Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мамонияти пулис аз вуруди хабарнигорон ба Одинабойӣ


Иддае аз хабарнигорон дар Кӯлоб мегӯянд, ки барои дарёфти иттилоъ аз рустои Одинабойӣ, ки ахиран бар асари фаромадани ярч 13 нафар ҷон бохтанд, мушкилӣ доранд.

Ба гуфтаи ин хабарнигорон, маҳдудият дар дарёфти иттилоъ аз ин рустои офатзада тавассути сардори пулиси минтақаи Кӯлоб Абдулваҳҳоб Искандаров эҷод шудааст. Билоли Шамс, хабарнигори «Азия-плюс» рӯзи ҷумъаи 25-уми апрел зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки кормандони пулис дар ҷамоати Саричашма хабарнигоронро бе иҷозаи Абдулваҳҳоб Искандаров, сардори пулиси минтақаи Кӯлоб роҳ намедиҳанд ва ба ин далел дарёфти иттилоъ аз вазъи сокинони зарардида мушкил шудааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи Билоли Шамс, худи сокинони рустои Одинабойии ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод, ташнаи сӯҳбат ва арзи дил бо хабарнигорон ҳастанд. Ин хабарнигор гуфт, «вақте ман бо супориши редаксия ба ҷамоати деҳоти Саричашма рафтам, кормандони милитсия пост ташкил карда, манро нагузоштанд ба рустои офатзадаи Одинабойӣ, аз ҷумла ба назди хаймаҳо равам."

Ба гуфтаи вай, маъмурони постгоҳ на танҳо ӯро, балки дигар хабарнигоронро низ нагузоштанд, то вориди рустои Одинабойӣ шаванд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Баҳриддин Сангимадов, хабарнигори мустақили ҳафтавори «Пайк» мегўяд, ин гуна вазъ танҳо дар минтақаи Кўлоб рўи кор аст, ки кормандони пулис ҳангоми гирифтани иттилоъ аз ҷои ҷодиса ба хабарнигорон монеагузорӣ мекунанд. Баҳриддин меафзояд: «Маҳдудият эҷод кардан барои гирифтани иттилоъ аз сўи сардори милитсияи минтақаи Кўлоб - Абдулваҳҳоб Искандаров, бори аввал нест. Чун дар гузашта низ чунин амре буд. Ҳамакнун дар нисбати ҳодисае, ки дар Саричашма рўх дод, ҷаноби Искандаров хабарнигоронро намегузоранд то бо мардум сўҳбат кунад ва хабарнигорон аз ҳолу аҳвол ва мушкилоти зарардидагон огоҳ шаванд."

Ҳатто ба гуфтаи ин хабарнигори ҳафтаномаи "Пайк", "худи Искандаров мо хабарнигоронро боздошт карда гуфт, ки «инҳоро Украина карда наметавонед. Ин сухани Искандаров чӣ маънӣ дорад, мо намедонем, вале моро таҳқир карда, чунин суханҳоро нисбати мо раво дид. Ҳол он ки кормандони ОМОН дар сари мардуми зарардида, бо яроқ истода буданд."

Ҳамакнун Баҳриддин Сангимадов суол мегузорад, ки "мо хабарнигорон ҷои ҳодисаи офатзадаро Украина карданием ё худи ҷаноби Абдуваҳҳоб Искандаров?»

Дар ҳамин ҳол бархе аз хабарнигорони расонаҳои давлатӣ низ аз мушкили мавҷуд дар пешорӯи фаъолияташон изҳори нигаронӣ доранд, Ҳарчанд яке аз ин хабарнигорон, аз ифшои номаш худдорӣ мекунад, аммо мегӯяд, "барои мо хабарнигорони давлатӣ низ мояи тааҷҷуб аст, ки чаро ба ҷои зарардидиҳао иҷозаи ворид шудан ва таҳияи гузоришро надорем. Дар ҳоле, ки гузоришҳои мо расмӣ аст."

Он чӣ низ мояи ҳайрати ин хабарнигори давлатӣ аст, ки "аз чӣ сабаб бошад, ки дар пости ташкилшудаи ҷамоати деҳоти Саричашма, ҳамаи одамонро манъ карда, шахсияташонро пурсон шуда, баъд иҷозат медиҳанд, ки вориди рустои Одинабойӣ шаванд. Аммо журналистонро бе иҷозаи сардори милиса намегузоранд, ки ба ҷои ҳодисаи табиӣ ворид гарданд..»

Ин ҳам дар ҳоле, ки пас аз ҳодисаи шаби 12-13-уми апрел, ки бар асари боришоти шадид, ярч ба рустои Одинабойӣ фаромада ва 13 кушта бар ҷой гузошт, ниҳодҳои қудратӣ, ба хусус кормандони пулис сафарбар шудаанд.

Ин маъмурон дар аввал мардуми зарардидаро аз маҳалли офат берун карда ва ба хаймаҳо, ки дар мактаб-инетрнати Сарчашма гузошта шудаанд, куч доданд. Баъдан аз ҳисоби кормандони пулис дар ҷамоати деҳоти Сарчашма пост ташкил шуда ва ҳамакнун танҳо пас аз бозрасӣ дар ин "гузаргоҳ", имкони ворид шудан ба рустои Одинабойӣ вуҷуд дорад.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG