Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бо бозии мавқуфгузоштаи даври ҳаждаҳум байни тимҳои «Барқчӣ»-и Душанбе ва “Ҳосилот”-и Фархор ба поён расид.
Ин бозии охирини мусобиқаи имсолаи лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки рӯзи 14-уми ноябр дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе барпо гардид, бо пирӯзии дастаи мизбон – “Барқчӣ” – бо ҳисоби 3:1 хотима ёфт. Ҳисобро дар ин дидор Сӯфишариф Шарифов, бозигари “Ҳосилот”, дар дақиқаи 21-ум боз кард. Баъди 11 дақиқа Кароматулло Саидов, ҳамлагари “Барқчӣ”, аз пеналтӣ ҳисобро баробар намуд. Дар нимаи дувуми бозӣ Амирҷон Сафаров ва Нуриддин Ҳамроқулов ба дарвозаи меҳмонон ду гол зада, бозиро ба нафъи душанбегиҳо анҷом доданд.
Ин пирӯзӣ ба дастаи “Барқчӣ” имкон дод, ки дар ҷадвали мусобиқа ду зина боло шуда, бо 29 имтиёз мақоми чаҳорумро касб намояд.
Ба ин тартиб, дар мусобиқаи 25-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки бо 45 имтиёз мақоми аввалро касб кард, бо Ҷоми қаҳрамони Тоҷикистон ва медалҳои тилло мукофотонида шуд.
Дастаи “Ҳосилот”-и Фархор, ки бо 37 тимтиёз мақоми дувумро ишғол намуд, соҳиби медалҳои нуқра гардид. Тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ки бо 32 имтиёз мақоми севумро азони худ кард, барандаи медалҳои биринҷӣ шуд.
Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари “Истиқлол”, ки дар бозиҳои мусобиқаи имсолаи лигаи олӣ ба дарвозаи рақибонаш 22 тӯб задааст, ба мисли мавсими соли гузашта бо ҷоизаи “Беҳтарин нишонзан” мукофотонида мешавад.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ниҳоии мусобиқаи 25-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ
Б Ғ М Б Т И
- “Истиқлол” (Душанбе) 18 14 3 1 67-20 45
- “Ҳосилот” (Фархор) 18 11 4 3 40-16 37
- “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) 18 10 2 6 36-23 32
- “Барқчӣ” (Душанбе) 18 9 2 7 32-25 29
- “Хайр” (Ваҳдат) 18 8 5 5 29-25 29
- ССКА “Помир” (Душанбе) 18 8 3 7 23-16 27
- Хуҷанд” (Хуҷанд) 18 8 1 9 22-37 25
- “Вахш” (Қӯрғонтеппа) 18 5 3 10 21-39 18
- “Равшан” (Кӯлоб) 18 2 3 13 17-50 9
- “Парвоз” (Б.Ғафуров) 18 1 2 15 14-50 5
Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 22 тӯб, Комил Саидов («Барқчӣ»/«Ҳосилот») – 12 тӯб, Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ») – 10 тӯб.
Мо ба кӯдакони худ Қуръон ро омӯзем ва ба дин шиноси ҷалб кунем иншоаллоҳ ин дар ояндаи кӯдак хеле фоидаовар мебошам ҳам барои падару модар ҳам барои охирати кӯдак. Афсӯс қонуне тасвиб шуд ки ин ҳам ба охирати кӯдак ҳам барои падару модари кӯдак зид мебошад яъне то 18 ба масҷид рафтан маън аст астағфируллоҳ мо ҳамаамон мемурем бояд ай Аллоҳ тарсем чун мо мусулмон ном дорем мусулмон ҳастем вале афсӯс намефаҳман ҳукуматдорон
Дар ин миллат мушохида кунед ин давлат на ин, ки 10-сол 30-сол шуд аз ухдаи тарбия ва таълим баромада тонист на падару модар, бахшиш хама фарзанд доред мушохида карда бошед назари худро нависед, шахсан ман натавонистам.
Тааччубовар дар он ки мардум мехаранд бо хамин нарх. Значить пул доранд, бою бадавлатанд.
САЛОМ БА ОЗОДИ ХОҲОНИ ОЗОДИ !АЗ РУЗЕ КИ ҚОНУН БАРОМАД, КУДАКОН ВАҲШИ ГАШТАНД , НОГУФТА НАМОНАД ; ҶАВОНОНЕ БУДАНД КИ АЗ ВОЛИДАЙН НЕ БАЛКИ ТАРБИЯ РО АЗ МАСҶИД ОМУХТАНД ' ХУДО ТАРС ШУДАНАШОН ОНҲО РО ВОДОР СОХТ ТО ЭҲТИРОМИ ВОЛИДАЙНУ УСТОДОНИ ХУДРО Ё ҲАҚҚИ ҲАМСОЯ ГАРИ ВА ХЕШУТАБОРИ РО БАҶО БИЁРАНД , ИН ҚОНУН КАЙҲО БОЯД ДИГАР МЕШУД . ТАШАККУР
Ваъда хилофӣ барои баъзеҳо ифтихор ва обуруй ба ҳисоб меравад. Мардуми осиёи миёна мард ҳастан нисбат ба ғарбиҳо ва ғайра бо номард набояд музокира кард. Миллати тоҷик ҳушёр бошед, ки ғарб мороҳам мисли худашон накунанд бо ин ҳама таблиғи расона. Мо мард ҳастем ва мард хоҳем рафт.