Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Депутати собиқи қирғиз бо гумони ҳамкорӣ бо ДИИШ боздошт шуд


Мақсад Қунакунов
Мақсад Қунакунов

Депутати собиқи парлумони Қирғизистон бо иттиҳоми иртиботи эҳтимолиаш бо ҷангиёни нобудшуда боздошт шудааст.

Аз рӯи тафтишоти пешакӣ, гурӯҳи мусаллаҳе, ки рӯзи ҷумъа, 16 июл дар шаҳри Бишкек нобуд карда шуд, мебоист аз рӯи нишондодҳои Мақсад Қунакунов ба баъзе сохторҳои моливу шахсони инфиродӣ ҳамла анҷом медод. Рӯзи 20 июл, соати 4 субҳ дар фурудгоҳи байналмилалии “Манас” ҳангоми кӯшиши тарки Қирғизистон кардан депутати собиқи парлумони ин кишвар аз ҳизби “Оқ Ҷӯл” боздошт шуд. Дар ин бора ба бахши Қирғизии радиои Озодӣ дар дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар хабар доданд. Манбаъҳои ин радио гуфтаанд, ки шахси боздоштшуда Мақсад Қунакунов мебошад.

Тафтиши пешакӣ исбот кардааст, ки ҷангиёни гурӯҳи махфии марбут ба “Давлати Исломӣ”, ки дар як амалиёти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ рӯзи 16 июл дар шаҳри Бишкек нобуд карда шуданд, бо депутати собиқ дар иртиботи мустақим буданд. Аз рӯи маълумоти тафтишот, депутати собиқ тавассути яке аз раҳбарони нобудшудаи гурӯҳи террористӣ Тариел Ҷумъагулов ба ҷангиён пулу силоҳ, аз ҷумла ду автомати

“Калашников” медод. Ин силоҳ дар маҳалли амалиёти низомӣ ошкор ва мусодира шуд. Ҷумъагуловро тафтишот ҳамчун як ҷинояткори собиқ муаррифӣ мекунанд, ки дар доираҳои худ бо лақаби Тоха маъруф буд.

Аз рӯи маълумоти иловагии тафтишоти пешакӣ, депутати собиқ ният дошт бо кӯмаки гурӯҳи мусаллаҳ ба як қатор сохторҳои молии кишвар ва шахсони алоҳида ҳамла анҷом дода, пули бадастомадаро дар фаъолиятҳои террористӣ ва ҳам бесуботсозии вазъи кишвар истифода кунад. Мақсад Қунакунов баъди боздошт дар муассисаи нигаҳдошти муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон нигаҳдорӣ мешавад. Рӯзи 16 июл ходимони КДАМи ин кишвар дар шаҳри Бишкек як амалиётеро анҷом доданд, ки дар натиҷаи он шаш узви як гурӯҳи террористӣ нобуд шуд.

Ин амалиёт дар ду маҳаллаи шаҳр ҳамзамон сурат гирифт. Дар давоми як соати тирандозӣ дар кӯчаҳои Горкий ва Панфилови шаҳри Бишкек чор ҷангӣ ва дар амалиёти назди маҳаллаи ГЭС-5-и пойтахти Қирғизистон ду ҷангӣ кушта шуданд. Ин барои нахустин бор аст, ки дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ мақомот дар бораи амалиёти мусаллаҳона зидди ҷангиёни эҳтимолии гурӯҳи “Давлати исломӣ” хабар медиҳанд.

XS
SM
MD
LG