Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фотима Ғуломова даргузашт. ВИДЕО, САДО


Фотима Ғуломова

Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик ва модари коргардони маъруф Барзу Абдураззоқов, ки дар даҳҳо намоиши театрӣ ва филмҳо нақш бозидааст, дар 86-солагӣ даргузашт. Писараш, Шаҳбоз Абдураззоқов, дар Фейсбук навишт, ӯ рӯзи якуми март дар Душабе аз дунё чашм пӯшид. Нурулло Абуллоев, ҳунарманди тоҷик, гуфт, маросими дафни Фотима Ғуломова рӯзи 2-юми март баргузор хоҳад шуд.

Ғуломова тақрибан шаст сол дар театри ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе кор кардааст.

Хонаводаи ӯро дар Тоҷикистон оилаи ҳунарпешагон меноманд. Писараш Барзу Абдураззоқов аз коргардонҳои маъруф ва бародараш Исфандиёр Ғуломов, ҳунарпеша ва коргардони театру кино аст. Хоҳараш Соҷида Ғуломова аз коргардонҳои машҳури телевизиони Тоҷикистон буд. Шавҳараш Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарпешаи театру кино, моҳи январи имсол даргузашт.

Акси Фотима Ғуломова аз бойгонӣ
Акси Фотима Ғуломова аз бойгонӣ

Фотима Ғуломова як сол пеш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, падараш якҷо бо Абулқосим Лоҳутӣ, адиби шинохта, аз Эрон ба Тоҷикистон ҳиҷрат карда, мудири яке аз мактабҳои ноҳияи Шаҳринав буд. Вай афзуд, ҳарчанд аз хурдӣ меҳри санъат дар қалбаш буд, падараш тавсия дод, ба Донишкадаи омӯзгорӣ дохил шавад.

Ҳангоми таҳсил дар соли саввум ӯро барои таҳсил ба Донишкадаи санъати шаҳри Маскав фиристоданд. Ӯ якҷо бо ҳунармандони маъруфи тоҷик Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳошим Гадо ва Марям Исоева ин донишкадаро хатм карда, баъд аз муддате фаъолият дар Театри ба номи Пушкини шаҳри Хуҷанд барои кор ба Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ омад.

Нақли Фотима Ғуломова дар суҳбати як сол пеш:

"Сарнавишт чунин шуд, ки ба танҳоӣ се фарзандамро тарбият мекардам ва онҳо вақти иҷрои нақшҳоям паси пардаи театр мехобиданд", -- нақл карда буд ӯ соли 2019 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Гузориши видеоӣ дар бораи хонаводаи Фотима Ғуломова ва тӯдаиҳои Эрон дар Тоҷикистон:

Тӯдаиҳо чӣ гуна дар Тоҷикистон муқим шуданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:49 0:00

Нур Табаров, драмнависи тоҷик, ки солҳои дароз бо Театри ба номи Лоҳутӣ ҳамкорӣ кардааст, моҳи январи соли гузашта дар суҳбат бо Радиои Озодӣ Фотима Ғуломоваро аз зумраи шоҳсутунҳои санъати театрӣ номида буд.

Ӯ гуфт: "Ҳамаи нақшҳое, ки Фотима Ғуломова дар саҳнаи театр ва синамо иҷро кардааст, аз сӯйи тамошобини тоҷик хуб пазируфта шуданд. Вақте ин гурӯҳи ҳунарпешагон пас аз хатми донишкадаи санъати Маскав ба Театри Хуҷанд барои кор фиристода шуданд, Турсунбой Ӯлҷабоев, роҳбари вақти Тоҷикистони Шӯравӣ онҳоро ба театри ба номи Лоҳутӣ дар Душанбе овард."

Фотима Ғуломова дар тӯли тақрибан 60 соли кораш дар намоишнома ва филмҳое ба монанди "Рӯдакӣ", "Духтари бебисот", "Камбағалӣ айб нест", "Сароби хунин", "Рустам ва Сӯҳроб", "Имтиҳон", "Бой ва ғулом", "Шоҳ Лир"... ва "Мо аз боми ҷаҳон" нақшҳои калидиро бозидааст.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG