Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон маҳдудияти сафар ба Бадахшонро лағв кардааст


Бо гузашти ду моҳ аз амалиёти вижаи нерӯҳои ҳукуматӣ дар Бадахшон, ба хориҷиҳо иҷозаи сафар ба минтақа дода шудааст.

Давлати Тоҷикистон, ки замони нооромиҳо дар шаҳри Хоруғ, сафар ба вилояти Бадахшонро мамнӯъ карда буд, ҳафтаи гузашта дигарбора ба дипломатҳо, мақомоти хориҷӣ ва сайёҳон иҷоза додааст, то ба ин вилоят сафар кунанд.

Ба дунболи ин, сафорати Амрико дар Душанбе маҳдудияти сафари амрикоиён ба Бадахшонро лағв карда ва айни замон ба онҳо тавсия додааст, зимни сафар ба ин минтақа бисёр эҳтиёткор бошанд. Тавсияномаи мазкур дар саҳифаи сафорати Амрико дар Душанбе нашр шудааст.

Аммо сафорати Бритониё дар Душанбе аз шаҳрвандони он кишвар хостааст, ҳамчунон аз сафар ба Бадахшон парҳез кунанд, зеро вазъ дар вилоят пас аз амалиёти нерӯҳои қудратӣ чандон тағйири зиёд накардааст. Ба гуфтаи сафорати Бритониё “танишҳо дар вилоят ҳамчунон зиёд аст, агарчӣ дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба минтақа ба ҳадде фӯру нишастаанд.”

Ҳафтаи гузашта гурӯҳе аз сафирони Иттиҳодияи Аврупо, аз ҷумла Бритониё, ба хотири ошноӣ бо вазъ дар Бадахшон ба Хоруғ сафар карданд.

Сафар ба вилояти Бадахшон дар моҳи июл баъди оғози амалиёти нерӯҳои қудратии Тоҷикистон дар вилоят мамнӯъ шуд. Амалиётро баъди қатли Абдулло Назаров, сардори раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар Бадахшон ва бо ҳадафи дастгирии омилони қатли ӯ анҷом доданд, ки дар натиҷа 13 корманди ниҳодҳои қудратӣ ва 30 нафар аз гурӯҳҳои мусаллаҳ кушта шуд.

Баъд аз ин ҳодисаҳо, ҳазорон нафар аз сокинони шаҳри Хоруғ тазоҳурот карданд, зеро ба гуфтаи онҳо, мақомоти интизомӣ метавонистанд, гунаҳкорони қатли генералро метавонистанд, бе ҷангу хунрезӣ дастгир кунанд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG