Мубин Эргашев, мураббии маъруфи футболи тоҷик, соҳиби муҷаввизи дараҷаи “PRO” УЕФА шуд.
Мубин Эргашев, сармураббии “Истиқлол”-и Душанбе ва иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ки имтиҳонҳоро бомуваффақият супурд, соҳиби муҷаввизи дараҷаи “PRO” УЕФА гардид.
Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи футболи “Истиқлол”, рӯзи 21-уми декабр хабар дод. Ӯ афзуд, “барои гирифтани муҷаввизи мураббигии дараҷаи “PRO” УЕФА мутахассиси 42-солаи тоҷик дар муддати як сол дар курсҳои мураббигии Академияи маҳорати мураббигии Иттиҳодияи футболи Русия таҳсил намуд. Ҳангоми таҳсил Мубин Эргашев дар якчанд сессияҳои таълимӣ, ки аз машғулиятҳои назариявию амалӣ иборат буданд, ширкат дошт. Ӯ дар доираи ин курсҳо тобистони соли равон барои таҷрибаомӯзӣ ба дастаи «Валенсия»-и Испания фиристода шуда буд.”
Ба гуфтаи ҷаноби Ҳакимов, даври ниҳоии омӯзиш дифои кори дипломӣ буд. Ҳар як довталаби муҷаввизи дараҷаи «Pro» дар назди ҳамкасбон ва аъзои кумиссиюн дар мавзӯи пешакӣ интихобкардааш маърӯза мекард. Мавзӯи кори дипломии Мубин Эргашев «Тамоюли инкишофи футболи муосир» буд.
Дипломи хатми омӯзиш ва муҷаввизи «Pro» УЕФА-ро ба Мубин Эргашев собиқ футболбози машҳури «Спартак»-и Маскав, феълан ноиби аввали президенти Иттиҳодияи футболи Русия Никита Симонян супурд.
Дар замони истиқлоли Тоҷикистон Мубин Эргашев аввалин мутахассиси тоҷик аст, ки ба гирифтани ин муҷаввизи мураббигии пурнуфузтарин дар ҷаҳон мушарраф шудааст.
Мубин Эргашев барои дувумин бор аст, ки паиҳам беҳтарин мураббии сол дар Тоҷикистон эътироф мешавад. Таҳти раҳбарии ӯ«Истиқлол» солҳои 2014-2015 ҳашт ҷоиза – ду бор ҷоми Федератсияи футболи кишвар, Ҷоми олӣ ва Ҷоми Тоҷикистон, инчунин Ҷоми қаҳрамониро ба даст овардааст. Ба ҷуз ин, соли равон «Истиқлол» бо сарварии ӯ ба бозии ниҳоии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё), ки аз рӯи моҳият дувумин мусобиқаи бошгоҳии Осиё маҳсуб мешавад, роҳ ёфт.