Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Суғуртаи ихтиёрӣ"-и муаллимон дар Хатлон


Дар вилояти Хатлон тамоми омӯзгорони макотиби миёна ба “суғуртаи ихтиёрӣ” ҷалб шуда қарор аст ин раванд дар оянда талабаҳои макотибро низ фаро бигирад.

Аҳолии вилояти Хатлон аз бима шудани хонаву амҳол ва гову мол хабар дошт, аммо аксар намедонистанд, ки инсон низ бояд бима шавад.

Масъулияти бима шудани омӯзгоронро идораи маорифи вилоят бар дӯш гирифтааст. Ҳалим Зоҳиров, як масъули раёсати маориф ва илми ин минтақа рӯзи сешанбеи 18 ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ дар ҳоле, ки ба маҷбурӣ набудани ин раванд таъкид мекард, гуфт дар чанд рӯзи ахир 200 тан аз омӯзгорони мактабҳои ин минтақа бима шудаанд. Бимаи яксола 20, ё чизе бештар аз 4 доллар буда, вале бимасупоранда дар сурати садама ва осеби ҷисмонӣ дидан аз идораи бима 1000 сомонӣ ва ё ҳуддуи 200 доллар дарёфт мекунад.

Ҷаноби Зоҳиров мегӯяд,омӯзгорон барои бима шудан хоҳишмандӣ нишон надоданд, аммо вақте аҳамияти онро шарҳ додем, қонеъ шуданд ва худро бима карданд: “Суғурта ихтиёрӣ аст, ки дар сурати осебе дидан ё шикастани пою даст идораи суғурта кӯмак мекунад. Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон намояндагони мо омӯзгоронро мефаҳмонанд, ки онҳо суғурта мешаванд.”

Дар ҳоле, ки намояндаи маориф бимаоро як амали ихтиёрӣ шарҳ дод ва гуфт, ки ҳеҷ кас маҷбур нест ин корро ғаййриихтиёри худ анҷом диҳад, аммо бархе аз омӯзгорон рӯзи гирифтани маош диданд, ки бидуни огаҳӣ бима шудаанд. Яке аз омӯзгорон, ки нахост номаш ошкор шавад гуфт, вақте сабаби кам будани моҳонаашро аз ҳисобдор пурсидаст, ба ӯ гуфтанд, ки 20 сомон бимапулӣ аст: “Маоши мо аз идораи молия якбора гузаронида мешавад, омӯзгори бечора бехабар аз ин, ки суғурта мешавад.”

Аммо Рустам Сафаров, як сокини вилояти Хатлон мегӯяд, ки суғуртаи саломатӣ барои омӯзгорон, ки сатҳи зиндагияшон паст аст, пешниҳоди хубе аст, ҳарчанд ин табақа ба гирифтани пули суғурта бовар надоранд. Шаҳрвандон ба ибтикорҳое мисли бима чандон бовар надоранд, зеро буданд мавридҳое, ки онҳо натавонистаанд бимаи хонаи сухта ва ё селбурдаи худро бозпас бигиранд.

Аммо Раҷабали Тағоев, раҳбари ширкати “Суғуртаи давлатӣ” мегӯяд, “мо касеро маҷбур намекунем, бо роҳи фаҳмондадиҳӣ даъват мекунем, вале гоҳо афроде пайдо мешавад, ки мегӯяд, ки чаро пули кам медиҳед. Охир дар хориҷ одамҳо то 500 долар суғурта месупоранд ва бимапулии хуб мегиранд. Бояд ин фарқиятро фаҳманд.”

Масъулони идораи суғурта ва маорифи Хатлон мегӯянд, баъд аз омӯзгорон навбат ба хонадаҳо мерасад ва онҳо низ “ихтиёран” саломатии худро бима мекунанд. Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор омӯзгор ба ҳудуди 600 ҳазор хонанда дарс мегӯяд.

XS
SM
MD
LG