Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

40 тонна намаки бейоди Хоҷа Мӯъмин ба Душанбе нарасид


Соҳибкороне, ки 40 тонна намаки бейодро ба Душанбе мебурданд, аз ҷониби оҷонсии «Тоҷикстандарт» дар минтақаи Кӯлоб беш аз 11 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд. Ин намак, ки ҳангоми интиқол дар дидбонгоҳи Олимтой, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Данғара кашф шуда буд, дубора барои коркард пас гардонида шудааст. Ҳамчунин, ширкатҳои тавлиди намак, мисли «Намакдон», «Сорбон» ва «Диловар-М», ки ин 40 тонна намаки бейод ба онҳо таалуқ доштааст, то як соли дигар аз ҳаққи фурӯши намак дар Душанбе маҳрум шудаанд.

Ҳикматулло Сафаров, директори «Тоҷикстандарт» дар минтақаи Кӯлоб гуфт, ҳодисаи кашфи намаки бейод собит кард, ки бояд онҳо дар дидбонгоҳи Олимтой дар баробари кормандони пулиси роҳ намояндаи доимии худро дошта бошанд. Сафаров гуфт: «Бо дарназардошти ин ҳодиса мо ба вазорати корҳои дохила мактуб кардем, ки дар дидбонгоҳи Олимтой намояндаи доимии моро барои назорат бигузоранд, то намакҳои бейод аз ноҳияи Восеъ ва Ҳамадонӣ ва дигар маҳсулоти ғайристандартӣ аз минтақа ба Қӯрғонтеппа ва Душанбе нагузарад. Ҳамчунин аз он тараф низ ба Кӯлоб маҳсулоти пастсифат ворид нашавад. То ҳол ба мактуби мо ҷавоб наомадааст, аммо умед дорем, ки пешниҳод қабул мегардад. Кормандони ГАИ ин ҷо ҳастанд, вале онҳо ба кори худ машғуланд ва ба назорати сифати маҳсулот намерасанд.»

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00
Линки мустақим

Дар ҳамин ҳол, соҳибони ширкатҳое, ки дар интиқоли намаки бейод муттаҳам мешаванд, изҳор доштанд, ки онҳо ҳеҷ гоҳ намаки бейодро ба фурӯш намегузоштанд, балки онро дар Душанбе йоднок карда, сипас ба бозор мебароварданд.

Аммо боздошти ин миқдор намаки бейод дар ҳолест, ки соли гузашта раисони ноҳияи Восеъ ва Ҳамадонӣ аз фаъолияти оҷонсии «Тоҷикстандарт» ҷиҳати назорати сифати намаки истеҳсолшуда изҳори норозигӣ карда буданд.
Аз ҷумла, Султон Валиев, собиқ раиси ноҳияи Восеъ гуфта буд, «Тоҷикстандарт» вазифаҳои худро иҷро карда наметавонад: «Барои чӣ назорат намекунад? Онҳо вазифадоранд, ки сифатро назорат кунанд. Чаро чораҷӯӣ намекунанд? Ҳукумати ин ноҳия иҷозаи назорати сифатро надорад. Лекин ин чизро ҷиддӣ фикр кунем, ки фардо табобати беморӣ аз ин ҳисоб мушкил наафтад.»


Кӯҳи Хоҷа Мӯъмин
Кӯҳи Хоҷа Мӯъмин
Дар минтақаи Кӯлоб бузургтарин кӯҳи намаки Хоҷа Мӯъмин ҷойгир аст, ки миллионҳо тонна захираи намак дорад. Дар Тоҷикистон ягона маҳсулоте, ки инсон тариқи он йод, як маҳлули баландарзишу фоидаовари кимиёвиро истеъмол карда метавонад, намак аст. Норасоии йод инсонро ба бемории варами ғадудҳои сипаршакл ё худ ҷоғар мубтало мекунад.

Эмомалӣ Раҳмонов, пизишки ҷоғаршинос дар Кӯлоб мегӯяд, ҳоло дар минтақа беш аз 30 ҳазор сокин расман ҳамчун бемории ҷоғар сабт шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин беморӣ инкишофи ҷисмониву ақлонии инсонро коҳиш дода, дар ғайри сурати муолиҷа боиси фавт низ мегардад. Ҷаноби Раҳмонов изҳори таассуф кард, ки бештари гирифторони бемории ҷоғар кӯдакону наврасонанд: «Ба наврасон хатари инро дорад, ки ҳаракаташонро вайрон мекунад ва ба инкишофи устухонҳояшон зарар мерасонад. Ҳатто инкишофи нутқро ин беморӣ халалдор мекунад. Кӯдакро кундзеҳн мекунад. Ба ноқисулаклӣ низ оварда мерасонад. Кори дилро низ мушкил мегардонад. Ин ҳамааш аз бейодист, ки онро мо фақат дар таркиби намак бояд истеъмол кунем.»

Дар атрофи кони Хоҷамӯъмин, воқеъ дар ҳудуди навоҳии Восеъ ва Ҳамадонӣ наздики даҳ корхонаи хурду бузург ба коркарду фурӯши намак машғуланд. Намак маҳсулотест, ки сокинони Тоҷикистон онро ҳамарӯза истеъмол мекунанд. Аз ин рӯ, йодро, ки барои инсон муҳим аст, маҳз дар намак олуда мекунанд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт низ барои пешгирӣ аз бемории ҷоғар истемоли намаки йоддорро тавсия додааст. Дар як тонна намак, тибқи тавсияи ин созмон, бояд 60 милиграмм йод олуда карда шавад. Йоде, ки як килояш ба нархи як кило тило баробар аст ва дар бархе маврид корхонаҳои намакистеҳолкунӣ ба хотири фоида андохтани йодро дар маҳсулоти худ “фаромӯш” мекунанд.
XS
SM
MD
LG