Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як умр дар зиндон. Ҳукми боз панҷ зани тоҷик дар Ироқ


Занону кӯдакони тоҷик дар боздоштгоҳе дар Ироқ

Додгоҳи Ироқ боз панҷ зани тоҷикро бо ҷурми узвият дар гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ба ҳабси абад маҳкум кард. Ин занон аз ноҳияҳои Фархору Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ва шаҳри Исфараи вилояти Суғд ҳастанд.

Ба мақомоти зиёд муроҷиат кардам, то бо духтарам ақаллан як дафъа телефонӣ суҳбат кунам. Барои ӯ ва кӯдакаш бисёр месӯзам

Эълони ҳукми Мақсуда ба таъхир афтод

Бар асоси ҳукми додгоҳ, ки рӯзи 30-юми январ содир шуд, Садорат Қурбонова, Мафтуна Маҷидова, Гулрухсор Алиева ва Гулбаҳор Сайфуллоева бо духтараш Маҳфуза Қурбонова то охири умр дар маҳбас хоҳанд монд.

Зубайдулло Зубайдзода – сафири Тоҷикистон Кувайту Ироқ – рӯзи 31-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ хабари ҳукми занони тоҷикро дар Ироқ тасдиқ кард. Ӯ гуфт, дар муҳокимаи додгоҳии занон намояндаи сафорат низ иштирок дошт.

Зубайдулло Зубайдзода
Зубайдулло Зубайдзода

Дипломатҳои тоҷик мегӯянд, дар ҳоли ҳозир эълони ҳукми Мақсуда Ҷахбарова, як шаҳрванди узбекзабони Тоҷикистон, бо далели ёфт нашудани тарҷумон ба таъхир афтодааст. Ин зан аз шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд буда, ду фарзанд дорад.

Додгоҳҳои Ироқ то кунун 43 зани тоҷикро ба муддатҳои тӯлонии зиндон (аз 16 сол боло) ва ҳабси абад маҳкум кардаанд. Дар ин миён чаҳор зани тоҷик ба қатл маҳкум шуда, ҳукми онҳо ҳанӯз ба иҷро надаромадааст.

"Барои духтарам ва кӯдакаш месӯзам"

Саодатмо Тиллоева, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ва модари Садорат Қурбонова, то ба ҳол аз ҳукми духтараш хабар надорад. Қарор аст, мақомот хабарро ба ӯ бирасонанд. Вақте мо ба модари Садорат Қурбонова тамос гирифтем, ӯ ташнаи шунидани хабари хуш дар бораи духтараш буд.

“Шабҳо хоб надорам. Дар бораи ӯ меандешам, ки дар куҷост ва чӣ ҳол дорад. Ба ниҳодҳои зиёд муроҷиат кардам, то бо духтарам ақаллан як дафъа телефонӣ суҳбат кунам. Барои ӯ ва кӯдакаш бисёр месӯзам”, - гуфт ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Саодатмо Тиллоева бори охир панҷ сол пеш бо духтараш тамос доштааст. Тиллоева гуфт, ки духтараш соли 2014 бо даъвати шавҳар ҳамроҳи кӯдаки ҳафтмоҳаи худ ба Сурия рафт.

Ин сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ афзуд, духтараш 28 сол дошт ва баъди хатми синфи 9-ум дигар ба таҳсилаш идома надода буд. Модари Садорат Қурбонова, инчунин, гуфт, дар сурати баргардондани фарзандони духтараш омода аст, онҳоро бипазирад. Ҳамсуҳбати мо айни замон умед дорад, ки духтарашро низ ба Тоҷикистон мефиристанд.

Бо даъват ва ҳамроҳи шавҳар

Тақдири аксари занони тоҷик, ки ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, тақрибан ба сарнавишти Садорат Қурбонова монанд аст. Аксари онҳо ҳамроҳ бо шавҳар ё даъвати онҳо ваё наздикони дигари худ ба минтақаҳои ҷангзадаи Ховари Миёна рафтаанд.

Дар бораи чаҳор зани дигари тоҷик, ки рӯзи 30-юми январ ба ҳабси абад маҳкум шуданд, маълумоти зиёде дар датс нест. Он чӣ маълум аст, Гулбаҳор Сайфуллоева ва духтараш Маҳфуза Қурбонова дувоздаҳ сол пеш аз Тоҷикистон берун рафтаанд. Маҳфуза Қурбонова, соҳиби як фарзанд будааст, ки масъалаи фиристодани ӯ ба Тоҷикистон ба гуфтаи мақомот дар ҳоли баррасӣ аст.

Ҳамин тавр Гулрухсор Алиева, сокини ноҳияи Фархор, ки ба ҳабси абад маҳкум шуд бо худ 5 фарзанд дорад. Мафтуна Маҷидова, соҳиби ду фарзанд буда, аз шаҳри Исфараи вилояти Суғд аст.

Мурофиаи додгоҳии занони тоҷик дар Ироқ аз аввали соли 2018 оғоз шуда буд. Эълони ҳукми занони тоҷик марҳила ба марҳила сурат гирифт.

Занони тоҷик, ки дар узвият ба гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” айбдор мешаванд, баъди озод шудани шаҳри Мавсил ва вилояти Талъафари Ироқ дастгир шуданд. Ин минтақаҳо дар моҳи августи соли 2017 аз тарафи нерӯҳои ироқӣ аз дасти ДИИШ гирифта шуданд.

“95 кӯдак дар интизори бозгашт ба ватан”

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, феълан масъалаи фиристодани фарзандони занони маҳкумшуда ба Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Зубайдулло Зубайдзода – сафири Тоҷикистон дар Кувайту Ироқ гуфт, аз занони маҳкумшудаи тоҷик дар Бағдод 95 нафар фарзанд боқӣ мондааст.

То имрӯз аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ва Салиби Сурх 9 кӯдаки тоҷик аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ ба ватан оварда шуданд.

Аммо масъалаи истирдоди худи занони маҳкумшуда феълан номаълум аст. Ба гуфтаи мақомот, Тоҷикистон бо Ироқ дар заминаи истирдоди зиндониён ҳеҷ шартнома надорад ва нахуст бояд дар ин замина қарордод имзо шавад.

Соли 2014 дар ҳудуди Сурия ва Ироқ гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” хилофати худхонда эълон кард. Тибқи омори ахири мақомоти Тоҷикистон 1899 шаҳрванди кишвар ба сафи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайвастаанд, ки дар миёнашон беш аз 400 зану кӯдак ҳам буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG