Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониҳои сел ба 5 нафар расид


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ба гуфтаи мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, шумори қурбониҳои сели рӯзи 25 апрел дар навоҳии водии Ҳисор ба 5 нафар расидааст. Танҳо аз аввали моҳи апрел бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон дастикам 22 нафар ҷон бохтаанд.

Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 27-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асари сели шадиди рӯзи ҷумъа дар водии Ҳисор 5 нафар ҷон бохтаанд. Ба гуфтаи Ориф Нозимов, ду мард дар ҷамояти Работи ноҳияи Турсунзода ба коми сел рафта, се кӯдак дар ҷамоати Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ ҳалок шудаанд: “Ин кӯдакон дар теппаҳо бозӣ доштаанд, ки ногаҳон сел меояд ва ҳарсеро мебарад.”

Қаблан гузориш шуда буд, ки рӯзи 25 апрел, соатҳои тақрибан 14:30 дар ҳудуди деҳаи Робиаи Балхии ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ баъди борони шадид сел омадааст. Мақомот қаблан дар бораи ба коми сел рафтани Бобоҷон Тағойбеков, соли таваллудаш 2005 ва Бадриддин Эшонкулов, мутаваллиди соли 2002, гузориш дода буданд. Вале гуфта мешуд, дар натиҷаи талошҳои мардуми ин деҳа ин ду наврас аз зери сел берун оварда шуда ва ба бемористони марказии ноҳияи Рӯдакӣ интиқол дода шуданд, вале дар бемористон ҷон додаанд.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, дар натиҷаи сел як хонандаи синфи ёздаҳум ҳам, ки дар он соат ба чаронидани чорво машғул будааст, ҳалок шудааст. Падару модари ин наврас дар Русия дар муҳоҷирати корӣ будаанд ва ӯ дар ҳамроҳ бо падарбузургаш зиндагӣ мекардааст.

Дар пайи боронгариҳои сахти рӯзи 25-уми апрел, ҳамчунин миқдори зиёди чорвоҳои бошандагони ин маҳал талаф шудааст. Як мақом дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба "Озодӣ" гуфт селхезиҳои рӯзи гузашта дар ноҳияҳои Ёвон, Рӯдакӣ, Ҳисор ва Турсунзода хисороти молӣ дар пай доштааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир комиссияи вижаи ин ниҳод дар пайи муайян кардани ҳаҷми хисорот ва бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ мебошад. Ҷамоати Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ дар марз бо ноҳияи Ёвон қарор дорад.

Аммо Ориф Нозимов мегӯяд, баъди боришот ва сели шадиди рӯзи 25 апрел вазъи обу ҳаво дар Тоҷикистон ором шуда, дирӯзу имрӯз дар бораи кадом офати табиӣ гузориш нашудааст.

Давоми ду ҳафтаи ахир Тоҷикистон шоҳиди боронгариҳо шадид буд, ки талафоти ҷонӣ ва молӣ ҳам дар пай дошт. Шаби 12 ба 13-уми апрел боришоти шадид ва фурӯ рехтани як бораи кӯҳ дар рустои Одинабойӣ ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод 13 кушта бар ҷой гузошт. 7 нафари қурбониёни ин офат ноболиғон буданд. Он шаб як нафари дигар бар асари сел дар ноҳияи Восеъ ва якеи дигар дар ноҳияи Ҳамадонӣ ҷон бохтанд. Рӯзи 16-уми апрел, бар асари боришоти зиёд дар кӯҳдоманаҳои атроф ба деҳаи «Меҳнатобод»-и ҷамоати Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон сел фаромад, ки дар натиҷа 2 кӯдак ҳалок ва 170 манзили зист тахриб шуд.
XS
SM
MD
LG