Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нома ба Рустами Эмомалӣ


Рустами Эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ

Як гурӯҳи мухлисони бошгоҳи футболи “Далерон-Ӯротеппа” дар як номаи саркушода аз раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ хостаанд, ки ба ин бошгоҳ дасти ёрӣ дароз кунад.

Як гурӯҳи мухлисони бошгоҳи футболи “Далерон-Ӯротеппа” дар як номаи саркушода ба унвони раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси шаҳри Истаравшан Наим Набизода хостаанд, ки ин бошгоҳи футболро аз вартаи барҳамхӯрӣ наҷот диҳанд ва нагузоранд, ки сокинони Истаравшан аз имкони тамошои футбол ва мусобиқоти имсолаи лигаи футболи Тоҷикистон аз бошгоҳи пурмухлистаринаш маҳрум шаванд. Дар зери ин нома, ки нусхааш рӯзи 28 март ба дасти Радиои Озодӣ ҳам расид, 51 мухлиси “Далерон-Ӯротеппа” имзо кардаанд.

“Далерон-Ӯротеппа”, ки дар лигаи олии футболи Тоҷикистон аз шаҳри Истаравшан намояндагӣ мекард ва дар мусобиқоти қаҳрамонии соли 2014 сазовори ҷои сеюм ва нишонҳои биринҷӣ шуда буд, ҳафтаи гузашта бо ирсоли номаи расмӣ ба Лигаи миллии футболи Тоҷикистон эълон кард, ки ба далели мушкилоти молӣ дар мусобиқоти имсола ширкат карда наметавонад. Дар пайи ин қарор, ки дар лигаи олии футбол танҳо 10 тимро боқӣ гузошт, қуръакашии бозиҳои мусобиқоти имсола аз нав доир карда шуд.

Мухлисони “Далерон-Ӯротеппа” дар номаи худ ба номи Рустами Эмомалӣ ва ду мақоми дигари баландпоя навиштаанд, ин бошгоҳ тавонист дар муддати ҳамагӣ 3 соли вуҷудаш то мақоми сеюм дар лигаи олии футболи Тоҷикистон бирасад ва дар соли 2015 аз сӯи ҳафтаномаи “Варзиш-Спорт” “Сермухлистарин дастаи сол” эътироф шавад. Муаллифон меафзоянд, мушкилоти даста соли гузашта оғоз ёфта, имсол ба ҳадде расид, ки он ҳатто имкони ширкат дар мусобиқоти лигаи олиро аз даст дод.

Ҳайати "Далерон-Ӯротеппа"
Ҳайати "Далерон-Ӯротеппа"

​ Вале мухлисони “Далерон-Ӯротеппа” мутмаинанд, ки то оғози мусобиқот – 8 апрел – ҳанӯз “барои наҷоти даста аз барҳамхӯрӣ вақт ҳаст.” Онҳо аз Рустами Эмомалӣ, Абдураҳмон Қодирӣ ва Наим Набизода хостаанд, ки ба тақдири сермухлистарин дастаи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир куннад ва "ба нест шудани футбол дар шаҳри бостонию футболдӯсти Истаравшан роҳ надиҳед. Зеро Истаравшан маҳз бо мухлисони сершумору содиқи худ дар футболи тоҷик мақоми хосро ишғол мекунад ва манбаи асосии истироҳати мардуми шаҳр футбол аст. Футбол ягона чизест, ки ҷавононро дар зери як даста, як парчам ва як ном муттаҳиду ҳамовоз мекунад. Дар Истаравшан имрӯзҳо футбол болотар аз варзиш аст.”

Мухлисони “Далерон-Ӯротеппа” ҳамин тавр, нақши ин бошгоҳи футболро дар таблиғи тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолии Истаравшан ва дар амри пешгирии ҷавонон аз гароидан ба гурӯҳҳои ҷиноиву ифротгаро таъкид карда, навиштаанд: “Аз он рӯзе, ки дастаҳои Истаравшан иштирокро дар лигаи олӣ сар карданд, тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ паҳн гардид. Мардуми шаҳр ба варзиш таваҷҷӯҳи зиёд пайдо карданд, сатҳи ифротгароиву ҷинояткорӣ бамаротиб кам шуд. Бешубҳа, аз байн рафтани дастаи сермухлисе чун “Далерон Уротеппа” ба футболи тоҷик зарбаи ҷонкоҳе хоҳад шуда, ин боиси паст шудани таваҷҷӯҳ ба лигаи олии кишвар мегардад ва боз дар ахлоқу мафкураи ҷавонони шаҳр низ таъсири манфӣ мерасонад.”

Ҳафтаи гузашта Парвиз Почокалонов, раҳбари бахши ҷавонон ва варзиш дар ҳукумати шаҳри Истаравшан ба Радиои Озодӣ гуфт, барои таъмини фаъолияти имолаи бошгоҳи футболи “Далерон-Ӯротеппа” солона тақрибан 1,5 миллион сомонӣ, муодили ҳудуди 200 ҳазор доллар лозим аст, вале “имсол ҳукумати маҳаллӣ ба далели масъалаи бӯҳрон мушкилоти иқтисодӣ дорад. Аз тарафи дигар, имсол соҳибкорони маҳаллӣ, ки низ имконоти иқтисодиашон заифтар шудааст, натавонистанд дар маблағгузории бошгоҳи футболи шаҳри Истаравшан моро дастгирӣ кунанд.”

Мухлисони футбол аз майдон рафтани “Далерон-Ӯротеппа”-ро як талафоти дардовар барои футболи тоҷик мешуморанд ва мегӯянд, бо хуруҷи ин тим рақобати бе он ҳам начандон шадид дар лигаи олӣ боз ҳам камрангтар мешавад.

“Далерон-Ӯротеппа” пурмухлистарин тими футболи Тоҷикистон ба шумор мерафт ва дар ҳар бозиаш дар варзишгоҳи шаҳри Истаравшан дастикам 5000 тамошобинро ҷамъ меовард. Ин тим ҳамин тавр, як гурӯҳи бузурги мухлисони содиқе дошт, ки барои тарафдорӣ аз “Далерон” ҳамроҳаш ба шаҳрҳои дигар сафар мекарданд.

6 сол пеш бошгоҳи футболи "Равшан"-и Кӯлоб, ки дар айни вазъи мушкил қарор гирифта, ширкаташ дар мусобиқоти лигаи олӣ зери суол рафта буд, дар пайи дахолати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон наҷот ёфт. Президент Раҳмон вуҷуди бошгоҳи футболро барои шаҳри Кӯлоб муҳим хонда, масъулияти маблағгузории "Равшан"-ро дар он соли барои ин даста хеле мушкил ба домодаш Муҳаммадзоҳир Соҳибов супурд.

XS
SM
MD
LG