Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии ҳалкунанда: Панҷ вижагии интихоботи парлумонии Украина. ВИДЕО


Раъйдиҳандагони украинӣ бори дигар овоз доданд ва ин навбат садои онҳо боз ҳам баландтар садо дод: онҳо гуфтанд, ки хостори тағйирот ҳастанд.

Се моҳ баъди дар интихоботи президентии Украина пирӯз шудани ҳаҷвнигор Владимир Зеленский, ҳизби сиёсиаш раванди пешгирифтаи ӯро идома дода, ба назар мерасад, дар интихоботи парлумонии 21 июл пирӯзии ҳамаҷониба ба даст овард.

Ҳизби “Хидматгори халқ”-и Зеленский, ки номаш аз филми бадеии пешазинтихоботии ин ҳунарпешаи собиқ гирифта шудааст, бо ваъдаҳои решакан кардани фасод, ислоҳи вазъи иқтисодӣ ва хатми низои мусаллаҳона бо ҷудоиталабони рӯ ба Русия дар шарқи Украина ба майдон ворид шуд. Пешгӯиҳои экзит-пол ё пурсишҳои сареи баъдиинтихоботӣ бар ин аст, ки ин ҳизб 44 дарсади овозҳоро ба даст меорад. Комиссиюни марказии интихоботҳо гузориш дод, ки 50 дар сади протоколҳои овоздиҳӣ бар асоси феҳрастҳои ҳизбӣ ҳисоб шудааст ва қарор аст то охири ҳафтаи ҷорӣ натиҷаҳои овоздиҳии номзадҳои инфиродӣ ҳам нашр шавад. Интизор намеравад, ки натиҷаҳои ниҳоӣ тавофути куллие дошта бошанд.

Рисолати азим барои ислоҳоти калидӣ

Ҳанӯз дақиқ маълум нест, ки аъзои ҳизби “Хидматгори халқ” чӣ миқдор курсиҳои маҷлисро дар парлумони нав соҳиб мешаванд. Вале аз ҳоло маълум аст, ки ин ҳизб барандаи аслии интихобот шуд ва бояд барномаи калони ислоҳотро амалӣ кунад. Дар миёни ин ҳадафҳо “хатми ҷанг, бозгардони украиниҳои ҳабсшуда аз Русия ва решакан кардани фасод” мебошад.

Айварас Абромавичиус, собиқ вазири иқтисоду савдо ва як муттафиқи Зеленский хабарҳои охирро “хеле умедворкунанда” номид.

Тимоти Эш, як таҳлилгари воқеъ дар Лондон ба сармоягузорон дар паи нашри нахустин натиҷаҳо навишт: “Пирӯзӣ барои ислоҳот – наздики се чаҳоряки раъйдиҳандагон аз ислоҳоти рӯ ба Ғарб ва ҳизбҳои ислоҳотталаб ҷонибдорӣ карданд”.

Худи Зеленский гуфт, ки дар миёни тарҳҳои нави қонуне, ки бояд дар парлумон баррасӣ шавад, аз масунияти ҷиноӣ озод кардани қонунгузорон ва мушаххас кардани шароити импичмент ё адами эътимод ба президент мебошад.

"Хидматгори халқ" дар интихоботи Украина пешсаф шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00

Муомила барои эҷоди эътилоф

Бо ин ки ҳизби Зеленский раъйи зиёд ба даст овард, боз ҳам ин натиҷаҳо барои ташкили ҳукумат кифоят намекунад. Таҳлилгари маркази Карнегӣ барои сулҳ Балатс Ярабик мегӯяд, “ҳадафи онҳо барои ба даст овардани тамоми қудрат амалӣ нашуд” ва ҳоло онҳо “бояд ба муомила пардозанд”. Ӯ гуфт, ин чиз барои демократияи Украина “хеле хуб аст”. Святослав Юраш як фаъоли Евромайдон аст, ки дар 23-солагӣ ҷавонтарин узви парлумон шуд. Ӯ дар сӯҳбат бо Бахши Украинии Радиои Озодӣ гуфт, ба хотири расидан ба ислоҳоти бунёдӣ онҳо бояд бо дигар гурӯҳҳои парлумонӣ ҳамкорӣ кунанд. Ӯ гуфт, барои дастёбӣ ба тағйироти конститутсионӣ, аз се ду ҳиссаи овозҳо лозим аст.

Баъди эълони натиҷаҳои интихобот Зеленский нахуст аз ҳизби “Ҳолос” (“Садо”) даъват кард, ки барои таъсиси эътилофи парлумонӣ ба онҳо ҳамроҳ шавад. Бар асоси натиҷаҳои экзит-пол, “Ҳолос” 6,3 дарсади овозҳоро ба даст овардааст. Святослав Вакарчук, як овозхони рок ва пешвои ҳизби “Ҳолос” дар бораи эҳтимоли пайвастанаш ба эътилоф чуниин гуфт:

“Тамоми нирӯҳое, ки барои Украина сарнавишти рӯ ба Аврупо ва дурнамои рӯшанро ба унвони як узви эътилофи НАТО, сохторҳои аврупоӣ ва ҷомеаи Аврупоро пешбинӣ мекунанд, аз назари мо метавонанд ҳамчун асос барои музокираҳои баъдӣ арзёбӣ шаванд”.

Таҳлилгарон пешгӯӣ мекунанд, ки баъди ин ҳатто дар сурати зарурати ташкили ҳукумати эътилофӣ, дар интихоби нахуствазир ва ҳам дигар номзадҳои калидӣ дар ҳукумат, барои Зеленский мушкили зиёд пеш намеояд.

Бештарин шумори раъйдиҳандагон дар таърихи интихоботҳои Украина

Ба эҳтимоли ғолиб, беш аз 60 дар сади курсиҳои парлумонро вакилоне ташкил хоҳанд дод, ки мисли Юраш хеле ҷавон ва бетаҷриба мебошанд. Ҳам “Хидматгори халқ” ва ҳам “Ҳолос” гуфтанд, ки афроди “пок аз сиёсат”-ро ба парлумон ворид мекунанд. Ба андешаи Катерина Зарембо аз Маркази “Аврупои нав”, ҳамин вижагӣ боиси таваҷҷӯҳи мардуми зиёд ба овоздиҳӣ шуд ва бештарин шумори раъйдиҳандагонро дар интихобот таъмин кард. Ин ҳама ба маънои ҷалби ашхос ва идеяҳои тоза ба парлумон аст, ки дар солҳои охир ҳамчун як сохтори фасодзада обрӯ касб карда буд.

Ҳизбҳои элита камранг шуданд, вале дар саҳна монданд

Норизоияти зиёди раъйдиҳандагон аз ҳизбҳои элита ваё суннатӣ дар ин интихобот ҳам дида шуд. Бар асоси натиҷаҳои экзит-пол, ҳизби “Ҳамраъйии аврупоӣ”-и президенти собиқ Петро Порошенко ва “Батковшина”-и собиқ нахуствазир Юлия Тимошенко 8,9 ва 7,6 дарсади овозҳоро ба даст оварданд.

Бархе таҳлилгарон мегӯянд, ки ҳизби Тимошенко метавонад барои ворид шудан ба эътилофи ҳоким розӣ шавад, вале ба назар мерасад, ки ҳизби Порошенко дар мавқеи мухолифат қарор хоҳад гирифт.

Катерина Зарембо мегӯяд, ки дар парлумон мондани бархе вакилони собиқ нишонаи бад нест ва таҷрибаи онҳо барои навомадаҳо метавонад кӯмак шавад.

Аҳзоби рӯ ба Русия дар канор монданд

Бо вуҷуди ҳушдорҳо дар заминаи ин ки бархе нирӯҳои рӯ ба Русия вориди маҷлиси нав мешаванд, бар асоси натиҷаҳои экзит-пол, аз миёни мухолифон танҳо ҳизби “Барои зиндагӣ” бо 11,5 дарсади раъйҳо ҳақи узвият дар парлумонро ба даст овард. Ин нишондод аз натиҷаҳои соли 2014 каме бештар буда, аз пешгӯиҳои пешазинтихоботӣ каме поинтар аст. Ҳизби дигари рӯ ба Русия “Блоки мухолифон” 3,3 дарсади овозҳоро ба даст овард.

Аксари кулли ҷонибдорони ин ду ҳизб сокинони манотиқи шарқии ҷангзадаи Украина мебошанд.

Шарҳҳоро бинед (4)

XS
SM
MD
LG