка” кироя дода буд. “15-20 рӯзе пеш аз ин ҳодиса Асадулло Маҳмудов бо як рафиқи тоҷикаш моҷаро ё ба қавле “разбор” шуда буд. Сабабашро намедонам. Шоҳидон мегӯянд, қариб буд ҷанг шавад, вале ҳар ду тараф бо додани дашномҳои қабеҳ аз ҳам ҷудо шуда буданд”.
Асрориддин Маҳмудов, бародари калонии соҳибкори кушташуда ба Озодӣ гуфт, ки "рӯзҳои охир Асадулло аз таҳдидҳо ба ҳаёташ хабар дода гуфтааст, ки ҳамеша як мошини сиёҳ ӯро дуболагир буд". Ба гуфтаи Асрориддин, бародараш "марди пулдор набуд, ки барои пулаш кушта бошанд". Вай соҳибкори хурд буду баъзан барои рӯёндани пули муҳоҷирони кории тоҷик аз корфармоён миёнравӣ мекард.
Барои бори аввал нест, ки ҳодисаи қатли соҳибкорони тоҷик дар ин шаҳри Русия сурат мегирад. Аз ҷумла дар авохири моҳи январи соли гузашта Ҳоҷӣ Ҳадятуллоҳ Абдуллоев, зодаи ҷамоати Заргари ноҳияи Бохтар ва аз соҳибкорони тоҷик дар ин шаҳр, кушта шуда буд, ки гуфта мешавад, аз наздикони Асадулло Маҳмудов буд.
Он замон пулиси Русия гуфта буд, ки мумкин аст Ҳадятулло Абдуллоевро ҳамдиёрони худаш хафа карда, ба қатл расониданд. Ҷасади Абдуллоевро пас аз даҳ рӯзи ҷустуҷӯ дар минтақаи собиқ қисми ҳарбӣ дар соҳили чапи шаҳри Магнитогорск пайдо карданд.
Бино ба ҳисобҳо, ҳар сол аз 1 то 1,5 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд. Ҳар сол беш аз 1000 нафари онҳо дар ғурбат дучори аҷал мешаванд. Аз ҷумла даҳҳо нафари онҳо ҷабран ё аз дасти скинҳедҳои рус ваё аз дасти худи тоҷик кушта мешаванд.