Пайвандҳои дастрасӣ

Конибодом. Боздошти 5 сарбоз ба иттиҳоми говдуздӣ


Мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд мегӯянд, ки панҷ сарбози вазорати дифои Тоҷикистонро ба иттиҳоми дуздӣ, боздошт кардаанд.

Панҷ сарбози як қисми ҳарбӣ дар Конибодом ҳамроҳи 3 сокини оддӣ бо иттиҳоми дуздии чорпову моли мардум боздошт шудаанд. Пулиси Конибодом ин гурӯҳро, ки 5 нафари онҳо сарбозони қисми низомии вазорати мудофиа дар ин маҳал ҳастанд, дар пайи шикояти сокинон дастгир кардаанд.

Як манбаъ аз шӯъбаи корҳои дохилии Конибодом дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки зимни тафтиши аввалия чанд гови сокинон, ки аъзои ин гурӯҳ дуздида, ба одамони дигар савдо зада буданд, дарёфт ва ба соҳибони аввалашон баргардонида шудааст. Ҳамчунин, ин сарбозон ба дуздии беш аз 400 литр бензин ва сӯзишвории дизелӣ аз анбори як сокини шаҳри Конибодом айбдор шудаанд.

Пулиси Конибодом нисбат ба ин афрод мутобиқи банди 244 – “дуздӣ“ и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз карда, парвандаи 5 сарбозро ҷиҳати тафтиш дар ихтиёри додситонии ҳарбии вилояти Суғд гузоштааст.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG