Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интернети ройгон дар нақлиёт ва фурудгоҳи Душанбе(4 АКС)


Ширкати дастраскунандаи мобилии “Билайн” якҷо бо ҳукумати шаҳри Душанбе тарҳеро бо номи “Beeline Wi-Fi Free”омода кардаанд, ки дар 10 автобусҳои хатсайри 8 ва 18-и мусофирбари пойтахт истифодаи интернети ройгон имконпазир хоҳад шуд.

Бори нахуст дар Тоҷикистон, ширкати телефони мобилии “Билайн” дар ҳамкорӣ бо шаҳрдории Душанбе тарҳеро бо номи “Beeline Wi-Fi Free” дар бархе аз хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба роҳ мондааст.

Ин барнома, ки барои як соли оянда дар назар гирифта шудааст, дар ҳоли ҳозир танҳо барои мусофирони 10 автобуси хатсайрҳои рақамҳои 8 ва 18 дар пойтахти Тоҷикистон ва мусофирон дар фурудгоҳ дастрас хоҳад буд.

Аммо масъулони ширкати “Билайн” ният доранд, ки доираи истифодаи интернети ройгонро густариш дода, мавҷгирҳои интернети бесимро дар микроавтобу троллейбусҳои Душанбе низ насб кунанд.

Марӣ Виторазӣ, сухангӯи ширкати “Билайн” рӯзи 17 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин иқдом бо дастури шаҳрдори Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев роҳандозӣ шуда, тӯҳфае дар остонаи Рӯзи пойтахт тӯҳфа ба сокинону меҳмонони он аст: “Ин як лоиҳаи иҷтимоист ва агар сокинони пойтахт аз он истиқбол кунанд, метавонем то чанд соли дигар мӯҳлати истифодабарии онро идома диҳем”.

Ҳарчанд пайванди ройгон ба интернетро ширкати “Билайн” фароҳам меорад, онҳое, ки дар телефонҳои худ симкорти ширкатҳои дигарро доранд, низ метавонанд, аз он истифода кунанд. Аммо пайванди ҳамзамони зиёда аз 20 нафар дар як автобус суръати интернетро коҳиш хоҳад дод. Бино бар ин “Билайн” ҳолати хатҳоро зери назар хоҳад дошт ва дар мавриди зарурӣ мутахассисони он мушкилоти фанниро бартараф хоҳанд кард.

Мусофирон ва ронандагон аз ин навгонӣ изҳори хушнудӣ карданд. Фаррух, ронандаи автобуси рақами 8 изҳори умедворӣ кард, ки интернети ройгон шумораи мусофиронро бештар хоҳад кард.

Донишҷӯ Наим Ёров, ки ҳар рӯз бо ин автобус ба дарс меравад, аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки корҳои нотамоми худро метавонад раҳораҳ ба анҷом расонад: "Ба ман луғати тоҷикиву олмонӣ лозим буд ва худи ҳозир ба телефонам аз интернет гирифтам”.

Аммо на ҳама аз дастрасии интернет дар автобус истиқбол мекунанд. Онҳо мегӯянд, фурсати тамошои кӯчаҳои шаҳру муошират бо одамонро аз даст медиҳанд. "Ин ҷо ҳам аз Одноклассники ё шабакаҳои иҷтимоӣ наҷот нест, вақтро мегиранд. Хуб аст агар ба интернет ворид шавему аз маълумотҳои Википедия ва дигар манбаъҳо истифода кунем. Аммо аксари ҷавонон ба интернет барои тамошои филмҳои дур аз ахлоқ, гӯш кардани мусиқиҳои бемазмун ва сӯҳбатҳои бемаъниву шиносоиҳои шубҳанок медароянд,” -- мегӯяд Ваҳдат Деҳхудоев, омӯзгори литсей-интернати муштараки тоҷикиву туркӣ ва аз мусофирони автобуси 8.

Як мусофири дигар, ки худро Дилшод номид, аз амнияти интернети ройгон изҳори нигаронӣ кард. Вай мегӯяд, вақте кас ба ин шабака васл мешавад, маълумоти дохили телефон ё планшети худро гӯё дар пеши назари ҳамагон мегузорад ва мумикин аст, касе ин маълумотро рабояд.

Бо ин ҳама интернети ройгон дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва фурудгоҳ барои Душанбе падидаи навест, ки аксарият аз он истиқбол мекунанд. То кунун “wifi” танҳо дар қаҳвахонаву тарабхона ва ё мавзеъҳои фароғатӣ барои ҷалби ҳарчи бештари мизоҷон истифода мешуд.

XS
SM
MD
LG