Пайвандҳои дастрасӣ

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб тасмим дорад, хонаи Ғаффор Мирзоеви зиндониро ба китобхонаи электронӣ табдил диҳад.

Ин хона пас аз ҳабси Ғаффор Мирзоев ва давлатӣ эълони шудани моликияти ӯ, дар соли 2006 ба ихтиёри Донишгоҳи мазкур гузашт.

Абдулло Табаров, ректори Донишгоҳи давлати Кӯлоб, мегӯяд, сохти ин хона ба ташкил намудани китобхонаи электронӣ мувофиқ аст: «Мо маслиҳату машварат кардем ва дидем, ки сохти ин бино барои китобхонаи электронӣ мувофиқ аст ва тасмим гирифтем онро ба китобхонаи электронӣ табдил диҳем. Дар ин ҷо барои таълим гирифтани садҳо донишҷӯ шароит муҳайё кардан мумкин аст».

Абдулло Табаров аз нахустин раҳбарони Донишгоҳи Кӯлоб аст, ки мехоҳад, як бинои солҳо бекорхобидаро ба манфиати омӯзгорону донишҷӯён истифода барад. Ин бино ҳам шояд аз нахустин биноҳои моликияти давлатӣ эълоншудаи Ғаффор Мирзоев аст, ки моҳҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.







Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори маҳаллӣ, мегӯяд, ҳангоми як таҳқиқ ба ин натиҷа расидааст, ки моликияти мусодирашудаи генерали зиндонӣ, Ғаффор Мирзоев пас аз ҳабси ӯ муддати тулонӣ холӣ буданд ва аз бесоҳибӣ хароб шуданд: «Як одати ғайримаъмулии маҳаллӣ аст, ки чизи одами ҳабсшуда ва кам касе мехоҳад истифода барад. Барои ҳамин хуб мешуд, ки баъди давлатӣ шудани амволи афроди муҷрим, давлат ба наздикони онҳо имкони истифодаи ин моликиятро фароҳам мекард. Мантиқан ҳам ин корхонаро танҳо онҳо метавонанд, истифода кунанд. Дар ин сурат ҳам давлат манфиат медид ҳам хешовандони муҷримон ва ҳам мардум аз истеҳсолоти он баҳра мебурд».

Манзили зисти Ғаффор Мирзоев шояд аз нахустин бинои ин генералӣ зиндонӣ аст, ки акнун мавриди истифода қарор мегирад. Ин хона дар ҷои хобгоҳи собиқи Донишгоҳи Кӯлоб сохта шуда буд ва пас аз ҳабси моликият он дубора ба ихтиёри Донишгоҳ дода шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG