Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мубориза барои унвони қаҳрамони Тоҷикистон идома дорад


Рӯзҳои 17-ум ва 18-уми ноябр бозиҳои даври 26-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ бар «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуд. «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дастаи меҳмон - «Гвардия»-и Душанберо бо ҳисоби бузурги 11-0 шикаст дод.

«Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар бар «Ҳосилот»-и Фархор бо ҳисоби 5-0 пирӯз гашт. «Хайр»-и Ваҳдат дар сафар бар «Истаравшан»-и Истаравшан бо ҳисоби 2-1ғолиб омад. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа аз дастаи меҳмон - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 3-4 мағлуб гардид.

Ба ин тартиб, панҷ даста - «Хайр», «Вахш», «Ҳосилот», «Гвардия» ва «Зарафшон» бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистонро ба охир расонданд. То анҷоми мусобиқаи имсолаи Лигаи олии кишвар панҷ бозии мавқуфгузошта боқӣ мондааст, ки рӯзҳои 22-юм, 25-ум ва 29-уми ноябр баргузор мешаванд.

Мусобиқаи Лигаи олӣ 29-уми ноябр бо бозии охирин миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Равшан”, ки дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо мегардад, ба поён мерасад.

Барои унвони қаҳрамони Тоҷикистон ду дастаи пешсаф - «Равшан» ва «Регар-ТадАЗ» талош доранд. “Равшан” бо 59 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифтааст. “Регар-ТадАЗ" бо 58 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. «Хайр», ки бозиҳояшро ба охир расонд, бо 52 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудааст. «Истиқлол», ки бо 47 имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст, барои дарёфти медалҳои биринҷӣ дар се бозии мавқуфгузошта бояд шаш имтиёз ба даст орад.

Натоиҷи бозиҳои даври 26-ум:

17-уми ноябр (шанбе)

«Хуҷанд» (Хуҷанд) - «Энергетик» (Душанбе) – 2-1
Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак».
Голҳо: Арий Элайҷа, 28 – ба дарвозаи дастааш (1:0). Анвар Норқулов, 32 (2:0). Арий Элайҷа, 43 (2:1).

18-уми ноябр (якшанбе)

«Вахш» (Қӯрғонтеппа) - «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – 3-4
Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».
Голҳо: Нодирбек Маъмиров, 21 (0:1). Назиршо Ризомов, 24 (1:1). Ғайрат Абдураззоқов, 28 (1:2). Суннатулло Холов, 37 (2:2). Нодирбек Маъмиров, 41 (2:3). Даврон Тухтасунов, 73 (2:4). Рустам Усмонов, 80 (3:4).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Гвардия» (Душанбе) – 11-0
Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».
Голҳо: Комил Саидов, 11 (1:0). Фаррух Чориев, 17 (2:0). Аҳтам Ҳамроқулов, 45+1 (3:0). Аҳтам Ҳамроқулов, 47 (4:0). Хуршед Маҳмудов, 57 (5:0). Комил Саидов, 62 (6:0). Комил Саидов, 70 (7:0). Сайриддин Ғаффоров, 71 (8:0). Комил Саидов, 78 (9:0). Комил Саидов, 83 (10:0). Акмал Сабуров, 89 (11:0).

«Ҳосилот» (Фархор) - «Истиқлол» (Душанбе) – 0-5
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 45, (0:1), Дилшод Восиев, 47, аз пеналтӣ (0:2), Маҳмадалӣ Содиқов, 64 (0:3), Нуриддин Давронов, 77 (0:4), Иброҳим Рабимов, 86 (0:5).

«Истаравшан» (Истаравшан) - «Хайр» (Ваҳдат) – 1-2
Ҷаббор Расулов, Варзишгоҳи “Ҷавонӣ».
Голҳо: Беҳзод Турдиқулов, 70 (1:0). Мирзобек Мирзоев, 73 (1:1). Мирзобек Мирзоев, 87 (1:2).
Мирзобек Мирзоев («Хайр») дар дақиқаи 17 –ум тӯбро аз пеналтӣ ба сутуни дарвоза зад.

Ёдовар мешавем, ки даври 26-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи 15-уми ноябр бо бозӣ миёни дастаҳои “Зарафшон”-и Панҷакент ва “Равшан”-и Кӯлоб шурӯъ шуда буд. Ин бозӣ, ки бар асоси тақвими мусобиқа мебоист 18-уми ноябр баргузор мешуд, бо хоҳиши ҳар ду даста ва розигии Федератсияи футболи Тоҷикистон се рӯз пеш дар варзишгоҳи “Авиатор”-и шаҳри Душанбе барпо гардид. Бозӣ бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи “Равшан” хотима ёфт. Голҳоро Девид Мауто (дақиқаи 10-ум), Соломон Течи (21-ум) ва Ҳусейни Моҳрухӣ (68-ум) заданд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И

1.

Равшан» (Кӯлоб)

23

19

2

2

49-9

59

2.

«Регар-ТадАЗ” (Турсунзода)

23

18

4

1

75-16

58

3.

«Хайр» (Ваҳдат)

24

16

4

4

45-27

52

4.

«Истиқлол» (Душанбе)

21

14

5

2

60-11

47

5.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

23

10

4

9

47-35

34

6.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

24

9

4

11

31-24

31

7.

ССКА “Помир” (Душанбе)

23

8

6

9

26-23

30

8.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

23

8

6

9

29-34

30

9.

«Энергетик» (Душанбе)

23

7

6

10

35-29

27

10.

«Истаравшан” (Истаравшан)

23

7

4

12

32-44

25

11.

«Ҳосилот» (Фархор)

24

4

2

18

18-64

14

12.

«Гвардия» (Душанбе)

24

4

0

20

18-72

12

13.

«Зарафшон» (Панҷакент)

24

1

3

20

21-98

6


Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев ("Истиқлол"), Комил Саидов ("Регар-ТадАЗ») – 20 - голӣ, Аҳтам Ҳамроқулов ("Регар-ТадАЗ") - 18 гол, Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 17 гол.

Бозиҳои мавқуфгузошта:

22-юми ноябр (панҷшанбе)
«Истиқлол» - «Хуҷанд». Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
«Истаравшан» - «Парвоз». Ҷаббор Расулов, Варзишгоҳи “Ҷавонӣ».
ССКА «Помир» - «Регар-ТадАЗ». Душанбе, варзишгоҳи КМВА.

25-уми ноябр (якшанбе)
«Энергетик» - «Истиқлол». Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

29-уми ноябр (панҷшанбе)
«Истиқлол» - «Равшан». Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Бозиҳо соати 14:00 шурӯъ мешаванд.

XS
SM
MD
LG