Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухлисони футбол дар сафи гурӯҳи "Давлати исломӣ"


Аз 32 сокини минтақаи Кӯлоб, ки ба ҷангҳои Сурияву Ироқ ҷалб шудаанд, гурӯҳе мухлисони дастаи футболи "Равшан"-и Кӯлоб будаанд.

"Ҳудуди 7 тан аз ҷавонони Кӯлоб, ки дар ду соли ахир ба сафи ҷаррортарин гурӯҳи ҷангӣ дар Ховари Миёна пайвастаанд, аз мухлисони тими футболи "Равшан"-и Кӯлоб будаанд," -- гуфт як манбаъ дар пулиси минтақавӣ.

Ин манбаъ афзуд, яке аз фармондеҳони нерӯи вежаи Вазорати дохилӣ ё ОМОН, ки моҳи июни соли 2011 мухлисонро баъди бохти "Равшан" ба тими "Истиқлол" ва бетартибиҳо дар майдони варзишии Кӯлоб саркӯб карда буд, сарҳанги фирорӣ Гулмурод Ҳалимов буд, ки акнун бо мухлисони собиқи Равшан ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳамроҳ шудааст.

Фармондеҳи собиқи нерӯи вежаи Вазорати корҳои дохилӣ Гулмурод Ҳалимов аз пайвастани худ ба ДИИШ моҳи майи соли равон хабар дод. Мақомоти Тоҷикистон сарҳанги собиқро ки борҳо дар Иёлоти Муттаҳида тамрини зиддитеророристӣ гирифта буд, ба хиёнати Ватан муттаҳам карданд.

Ин мақоми пулис мегӯяд, ки пас аз омӯзиши парвандаҳои ҷавонони минтақаи Кӯлоб, ки ҳоло дар қаламравҳои таҳти назари гурӯҳи "Давлати исломӣ" қарор доранд ба ин натиҷа расидааст, ки бахше аз ин гурӯҳ

Гулмурод Ҳалимов
Гулмурод Ҳалимов

мухлисони дастаи «Равшан”-и Кӯлоб буда, дар бенизомиҳои мухлисони футбол дар ин минтақа фаъолона иштирок кардаанд. Ӯ мегӯяд, "соли 2011 пас аз бозии футболи тими “Истиқлол” ва “Равшан” бархе аз ин ҷавонҳо аз ҷониби нерӯҳои ОМОН, ки сарҳанг Гулмурод Ҳалимов фармондеҳаш буд саркуб ва беш аз сад нафар боздошт шуданд. Даҳҳо нафар пас аз бозпурсиву ҷарима озод шуданд ва нисбат 18 тан аз мухлисони “Равшан” парвандаи ҷиноӣ боз шуд."

Бахтиёр Шеров, маълум бо номи Абу Аҳмади Тоҷикӣ, аввалин ҷавоне, ки дар Сурия кушта шуд, аз мухлисони сарсахти дастаи “Равшан”-и Кӯлоб буд.

Хосият Сабурова, модари ин ҷавон, ки моҳи апрели соли гузашта хабари марги писарашаро тасдиқ кард, рӯзи ҷумъаи 3 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз охирон бозии «Равшан» бо «Истиқлол» Бахтиёр ба Русия рафт ва дигар ба дастаи футболи “Равшан” мухлисӣ накард.

Нусрат Назаров, мубаллиғи дигари ДИИШ, ки ҳоло номашро “Абу Холиди Кӯлобӣ” гузоштааст, дар ҳар бозии «Равшан» дар раддаи аввал менишаст, мегӯяд Фаридун Ҷӯрахонов, як сокини Кӯлоб, ки ӯ низ ба “Равшан” мухлисӣ мекард. Нусрат Назаров аз гурӯҳи ҷавонҳое буд, ки соли 2011, дар пайи бозии дастаҳои “Равшан” ва “Истиқлол” аз сӯи пулис барои бетартибӣ дар ҷараёни бозӣ боздошт шуд.

Ҷурахонов мегӯя,ки Нусрат дар атрофаш мухлисони зиёдеро ҷамъ карда буд, ва дар ҳар бозӣ дастаи “Равшан”- ро ҳамроҳӣ мекарданд.

Бахтиёр Шеров, Нусрат Назаров,Сафар Рустамов, Бахром Файзов, Лоиқ Раҷабов аз мухлисони тими “Равшан” буданд, ки ҳоло бархе кушта шуда, бархи дигар дар сафи ҷангиёни гурӯҳи Давлати Исломӣ қарор доранд.

Ҳамсӯҳбати мо аз пулиси минтақа, ки парвандаҳои ҷиҳодиҳоро бозҷӯӣ кардааст, мегӯяд, ҳоло дар Сурия 32 ҷавон аз шаҳри Кӯлоб меҷанганд ва омӯзиши парвандаи онҳо нишон дод, ки бештар аз 7 нафари онҳо аз мухлисони ашадии “Равшан” буданд. Ӯ мегӯяд, агар он рӯз ОМОН ҷавонҳо саркӯб намекард ва даста ҳам мувафақ мемонд, кӣ медонад, шояд ин ҷавонҳо пой бар ҷодаи хатарноки ифротгароӣ намегузоштанд. “Ҳоло бо таҳлили ҳуҷҷатҳо фикр мекунам, ки маҳз берун шудан аз мухлисии футбол онҳоро ба ифротӣ шудан моил кард”- гуфт ин мақоми пулис.

Тими “Равшан” дар ду соли пеш аз сермухлистарин дастаи футбол дар Тоҷикистон буд, ки дар ҳар бозияш аз 18 то 20 ҳазор ҷавон мухлисӣ мекард.

Аммо дар моҳи июни соли 2011 ин даста ба ҳисоби 1:0 ба дастаи “Истиқлол” бозиро бохт ва мухлисони норозиаш, ки бозиро ноодилона мешумурданд, ба сӯи автобусҳои гурӯҳи "Истиқлол" ва бозингарони он санг партофтанд. Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳури Тоҷикистон ва сарпарасти гурӯҳи "Истиқлол" дар вақти бенизомӣ бо тимаш дар варзишгоҳ буд ва истифодаи нерӯи вежаи пулис алайҳи мухлисонро ба таъмини амнияти узви оилаи президент рабт доданд.

Пас аз ин мухлисони “Равшан” зери назорати шадид қарор гирифтанд ва ин даста ҳам маҳбубияти худро аз даст дод. Дар солҳои баъдӣ аксари мухлисони “Равшан” рӯ ба Русия оварданд ва бархе ҳам дар зери таъсири мубалиғони ифротӣ худро “ҷиҳодӣ” эълон карданд ва ба Сурияву Ироқ рафтанд.

XS
SM
MD
LG