Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санъо-Маскав-Душанбе: бозгашти 5 шаҳрванди Тоҷикистон аз Яман. ВИДЕО


Мушарраф Муҳиддинова
Мушарраф Муҳиддинова

Шоми 3 апрел дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар миёни даҳҳо мусофирони дигар, аввалин гурӯҳи ходимони тиб ва як кӯдак фуруд омаданд, ки аз Яман берун оварда шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шоми ҷумъа, 3 апрел хешовандони табибони тоҷике, ки дар Яман кор мекунанд, азизонашонро пешвоз гирифтанд. Ба гурӯҳи аввалини баргаштаҳо аз Яман бонувон – духтурон ва ҳамшираҳои шафқат шомил шуданд, ки дар муассисаҳои тиббии кишвари арабӣ кор мекарданд. Гурӯҳи навбатии шаҳрвандони Тоҷикистон аз Яман қарор аст рӯзи 4 апрел бо ҳавопаймои Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия берун бароварда шаванд.

Ходимони тибби тоҷик дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфтанд, ки аз бозгашт ба ватан шоданд, чун вазъ дар Яман ташвишовар аст. Парастор Муҳаббат Уразова 7 сол дар Яман кор карда, солҳои охир дар як бемористони шаҳри Ҳаҷҷа кор мекард. Вай гуфт, агар шароити ин кишвар орому осуда мемонд, ӯ барнамегашт. Ҳоло Муҳаббат ва дигар ҳамсафаронаш аз дипломатҳои тоҷику рус миннатдор аст, ки берунрафт аз Яман ва сафари амни онҳоро то ватан таъмин карданд. Мушарраф Муҳиддинова ҳам 7 соли собиқаи корӣ дар Яман ба ҳайси ҳамшираи тиббиро дорад.

Ҳамшираҳои тоҷик аз Яман баргаштанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:35 0:00

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон, рӯзи 3 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи шанбе гурӯҳи навбатии шаҳрвандони ин кишвар аз Санъо ба Маскав оварда мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, шоми панҷшанбе 17 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути ду ҳавопаймои вазорати ҳолатҳои изтирории Русия ба Маскав омаданд ва аллакай баъзеҳо ба Душанбе баргаштанд.

Ба гуфтаи дипломати тоҷик, баъзе аз афроди аз Яман баргашта дар Русия мемонанд, зеро онҳо шиносномаи русӣ ҳам доранд ва аз тариқи ширкатҳои русӣ ба Яман рафтаанд. Миёни афроди баргашта як зани тоҷик низ ҳаст, ки мунтазири шавҳари яманияш аст ва интизор меравад, ки онҳо ҳамроҳ ба Туркия раванд.

Ба гуфтаи дипломати тоҷик, айни ҳол як корманди сафорати Тоҷикистон дар маркази зиддибӯҳронии Вазорати умури хориҷии Русия қарор дорад ва ба таҳияи асноди шаҳрвандон машғул аст. “Мо бо пайвандони тоҷикони муқими Яман ҳам пайваста дар тамосем... Аз онҳо ҳам нома мегирем. Ана, ҳамин лаҳза аз номи волидони хонуме бо номи Маҳваш нома гирифтем, ки аз сафорат барои мусоидат дар баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон изҳори сипос карда ва хостори фаҳмидани сарнавишти фарзанду набераашон шудаанд”, мегӯяд Муҳаммад Эгамзод.

Дипломати тоҷик меафзояд, ки воқеан чанд тан аз табибони тоҷик аз тарки Яман сарпечӣ кардаанд ва ин тасмимро бо масъулияташон дар баробари «савганди Ҳиппократ» - яъне расонидани кӯмаки тиббӣ ба беморон дар сангинтарин шароит марбут намудаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои хабаргузориҳо, даргириҳо дар Яман идома доранд. Бо вуҷуди зарбаҳои ҳавоии Арабистони Саъудӣ, шибҳанизомиёни ҳусӣ рӯзи панҷшанбе Аден, дуввумин шаҳри бузурги Яманро таҳти назорат гирифтанд. Дар ин шаҳр чанд рӯз боз даргириҳои ҳусиҳо бо нерӯҳои содиқ ба раисиҷумҳури барканоршуда Абдрабу Мансур Ҳодӣ идома доштанд. Ошӯбгарон баъд аз чанд соати вуруд ба шаҳр вориди қароргоҳи раисиҷумҳур шуданд, ки дар як теппа дар маркази Адан ҷойгир шудааст.

XS
SM
MD
LG