Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонони раҳошуда -- се тан ба хизмат, як тан ба хона


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Аз чаҳор сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки ҳафтаи гузашта аз асорати Толибон раҳо шуданд, се нафари онҳо ба хизмат идома медиҳанд ва як нафар ба назди волидонаш бармегардад.

Чаҳор сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки дар асорати гурӯҳи Толибон буданд ва ҳафтаи гузашта раҳо шуданд,, се нафари онҳо дар қисми ҳарбии Сарраёсати сарҳдабонии Тоҷикистон ба идомаи хизмати худ шурӯъ карданд ва як нафари онҳо ба назди волидонаш баргашт.

Як мақоми Сарраёсати марзбонии Тоҷикистон рӯзи 22 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, дар нимаи аввали рӯзи ҷумъаи гузашта, ин чаҳор сарбоз ба ихтиёри волидонашон дода шудаанд. Манбаъ афзуд, "вале азбаски се нафари онҳо хизмати худро ба поён нарасонидаанд, дар қисми ҳарбии Сарраёсат воқеъ дар пойтахт ба идомаи хизмати худ ҷалб карда шуданд ва як нафари онҳо чун мӯҳлати хизмати худро ба охир расонида буд, ба хонаашон баргашт."

Ба гуфтаи манбаъ, ҳамин тавр Фарҳод Калонов, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ба назди волидонаш баргашт ва Меҳроҷ Шодиев, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, Тӯйчибой Норбоев, бошандаи ноҳияи Панҷакент ва Сироҷ Давлатов, истиқоматкунандаи ноҳияи Қумсангир ба хизмат идома медиҳанд.

Фатҳулло Шодиев, падари Меҳроҷ Шодиев ба Радиои Озодӣ гуфт, фарзандаш як соли дигар барои анҷоми пурраи хизмати аскарӣ ҷалб карда шудааст ва дар яке аз қисмҳои ҳарбии шаҳри Душанбе адои хизмат мекунад. Мухтор Калонов, падари Фарҳод ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш аз се рӯз ба ин тараф дар назди бародарону хоҳаронаш аст ва вазъи саломатиаш хуб мебошад ва ҳеҷ шикояте надорад. “Ақаллан як ҳафта - ду ҳафта ҳамроҳи мо бошад, аз дидораш сер шавем, баъд масъалаи кору фаъолияташро мебинем”,- мегӯяд Мухтор Калонов.

Волидони чаҳор марзбони тоҷик, ки тоза аз асорати гурӯҳи "Толибон" раҳо шудаанд, зӯҳри 17 июн дар Душанбе бори аввал ба дидори фарзандони худ расиданд. Мақомоти давлатии Тоҷикистон рӯзи 16 июн хабар доданд, чаҳор сарбози тоҷик, ки аз моҳи декабри соли 2014 дар асорати гурӯҳи "Толибон" буданд, озод ва рӯзи 11 июни соли ҷорӣ ба Тоҷикистон оварда шудаанд.

Ин сарбозони тоҷик 19 декабри соли гузашта ҳангоми ҷамъоварии ҳезум дар соҳили рӯдхонаи Панҷ аз ҷониби гурӯҳе аз Толибон рабуда шуданд. Гуфтушунидҳои ибтидоӣ барои раҳоии онҳо натиҷа надод ва ошӯбгарон дар охирҳои моҳи феврали соли равон гаравгонҳои худро ба дарунтари вилояти Кундузи Афғонистон интиқол доданд.

Вазорати умури хориҷии Қатар рӯзи 14 июн иттилоъ дод, ки чаҳор марзбони тоҷик, ки моҳи декабри соли гузашта дар шимоли Афғонистон аз сӯи гурӯҳи Толибон рабуда шуданд, бо мусоидати амири он кишвар Шайх Тамим Бин Ҳаммад Ал-Сонӣ раҳо шудаанд. Дар баёнияи Вазорати умури хориҷии Қатар гуфта мешуд, ки раҳоии ин чаҳор марзбони тоҷик аз асорати Толибон “бар асоси арзишҳои инсондӯстӣ аз ҷониби кишвари Қатар” сурат гирифта ва “Доҳа ҳама талошҳои дипломатиро анҷом дод, то ин сарбозон наҷот ёбанд”.

Ба дунбол, Толибон бо нашри як баёния эълон карданд, ки "бо ҳадафи ҳамкориҳои хуб бо мардуми Тоҷикистон ва тақвияти муносибот дар оянда", чаҳор марзбони ба асоратуфтодаи тоҷикро озод кардааст.

Хабаргузории расмии Тоҷикистон -- "Ховар" низ шоми 16 июн хабаре дар ин робита нашр кард, аммо дар он, дар бораи шарту шароити раҳоии сарбозон чизе гуфта нашуда буд. Дар ин хабар танҳо омада буд, ки "дар натиҷаи гуфтушуниди расмӣ ва дидани чораҳои махсус, сарбозони қисми низомии 2610-ро, ки 17 декабри соли 2014 дар минтақаи сарҳадии 128/2-и Тоҷикистон, ки силоҳбадастони номаълум ба қаламрави Афғонистон бурданд, аз асорат озод карда, ба ватан баргардонданд."

XS
SM
MD
LG