Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сникерс" чаро "Сникер" шуд?


Баҳсҳои сармоягузорони хориҷӣ ва ширкатҳои маҳаллӣ дар додгоҳҳои Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

Мазмуни аксари баҳсҳои сармоягузорони хориҷӣ бо шарикони тоҷикашон асосан бар сари иҷро нашудани шартнома ва фиребкорӣ будааст. Ҳарчанд мақомот баҳсҳои додгоҳиро ҳамчун намунаи даъвоҳои маданӣ як падидаи маъмулӣ арзёбӣ мекунанд, таҳлилгарон мегӯянд баҳсҳои зиёди додгоҳӣ сармоягузоронро аз ҳамкорӣ бо ин кишвар дилсард мекунад.

"Марс аз рақобати бевиҷдона ба додгоҳ шикоят бурд"

Яке аз сабабаҳои зиёд шудани баҳсҳо бо иштироки ширкатҳои хориҷӣ албатта бисёр шудани ҳамкориҳо, бештар шудани ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон аст ва ин ҳам метавонад боиси бештар гардидани баҳс гардад

Баҳси ширкати “Марс-Инкорпорейтед” (ИМА) бо як ширкати маҳаллӣ аз ҷумлаи 11 даъвоест, ки дар соли равон ба додгоҳҳои иқтисодии кишвар ворид шудааст. Ин ширкати амрикоӣ шикоят кард, ки ҶДММ “Ориё-таъминот” аз тамғаи молии “Сникерс” сӯистифода кардааст. Ба қавли масъулини ширкати амрикоии “Марс-Инкорпорейтед” , амалкарди ширкати тоҷикистонӣ “рақобати бевиҷдонона” аст.

Додгоҳи олии иқтисодӣ низ муайян кардааст, ки ҶДММ “Ориё-таъминот” аз Ҷумҳурии Узбекистон ғайриқонунӣ маҳсулоти қаннодиро бо тамғаи “Сникер” ворид карда, танҳо бо ҳазфи як ҳарфи охир, тамғаи молии ширкати “Марс”-ро ба нафъи худ истифода бурдааст. Дар ниҳоят додгоҳ низ қарори худро ба нафъи ширкати амрикоӣ содир кард ва ҶДММ “Ориё таъминот”-ро водор кард, ки аз амали худ ба ҳайси "рақобати бевиҷдон" даст кашад.

Аммо ширкатҳои хориҷӣ ва сармоягузорон на дар ҳама ҳолат муваффақ мешаванд ҳақ будани худро дар додгоҳҳои Тоҷикистон собит кунанд. Ҳолатҳои зиёди дар баҳсҳои додгоҳӣ мағлуб ва ҳатто амволашонро дар Тоҷикистон аз даст додани ширкатҳои хориҷӣ расонаӣ шудааст. Аз ҷумла ширкатҳои мобилӣ чандин маротиба баҳсҳои додгоҳии худро бо Кумитаи андоз бохта буданд.

На ҳама муваффақ мешавад

Аммо дар ин миён танҳо сармоягузорони хориҷӣ нестанд, ки коршарикони тоҷики худро ба додгоҳ мекашанд. Дар бархе маворид, соҳибкорони тоҷик ҳам сармоягузорони хориҷиро ба фирекборӣ муттаҳам карда аз болояшон ба додгоҳ шикоят мекунанд.

Аз ҷумла, корхонаи “Заводи пахтаи Беҳзод” ширкати туркии “Гиласинлар Тексил”-ро ба додгоҳ кашида, талаб кардааст, ки шарики туркаш маблағи қарзашро пардохт кунад.

Тоҷирони чинӣ дар яке аз бозорҳои Душанбе
Тоҷирони чинӣ дар яке аз бозорҳои Душанбе

Баҳси мазкур феълан дар Додгоҳи олии иқтисодӣ идома дорад ва маълум нест, ки то куҷо мерасад. Масъулини ин ширкатҳо мегӯянд, то анҷоми барраси судӣ намехоҳанд дар ин бора суҳбат кунанд.

Аммо як мақоми наздик ба парванда ба Радиои Озодӣ гуфт, корхонаи "Заводи пахтаи Беҳзод" коршарики туркашро ба он муттаҳам мекунад, ки 100 ҳазор сомонӣ маблағашро бозпас надодааст. Аммо ширкати туркӣ ин иддаоро дар додгоҳ рад карда гуфтааст, баръакс барои харидории пахта ба шарики тоҷикаш маблағи барзиёд пардохт кардааст.

"Вақте ҳамкориҳо зиёд шуд, баҳсҳо низ афзоиш меёбад"

Дар ним соли аввали соли равон додгоҳҳои иқтисодии Тоҷикистон 11 баҳси шаҳрвандони хориҷиро, ки аксарашон сармоягузор мебошанд, баррасӣ кардаанд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта чаҳор адад бештар будааст. Бо инки соҳибкорон ва ҳам коршиносон зиёд шудани баҳсҳои додгоҳиро падидаи нохуб барои ҷалби сармоягузорӣ медонанд, мақомоти тоҷик андешаи дигар доранд.

Содиқ Шоҳназаров, мушовири калони бахши ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ дар ҳошияи як нишаст ба Радиои Озодӣ гуфт, бо бештар шудани ҳамкориҳо баҳсҳо низ зиёд мешавад.

Содиқ Шоҳназаров, мушовири калони бахши ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ
Содиқ Шоҳназаров, мушовири калони бахши ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ

Ӯ афзуд: “Яке аз сабабаҳои зиёд шудани баҳсҳо бо иштироки ширкатҳои хориҷӣ албатта бисёр шудани ҳамкориҳо, бештар шудани ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон аст ва ин ҳам метавонад боиси бештар гардидани баҳс гардад.”

Мақомот мегӯянд, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ воридоти умумии сармояи хориҷӣ 3,3 миллиард сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,8 фоиз зиёд мебошад. Соли 2017 дар Тоҷикистон 361 ширкат бо сармояҳои хориҷӣ кор мекарданд.

Сармояи хориҷӣ - асосан чиниву русӣ - ба Тоҷикистон ғолибан барои бахшҳое чун саноати куҳӣ, бонкдорӣ, энергетика ва истеҳсоли семент маблағгузорӣ шудааст. Корхонаҳои бузурге мисли «Зарафшон», «Покрут», ду неругоҳи Сангтуда, «Хуаксин Ғаюр семент» ва ғайра бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекунанд.

“Пули хориҷиҳо бе дарди миён аст?”

Тоҷикистон чанд сол аст, ки барои ҷалби сармоягузорӣ талош дорад ва ин корро як роҳи асосӣ барои рушди иқтисоди кишвар медонад. Коршиносон бо ишора ба ин вазъ мегӯянд, барои ҷалби сармояи бештар нахуст бояд заминаҳои зарурӣ гузошта шавад. Аз ҷумла, таҳлилгарон мегӯянд, аввал ақидаи нодурусти "пули хориҷиҳо зиёд аст ва камтар фиреб додан зарар надорад"-ро бояд аз байн бурд.

Наим Сафаров, ки таҷрибаи беш аз 20 соли кор дар ширкатҳои хориҷии муқими Тоҷикистонро дорад, мегӯяд, маҳз ҳамин андешаи нодуруст боиси сар задани баҳсҳои зиёди додгоҳӣ мешавад. Ба қавли ин коршиноси тоҷик, роҳбарони бархе ширкатҳои тоҷикӣ баъди имзои қарордод ва гирифтани маблағ талош мекунанд, ки аз иҷрои уҳдадорӣ фирор кунанд.

“Он соҳибкороне, ки шарики хориҷии худро фиреб медиҳанд, андеша намекунанд, ки бо ин кори худ обрӯи кишварро дар назди сармоягузорони хориҷӣ паст мекунанд. Вақте як ширкати хориҷӣ дар дохил фиреб мехӯрад, таҷрибаи ӯ метавонад чанд сармоягузори дигарро аз омадан ба кишвар боздорад. Эътимод ба коршарик барои сармоягузори хориҷӣ чизи асосӣ аст. Чун дигар сармоягузорон метарсанд, ки мо ҳам фиреб мехӯрем. Баъзе соҳибкорони тоҷик андеша доранд, ки пули хориҷиҳо зиёд аст ва агар фиреб диҳем ҳам, аз онҳо чизе кам намешавад”.

Зимнан баҳси додгоҳӣ ягон мушкиле нест, ки сармоягузорон аз он норозигӣ мекунанд. Гарон будани андоз, тафтишҳои зиёди сохторҳои назоратӣ ва андоз, вуҷуди фасод ва ришвахорӣ аз монеаҳои дигаре дар роҳи сармоягузорони хориҷӣ гуфта мешавад.

Дар ду соли охир ширкатҳои русӣ аз забони сафири ин кишвар дар Душанбе Игор Лякин Фролов ва ширкатҳои кишварҳои аврупоӣ тавассути Ҳидоят Бишчевич, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз мизони баланди андоз, ҷаримаҳои ҳангуфт ва “зуд-зуд иваз шудани қоидаҳои бозӣ” шикоят карда буданд.

XS
SM
MD
LG