Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд пайомади боздошти Содиқов (ВИДЕО)


Баъди боздошти Александр Содиқов доираҳои илмии хориҷӣ дар андеша уфтодаанд, ки оё бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд? Ва оё ҳамкории онҳо бо олимони тоҷик барои онҳо дар Тоҷикистон дарди сар нахоҳад овард?

Боздошти баҳсбарангези Александр Содиқов, пажӯҳишгари ҷавон бо иттиҳоми ҷосусӣ дар Тоҷикистон, ки анҷуманҳои илмии ҷаҳонро ба хашм овард ва ба обрӯи кишвар латма зад донишмандонеро тарсондааст, ки вазъи сиёсиву иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистонро меомӯзанд. Доираҳои илмии хориҷӣ ҳам акнун ба ин андеша афтодаанд, ки оё бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд ва ё минбаъд ба донишмандони тоҷик, дар анҷоми корҳои илмиашон ба кӯмаки молӣ эҳтиёҷ доранд, мадад расонанд.

Боздошти Александр Содиқови 31-сола, ки ба ҷосусӣ ва “хиёнат ба ватан” муттаҳам мешавад, худи мақомоти расмии Тоҷикистонро дар вазъи ногуворе қарор дод. Ҳукуматдорони Тоҷикистон ҳам интизор надоштанд, ки расонаҳои зиёде дар саросари ҷаҳон давлати Тоҷикистонро барои ҷосус номидани як пажӯҳишгар интиқод карда ва аз ҷумла хоҳанд гуфт, ки таҳқиқу суол кардан дар Тоҷикистон “гуноҳ” будааст. “Вашингтон Пост”, ”Ню Йорк Таймс” ва маҷаллаи “Экономист”, ки дар бораи Тоҷикистон бисёр кам менависанд, барои боздошти пажӯҳишгари ҷавон, ҳукуматро танқид карданд. Анҷуманҳои илмии зиёде низ ба ҳимоят аз муҳақиқи ҷавон бархоста ва аз ҳукумат хостанд, ӯро раҳо кунад ва ё замонат бидиҳад, ки Александр Содиқов, одилона муҳокима мешавад.

Дар остонаи сафари Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба Бритониё дар рӯзи якуми июл 15 профессори бритониёӣ аз донишгоҳҳои мухталифи Бритониё бо нашри як номае дар рӯзномаи “Гордиан” аз давлати Тоҷикистон хостанд, Александр Содиқовро озод кунад. Онҳо гуфтаанд, боздошти як пажӯҳишгар бо иттиҳомоти “масхараомез” ба обрӯи Тоҷикистон ва ҳам ба доираҳои байналмилалии илмӣ, ки Александр Содиқов ҳам аз ин доира аст, латма мезанад. Ҷон Ҳезершоу, ҳамкори Александр, ки дар Тоҷикистон 12 сол карда ва баъди боздошти ӯ ночор Душанберо тарк кард ба Радиои Озодӣ гуфт, амалкарди мақомот на танҳо хориҷиён балки донишмандони тоҷикро ҳам тарсондааст:

“Ман бо муҳақиқони хориҷӣ ва тоҷик сӯҳбат кардам, ки аз дурнамои пажӯҳиш дар Тоҷикистон сахт метарсанд. Ман медонам, ки Тоҷикистон хоҳони ҳамкорӣ дар заминаи таҳқиқоти илмӣ аст ва вазири умури хориҷӣ худаш дар гузашта дар суханрониҳояш инро зикр кардааст. Барои ҳамкорӣ дар арсаи таҳқиқу пажӯҳиш мо ба фазои озод эҳтиёҷ дорем. Агар зарур аст, ки мақомотро қабл аз пажӯҳиш дар ҷараён гузоред, пас бояд ин механизм рӯшан бошад, аммо айни замон чунин ба назар мерасад, ки пеш бурдани таҳқиқот дар Тоҷикистон бисёр мушкил аст. Тасаввураш сахт аст, ки донишгоҳҳо ба пажӯҳишгарони худ иҷоза бидиҳанд, ки барои таҳқиқот ба Тоҷикистон бираванд ва бахусус барои таҳқиқоти сиёсӣ. “

Яке аз ингуна пажӯҳишгарон Кристиан Блуе, пажӯҳишгари улуми сиёсӣ ва магистри Донишгоҳи Индианаи Амрико, ки масоили ҳуввият, сиёсат ва муноқиша дар Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ мекунад, баъди боздошти Александр Содиқов навишт, ки рӯзи 30-уми июн сиҳату саломат аз Тоҷикистон “берун шудааст.”

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Дар дохили кишвар Шокирҷон Ҳакимов, профессори ҳуқуқ ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, рафтори мақомоти амниятӣ бо Александр Содиқов на танҳо анҷуманҳои илмии ҷаҳон, балки шарикони ғарбии Тоҷикистонро асабонӣ хоҳад кард:

“Паёмади ингуна амали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бевосита боиси нигаронии доираҳои илмӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар мешавад. Вобаста ба чораи пешгирӣ, ки ба шакли ба ҳабс гирифтан буд, инчунин боиси нигаронии созмонҳои мӯътабари ҷаҳонӣ ва кишварҳои мушаххас низ мешавад. “

Дар воқеъ Бритониё ва тамоми кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, ки барои ислоҳоти иқтисодӣ ва коҳиши фақр ба Тоҷикистон кӯмак мекунанд, амалкарди мақомоти Тоҷикистонро интиқод карда ва гуфтанд, ки аз чунин муносибат бо як муҳақиқ нигарон шудаанд. Бино ба гузоришҳо, Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон низ бо ҳадафи ҷалби ҳимояти сиёсиву иқтисодии Бритониё ба тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва мусоидат дар тақвияти нерӯҳои амниятии кишвар ба Лондон сафар кардааст.

Ник Мегоран, устоди Донишгоҳи Нюкасли Бритониё бо намуна овардани боздошти Александр Содиқов гуфтааст, дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон шаҳрвандони худро ба ин шева аз ҳаққи озодии баён маҳрум мекунанд, кӯмаки Бритониё барои тақвияти нерӯҳои амниятии Тоҷикистон нишонаи бехирадӣ мебуд. Зоҳиран дар мулоқотҳо бо мақомоти баландпояи Бритониё Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон маҷбур шуд, ба суолҳои нороҳаткунанда дар бораи боздошти Александр Содиқов посух диҳад, ки иттиҳомот алайҳи ӯро бофтаву сохта медонанд. Ҷон Ҳезершоу ҳам мегӯяд, ки муҳақиқи ҷавони тоҷик гуноҳе надорад ва маъмурони амниятии нигарон аз вазъи амниятии Хоруғ ба чунин коре даст задаанд:

“Ман мефаҳмам, авзоъ дар Хоруғ бисёр ҳассос аст ва онҳо аз вазъи амниятӣ дар инҷо нигарон ҳастанд. Онҳо аз вазъи Афғонистон дар ташвиш ҳастанд. Ба фикри ман чунин ба назар мерасад, ки онҳо аз тамоми фаъолияҳое, ки дар Хоруғ сурат мегирад, бисёр асабонӣ ҳастанд. Ба фикри ман шояд тақдири Александр бад будааст. Шояд ӯро барои он ҳадаф гирифтанд, ки бисёр асабонӣ ҳастанд ва омодаи ҳастанд, ҳаргуна иқдомро амалӣ кунанд, то ҳамачӣ таҳти назораташон бошад. “

Давлати Тоҷикистон, ки баъди хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ ҳифзи суботу амниятро аз ҳама кори дигар авлотар медонад, баъди муноқишаи хунини соли 2012 дар Хоруғ, ки бештар аз 70 кушта бар ҷой гузошт, ба ҳаргуна амалкарду ҳаракат дар Бадахшон бо шубҳа менигарад ва такрори тирандозиву ва хунрезиву харобкорӣ дар Хоруғ дар моҳи майи имсол мақомотро ба таҳлука андохт, ки вазъ дар ин вилоят бадтар шавад. Аммо дар робита ба қазияи Александр Содиқов, мақомоти расмии Тоҷикистон зиёд сӯҳбат намекунанд ва ҳарчанд нагуфтаанд, ки Александр Содиқов барои кӣ ба қавли онҳо ҷосусӣ мекард, аммо ангушти ишораташон ба сӯи Бритониё аст.

Амирқул Азимов
Амирқул Азимов

Бар изофаи эълони иттиҳомоти расмӣ алайҳи Александр Содиқов, Амирқул Азимов, раиси Кумитаи амният, дифоъ ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Маҷлиси намояндагон гуфт, ки на танҳо муҳаққиқон, балки балки вазиру шахсони баландмақом низ ҷиноят содир мекунанд. Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон низ гуфтааст, ки дар Тоҷикистон касеро бегуноҳ дастгир намекунанд

Унвонҷуӯи Донишгоҳи Торонтои Канада ва муҳақиқи зодаи шаҳри Панҷакентро рӯзи 16-уми июн ҳангоми мулоқоташ бо Алим Шерзамонов, раиси дафтари Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ дастгир карданд. Худи Александр баъдан дар наворе, ки телевизиони Бадахшон намоиш дод, мегуфт, ки фақат ба хотири таҳқиқи заминаҳои ноамнӣ ба Хоруғ рафтааст ва мулоқот бо Шерзамонов ҳам барои таҳқиқ лозим буд.

Ба гуфтаи Ҷон Ҳезершоу, Александр Содиқов бар асоси барномаи илмии “Қудратҳои дар ҳоли эҳё ва ҷилавгирӣ аз низоъҳо” кор мекард, ки ин барнома аз тарафи Донишгоҳи Эксетер амалӣ мешавад. Дар ин миён баъзеҳо ҳадс мезананд, ки мумкин аст, сарнавишти Александр Содиқов мисли сарнавишти Урунбой Усмонов, хабарнигори Би Би Си дар Тоҷикистон хоҳад шуд, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон соли 2011 ӯро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмони ифротгарои Ҳизб Ут Таҳрир боздошт карданд, вале зери фишори ҷомеаи байналмилалӣ ва аз ҷумла ҳукумати Бритониё маҷбур шуданд, иттиҳомоти ӯро тағйир дода ва дар ниҳоят аз зиндон озод кунад.

Ҷон Ҳезершоу, низ изҳори умедворӣ кард, ки парвандаи Александр Содиқов, корманди собиқи созмонҳои байналмилалие ба мисли ЮНИСЕФ ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон дурусту бетарафона тафтиш мешавад ва ӯ ба назди зану фарзандаш, ки дар Душанбе ҳастанд, бармегардад.

Ба гуфтаи Ҷон Ҳезершоу, агар Александр Содиқов озод шавад, мумкин аст, ки доираҳои илмӣ ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро идома диҳанд. Вале дар оянда бо назардошти сарнавишти Александр пажӯҳишгоҳу анҷуманҳои илмӣ бешак пеш аз фиристодани муҳақиқе ба Тоҷикистон хуб андеша мекунанд.

XS
SM
MD
LG