Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 афғонро барои таҷовуз ба дор кашиданд


Ҳалқаҳои дор дар зиндони Пуличархӣ
Ҳалқаҳои дор дар зиндони Пуличархӣ

Иҷрои ҳукми қатли 6 марди афғони муттаҳам ба таҷовуз ба номус ва одамрабоӣ ба интиқоди созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ рӯбарӯ шудааст. Аммо дар Афғонистон аксарият аз иҷрои ин ҳукм истиқбол мекунанд.

Рӯзи 8 октябр 5 марди афғони муҷрим дар таҷовуз ба номуси 4 зан дар парвандае, ки таваҷҷӯҳи ҷаҳонро ба худ кашид, дар зиндони Пуличархӣ дар шарқи Кобул, пойтахти Афғонистон, ба дор кашида шуданд. Ин 5 мард дар таҷовуз ба номус, одамрабоӣ, ғоратгарӣ бо истифода аз силоҳ ва хушунат алайҳи занон аз ҷамъи як гурӯҳе, ки дар моҳи август аз як тӯйи арӯсӣ ба Кобул бармегаштанд, муҷрим шинохта шуданд.

Яке аз қурбониҳои ҳамлаи ин гурӯҳи силоҳбадаст – духтараки 18-сола – дар пайи он ҳодиса, ки дар улусволии Пағмон дар наздикии Кобул рух дода буд, дар бемористон даргузашт.

Ҳамроҳ бо ин 5 мард рӯзи 8 октябр дар зиндони Пуличархӣ ҳукми эъдоми одамрабои маърууфе бо номи Ҳабиб Истолефро низ иҷро кардаанд.

Пулис мегӯяд, як гурӯҳи мардон рӯзи 23 август дар вулусволии Пағмон, воқеъ дар канори шаҳри Кобул, корвони мошинҳоеро, ки аз як тӯй бармегашт, манъ карда, баъди тасарруфи пулу мол ва тиловорашон ба номуси 4 зан аз ин тӯякиҳо таҷовуз кардаанд. Бархе аз ҳамлагарон дар тан либоси пулис дошта, бо силоҳҳои худкор мусаллаҳ будаанд.

Ҳамлагарон занон, бо шумули як зани ҳомиларо дар нимаи шаб аз мошинҳо берун оварда, дар як саҳрои воқеъ дар канори шоҳроҳ ба номуси онҳо таҷовуз кардаанд. Ин занҳо ҳамчунин мавриди латукӯб қарор гирифта, таҷовузгарон тиловор ва телефонҳои мобили онҳоро низ ба яғмо бурдаанд.

Пулис билофосила дар моҳи август 10 нафарро ҳамчун омилони ин ҳамла ва таҷовузи ваҳшиёна шиносоӣ ва 7 тан аз онҳоро боздошт кард. Додгоҳи Афғонистон рӯзи 7 сентябр 5 нафари муттаҳамонро маҳкум ба қатл кард. Ду нафари дигар дар ин қазия бегуноҳ шинохта шуданд, вале барои ҷиноёти дигар ба 20 соли зиндон маҳкум шуданд.

ББС аз қавли Муҳаммадзоҳир Зоҳир, фармондеҳи пулиси Кобул гуфт, се нафари дигар аз муттаҳамон ба таҷовузи гурӯҳӣ дар Пағмон дҳанӯз боздошт нашудаанд. Ба гуфтаи фармондеҳи пулис, яке аз онҳо тавонистааст аз Афғонистон хориҷ шавад ва ду тани дигар то ҳол дар дохили Афғонистон дар ҳоли фирор ба сар мебаранд.

Ин қазия мавҷи эътирозҳои пурхашмеро дар атрофи додгоҳи Кобул дар рӯзҳои муҳокимаи парвандаи ин таҷовузкорон ба бор овард. Ҷараёни додгоҳ аз тариқи телевизиони Афғонистон ба таври зинда пахш шуда буд.

Зиндони Пуличархӣ
Зиндони Пуличархӣ

Ҳукми эъдоми ин 5 нафари муҷрим дар ҳамлаи ваҳшиёнаи Пағмонро Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури ҳамакнун собиқи Афғонистон дар охирин рӯзҳои фаъолияташ дар ин мақом имзо карда буд. Аммо Кумиссиюни ҳуқуқи башари СММ аз раисиҷумҳури нави Афғонистон Ашрафғанӣ Аҳмадзай хоста буд, то иҷрои ҳукмро боздорад.

Ҳамин тавр, созмони “Афви байналмилалӣ” рӯзи 8 октябр дар баёнияе гуфт, ҳарчанд ҷурми ин 5 мард нобахшиданист, вале эъдоми онҳо “тантанаи адолат” нест. Ин созмон гуфт, ин ҳукми эъдом дар пасманзари силсилаи мурофиаҳоест, ки ҳамроҳ бо “беадолатиҳо, иддаоҳои таҳқиқношуда дар бораи шиканюа ва дахолатҳои сиёсӣ” сурат гирифтаанд. Мудири барномаҳои Осиёву Уқёнусияи “Афви байналмилалӣ” Девид Гриффитс аз онки Ашрафғанӣ Аҳмадзай иҷрои ин ҳукмҳои эъдомро иҷозат дод, изҳори “таассуфи амиқ” кардааст.

Созмони Human Rights Watch, марказаш дар Ню-Йорк низ гуфт, муҳокимаи парванда ҳамроҳ бо “поймолкуниҳои мудҳиши тартиби мурофиа”, аз ҷумла ҳамроҳ бо далоили шайъии ночиз ва маҷбур кардан ба эътироф гуноҳ анҷом шудааст.

Аммо дар Афғонистон, тавре аз пурсиши назари мардум бармеояд, аксарият аз иҷрои ҳукми эъдоми мардони таҷовузкор пуштибонӣ мекунанд ва мегӯянд, ба дор кашидани онҳо дарси ибрате барои боқӣ мардуми ҷиноятпеша хоҳад шуд.

Бино ба омори пайдокардаи ББС, дар 13 соли охир дар Афғонистон 321 нафар маҳкум ба қатл шуда, ҳукми 51 тани онҳо иҷро шудааст.

Дар Тоҷикистон 10 сол боз иҷрои ҳукми эъдом бо тақозои созмонҳои байналмилалӣ мутаваққиф шуда, додгоҳҳо дар чанд соли охир тақрибан ягон чунин ҳукм набаровардаанд. Дар ин кишвар ҳукми қатлро амалан бо ҳабси абад иваз кардаанд, ҳарчанд барои ҷиноёте, чун таҷовуз ба номус, ҳукми қатл дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ҳифз шудааст. Дар ин авохир дар пайи чанд ҷинояти пурсарусадо, аз ҷумла ду мавриди ахири таҷовуз ба номуси хоҳари ноболиғаш аз сӯи бародари 20-солаи ӯ дар ноҳияи Румӣ ва ба номуси духтарандари 5-солааш таҷовуз кардани Намозалӣ Сатторов, як марде, ки аз маҳбас фирор карда буд, дар ҷомиаи Тоҷикистон низ даъватҳое баланд мешаванд, ки ба хотири пойин бурдани мизони ҷурму ҷиноят ва сабақ додан ба аҳли олами ҷиноят ҳукми қатлро барқарор кунанд.

XS
SM
MD
LG