Маҳкамаи ибтидоӣ дар шаҳри Кобул 4 танро, ки дар куштори Фархунда --як духтари афғон дар моҳи март муттаҳам дониста мешуданд, ба эъдом маҳкум кард. Сафиаллоҳ Муҷаддадӣ, раиси ин додгоҳ рӯзи чаҳоршанбе ҳангоми эълони ҳукм гуфт, ки 18 тани дигар аз муттаҳамон бинобар набудани аснод ва шавоҳид, озод шудаанд. Раиси додгоҳ гуфтааст, ки ин ҳукм қатъӣ нест ва маҳкумшудагон метавонанд шикояти кассатсионӣ баранд.
Рӯзи чаҳоршанбе маҳкамаи ибтидоии ноҳияи савуми шаҳри Кобул дар мавриди 30 нафар, ки дар қатли Фархунда муттаҳам буданд, ҳукм содир кард. Ба гуфтаи мақомои ин додгоҳ, натиҷаи мурофиаи 19 тани дигар, ки миёни онҳо нерӯҳои амниятӣ ва пулис низ мебошанд, рӯзи якшанбеи оянда эълон хоҳад шуд. Раиси ин додгоҳ ба нерӯҳои амниятӣ дастур додааст, ки се тани дигарро, ки дар қатли Фархунда даст доранд, ҳар чӣ зудтар боздошт кунанд.
Мурофиаи додгоҳии муттаҳамон дар қатли Фархунда рӯзи 2 май оғоз шуд ва шабакаҳои телевизионӣ онро мустақиман пахш карданд. Дар курсии айбдорӣ, 49 нафар ба шумули чанд афсари пулис менишастанд.
Ба гуфтаи муфаттишон, издиҳоми бузурги мардон рӯзи 19-уми март Фархундаи 27-соларо бо иттиҳомоти дурӯғ, ки гӯиё китоби Қуръонро оташ задааст, бераҳмона латукӯб карда кушта ва сипас ҷасадашро оташ заданд. Баъди ин ҷасади Фархундаро ба рӯдхонаи Кобул андохтанд.
Қатли Фархунда эътирози зиёдеро дар Афғонистон барангехт ва ҷомеаи шаҳрвандии он кишвар аз ҳукумат талаб карданд, ки вазъи ҳуқуқи занонро беҳтар намоянд.