Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатлон "Рӯзи моҳӣ дар ҳафта"-ро эҳё мекунад (ВИДЕО)


Ҳукумати ноҳии Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, дар ҷанбуи Тоҷикистон “Рӯзи моҳӣ дар ҳафта” –ро эҳё карданист.

Ҳукумати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон “Рӯзи моҳӣ дар ҳафта”-ро эҳё карданист.

Ин аст, киҳукумат ин ноҳия ба идораи кишоварзӣ ва 20 хоҷагии моҳипарварӣ дар ин минтақа дастур додааст, ки то бо ҷорӣ кардани “як рӯзи моҳӣ дар ҳафта” ҳам бозорҳои Тоҷикистонро бо моҳӣ таъмин кунанд ва ҳам нархи онро коҳиш бидиҳанд.

Таваккал Гадоев, як масъули идораи кишоварзии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рӯзи сешанбеи 16 ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо дар соли нави 2015 “рӯзи ҷумъаи ҳар ҳафта” -ро рӯзи моҳӣ эълон мекунанд: “Моҳидорӣ дар ноҳия рушд кардааст ва метавонем дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва шаҳри Қӯрғонтеппа фурӯшем. Ҳадафи дигарамон ин аст, ки рӯзи моҳиро дар ноҳия ва кишвар зинда кунем, ки ба хотири саломатии мардум ва коҳиш додани қимати моҳӣ дар бозорҳо мусоидат хоҳад кард.”

Аслан моҳипарварӣ дар ноҳияи Абдраҳмони Ҷомӣ дар даврони Шӯравӣ тавассути русҳои муқими ин минтақа ба роҳ монда шуд, ҳоло дар масоҳати 800 гектар ҳавзҳои моҳидорӣ мавҷуд аст, ки ҳамасола тавлиди он зиёд мешавад. Моҳидорони ноҳия низ мегӯянд, бо вуҷуди ин, ки пайдо намудани хӯроки моҳӣ дар вилояти Хатлон назар ба солҳои пеш душвор шудааст, бо ин нисбати соли гузашта, имсол 2 тонна моҳӣ зиёдтар сайд шудааст. Ҳол он ки соли 2013 сайди моҳӣ дар ин ноҳия беш аз 300 тонаро ташкил додааст. .

Ин ҳам дар ҳоле, ки Маҳмадулло Қараев, сокини 55-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки 40 сол инҷониб бо хонаводаи 13-нафарааш ба моҳипарварӣ машғул аст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки моҳӣ дар ҳавзҳои онҳо сол ба сол зиёд шудааст. Вай, ки дар маҳалли кораш қарор дошт, гуфт, аз эълон шудани "як рӯзи моҳӣ" дар як ҳафта хушҳол аст. Чун ба гуфтаи вай, вақте талабот ба моҳӣ зиёд мешавад, онҳо даромади бештаре ба даст меоранд: “Дар даврони Шӯравӣ ҳар рӯзи ҷумъа, рӯзи моҳӣ буд, агар боз ташкил шавад, барои моҳидорон сабукӣ меорад ва корамон хуб мешавад. Нарх низ арзон мешавад. Ҳозир парвариши моҳӣ зиёд шудааст, ки барои поён бурдани қимати моҳӣ дар бозорҳо мусоидат мекунад.”

Ин моҳидор афзуд, ки дар замони Шӯравӣ дар Қазоқистон дар риштаи моҳидорӣ таҳсил карда, сипас дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба парвариши моҳӣ машғул шудааст. Ба гуфтаи вай, як моҳича барои парвариш аз 30 дирам то 1 сомонӣ арзиш дорад. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ се навъи моҳӣ -- Амури сафед, капр ва зағорамоҳӣ парвариш мешавад, ки дар бозорҳои Душанбе ва минтақаи Қӯрғонтеппа фурӯши хуб доранд.

Моҳидорон мегӯяд, ки чанд сол пеш, ки нархи як кило моҳӣ баробари арзиши як кило гӯшти гов буд, мардум имкони харидории онро надоштанд ва ҳамакнун бо зиёд шудани он дар бозорҳо ва то ҷое коҳиш пайдо кардани арзиши моҳӣ, мардуми фақиру нодор низ метавонанд, ки моҳӣ бихарад.

Гулдаста Додихудоева, як сокини 40-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, ки дар хонавода 5 нафар ҳастанд, мегӯяд, ки на ҳамеша имкони харидории моҳиро доштааст. Чун ба гуфтаи хонуми Додхудоева, баъди 7 моҳ писараш бо қимати 25 сомонӣ як килограми моҳӣ харида, ки барои хонавода ба серӣ нарасидааст: “Ҳозир шароитам нест, ки гӯшт бихарӣ. Писарамро гуфтам, ки рафта як кило моҳӣ бихар. Аммо ба серӣ хӯрда натавонистем. Барои савобашу барои маззаи даҳонамон харидем. Мегӯянд, ки 40 рӯз пок мегардӣ. Шаш ё ҳафт моҳ шудааст, ки гӯшти моҳиро нахӯрда будам.”

Дар бозорҳои вилояти Хатлон моҳии дарёӣ, 25 сомонӣ, моҳии дар ҳавзҳо парвариш шуда аз 16 сомонӣ то 20 сомонӣ арзиш дорад. Аммо моҳипарварони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мегӯянд, соли 2015 нархи моҳӣ арзонтар хоҳад шуд.

Пизишкон истеъмоли гӯшти моҳӣ ва хӯрокҳои аз моҳӣ таёршударо барои оромии асаб, бемориҳои мағзи сару чашм зарур медонанд. Ин аст, ки онҳо ба одамон тавсия медиҳанд, то ҳадди аққал дар як моҳ як бор аз моҳӣ истифода кунанд.

Ҳамакнун дар ҳоле, ки дар даврони истиқлоли Тоҷикистон ҷашни харбузаву асал ва кадуву дигар маҳсулот доир карда мешавад ва ҳадаф низ афзоиши ин маҳсулот ва дастрас будани он барои сокинон аст, ҷорӣ шудани рӯзи ҷумъа ба унвони рӯзи моҳӣ низ имкон хоҳад дод, то мардуми манотиқи мухталифи кишвар ба моҳӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар даврони Шӯравии пешин дар ҳама тарабхонаву ошхона як рӯз, он ҳам ҷумъа рӯзи моҳӣ эълон шуда буд.

Ба ин тартиб, бо шурӯи Соли нави милодии 2015 дар таомномаҳои ҳудуди 50 ошхонаю тарабхонаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, як рӯзи ҳафта хӯрокҳое аз моҳӣ пешниҳод мешаванд, ки ба беҳбуди саломатии мардум ва дастрас будани гӯшти моҳӣ мусоидат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG