Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Резиши шадиди жола дар Душанбе. ВИДЕО


Субҳи имрӯз, 11-уми декабр дар шаҳри Душанбе бориши сахти жола мушоҳида шуд.

Сокинон мегӯянд, чунин бориши сахти жоларо ҳатто дар фасли баҳор мушоҳида накардаанд. Ҳар чанд мақомот аз хисороти ин боришот иттилое надодааст, аммо дар роҳҳо ҳаракати мошинҳо бо сабаби лағжон шудани роҳ то ним соат қатъ гардид.

Жола дар шаҳри Душанбе соати 11.30 дақиқа шурӯъ шуд ва муддати 15 дақиқа идома кард. Кӯчаҳову роҳҳо аз бориши жола сафед шуд.

Маркази обу ҳавосанҷӣ давоми имрӯз резиши боронро пешгӯи кардааст. Ҳамчунин то бегоҳ дар Душанбе ҳавои абрнок ва боронӣ дар назар дошта шудааст. Ҳаво рӯзона то 8 ва шабона 6 дараҷа гарм мешавад.

Давоми даҳ рӯзи оянда дар Душанбе ҳавои абриву боронӣ пешгӯи шудааст.

Резиши шадиди жола дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:57 0:00

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG