Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қумандон Ҳаким" бознишаста шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Полковники марзбонӣ Ҳаким Қаландаров, фармондеҳи ҷабҳаи Тавилдараи Иттиҳодияи мухолифини пешини тоҷик аз мақомаш дар нерӯҳои марзбонии КДАМ озод ва бознишаста шуд.

Дафтари матбуоти Сарраёсати сарҳадии КДАМ бо тасдиқи ин хабар рӯзи 29 апрел ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки полковник Ҳаким Қаландаров дар вазифаи муовини сардори Раёсати ақибгоҳ, аслиҳа ва техникаи Сарраёсати сарҳадии КДАМ фаъолият мекард ва бинобар ба синни нафақа расидан, бознишаста шуд. Ҳаким Қаландаров аз соли 1998 ба ин тараф дар вазифаҳои гуногуни ин ниҳод фаъолият доштааст.

Ҳаким Қаландаров дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки синаш ба нафақа расидаасту акнун ба зиндагии мулкии бознишастагӣ хоҳад баргашт. Вай афзуд, соли 1998 замоне, ки тибқи созишномаи сулҳ нерӯҳои Иттиҳодияи мухолифин ба сохторҳои ҳукуматӣ пайвастанд, вай ба вазифаи муовини раиси Кумитаи ҳифзи сарҳадбонӣ таъйин шуда буд ва тайи 16 сол дар масъулиятҳои мухталифи ин ниҳод ифои вазифа кардааст.

Тайи чанд соли ахир полковник Ҳаким Қаландаров дар вазифаи муовини сардори Раёсати ақибгоҳ, аслиҳа ва техникаи ин ниҳод фаъолият доштааст.
Ҳаким Қаландаров, фармондеҳи пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик дар ҷабҳаи ноҳияи Тавилдара буд, ки дар замони муқовимати дохилии 1992-1997 алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ мубориза кардааст.

Ӯ баъди имзои Созишномаи умумии сулҳ дар шаҳри Маскав, дар июни соли 1997 ва ҳамоиши размандагони мухолифин бо қувваҳои ҳукуматӣ, ба ҳайси муовини раиси Кумитаи марзбонии Тоҷикистон тайин шуд. Тайи чанд сол ба ҳайси муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон амал карда ва дар шаш соли ахир роҳбарии Маркази таълимии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро бар ӯҳда доштааст.

Зимнан, ин Маркази таълимӣ дар гузашта ба марзбонони рус тааллуқ дошт, вале баъди хуруҷи онҳо ба ихтиёри нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон вогузор шуд.

Дар ҳоли ҳозир аз фармондеҳони пешини ИНОТ генералҳо Абдуҳалим Назаров, муовини вазири дифоъ ва Шоҳ Искандаров ба ҳайси сардори Раёсати умури дохила дар ноҳияи Турсунзода, дар ниҳодҳои қудратӣ фаъолият мекунанд.
XS
SM
MD
LG