Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтӣ: Комиссияи махсус садақаи фитрро тақсим кард. ВИДЕО


Масъулони Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯянд, садақаи фитри ҷамъшуда аз мардум ба ашхоси камбизоат ва ниёзманд расонда шуд. Вале феълан мақомоти дини Тоҷикистон аз ҳаҷми умумии маблағи ҷамъшуда изҳори бехабарӣ мекунанд.

Фитри рӯза аз оғози моҳи Рамазон ба як мавзӯи баҳсбарангез дар ҷомеаи Тоҷикистон табдил шуд. Бахусус баъд аз онки аз сокинон талаб шуд, ки садақаи худро ба раисони маҳалла ё имомони масҷидҳо супоранд, ин мавзуъ ба сархати хабарҳо баромад. Маълумот дар бораи маблағи умумии ҷамъоваришуда пешкаш намешавад ва бино бар набудани шаффофият дар ин раванд, роҷеъ ба он гумону шубҳаҳо низ садо медиҳанд.

Вале Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон, рӯзи 5-уми июн баъд аз намози Фитр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, хайроти ҷамъшуда аз мардум ба эҳтиёҷмандон расонда шуд.

12 ҳазор сомонӣ танҳо аз масҷиди марказӣ

Ба таъкиди муфтии Тоҷикистон, “маблағи садақаи фитре, ки аз мардум ҷамъ шуд, мувофиқи рӯйхат ба аҳли маҳалла ва шахсоне, ки барои кӯмак ба Маркази исломӣ муроҷиат карда буданд, дар ҳузури комиссияи махсус тақсим карда шуд. Ба ин комиссия раиси маҳалла, се нафар аз шахсони бонуфузи маҳалла ва кормандони масҷид шомил буданд. Ин равиш дар тамоми масҷидҳои ҷумҳурӣ ҷорӣ аст”.

Ба гуфтаи Сайидмукаррам Абдулқодирзода, ҳаҷми маблағи ҷамъшуда аз ҳисоби садақаи фитр дар тамоми ҷумҳурӣ “феълан дақиқ нашудааст”. Аммо Абдулқодизода афзуд, танҳо дар масҷиди марказии Душанбе 12 ҳазор сомонӣ аз ин ҳисоб ҷамъоварӣ шудааст.

Садақаи фитр имсол барои ҳар нафар 5 сомонӣ ва барои ашхоси доро 48 сомонӣ муқаррар шудааст. Мақомоти тоҷик қаблан гуфтанд, ҳадаф аз ҷамъоварии садақаи фитри мардум ин расондани он ба ашхоси воқеан ниёзманд аст. То кунун ба гуфтаи мақомот, фитри рӯза ба шахсони воқеан ниёзманд намерасид ва бештари намозгузорон ин садақаро ба рӯҳониён ҳадя мекарданд.

Аммо тасмими мақомот барои ҷамъоварии фитри рӯза аз мардум ба вокунишҳои мухталиф дар ҷомеа рӯ ба рӯ шуд. Баъзе аз сокинон чунин талабро дахолат ба зиндагии шахсӣ унвон карда ва гуфтанд, ҳаққи онҳост, ки садақаро ба кӣ диҳанд ва ба кӣ надиҳанд.

Шумораи аҳолии Тоҷикистон айни замон ба 9,1 миллион мерасад. Аз ин шумора агар 8 миллион нафар 5 сомонӣ фитри рӯза диҳанд, ба ҳисоби тақрибӣ 40 миллион сомонӣ, муодили 4 миллион доллар мешавад.

Хайри мардум шаффофият мехоҳад

Соли гузашта Кумитаи дини Тоҷикистон эълон карда буд, ки аз ҳисоби фитри рӯза дар қаламрави кишвар 42 миллион сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шуда, ба ниёзмандон расонида шуд.

Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари масоили динӣ мегӯяд, Тоҷикистон мувофиқи Конститутсия кишвари дунявӣ аст ва давлат набояд ба умури дин ва эътиқоди мардум дахолат кунад.

“Ман аслан ҷонибдори он нестам, ки ҳукумат ба ҷамъоварии маблағи фитри рӯза машғул шавад. Чунки ҳар нафар худаш тасмим мегирад, ки садақа кунад ё не ва агар ҳа, ба кӣ онро бидиҳад. Масалан, завҷаи ман хайрияи хонаводаи моро ба як хонаи ятимони шаҳри Душанбе супорид", -- афзуд ӯ.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Ҳодизода, агар солҳои пеш маблағҳои садақаи мардум бештар ба ҷайби рӯҳониён мерафту то ба ниёзмандон намерасид, ҳоло ҳукумат бояд ин иштибоҳро такрор накунад. Вай гуфт:

"Ҷамъоварии пул, хусусан хайри мардум муҳосиботи ҷиддӣ ва шаффофиятро тақозо дорад. Чунки ин гуна ҷамъоварии маблағ барои коррупсия дар ҷамоатҳо роҳ мекушояд. Кӣ медонад, ки онҳо чанд пулро ба ниёзмандон дода ва чанди дигарро аз они худ намекунанд?"

Фаридун Ҳодизода афзуд, агар ҳадаф то ба ниёзмандони воқеӣ расидани маблағҳои хайрияи мардум бошад, беҳтар аст дар ҳар шаҳру ноҳия суратҳисоби махсус боз шавад ва мардум маблағҳои садақаи худро ба он гузоранд, то ҳар як сомонӣ пул зери назорат бошад ва пулҳо шаффофу ошкоро харҷ шаванд.

Фитри рӯза як навъ хайрест, ки хонаводаҳои рӯзадор ба сари ҳар нафар узви хонавода онро бояд бипардозанд. Мувофиқи таълимоти дини Ислом, бояд мардум фитри рӯзаи худро ба шахсони фақир ва мискин бидиҳанд.

Намози ид дар шаҳри Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

Шарҳҳоро бинед (15)

XS
SM
MD
LG