Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умеди нав ба беҳбуди равобити Тоҷикистону Узбакистон


Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов дар Ишқобод. 12 декабри 2015
Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов дар Ишқобод. 12 декабри 2015

Хабари баргузории нахустин машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Узбакистон дар шаҳри Душанбе умедвориҳо ба беҳбуди равобити ин ду кишвари ҳамсояро бештар кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон хабар дод, ки рӯзҳои 17-18 декабр дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Узбакистон дар сатҳи муовинони вазирони хориҷаи ин ду кишвар баргузор мешаванд.

Дар вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 15 декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин нахустин машваратҳои сиёсӣ байни мақомоти дипломатии Душанбеву Тошканд аст ва дар он ҳайати Узбакистонро муовини вазири хориҷааш Ниёз Хоҷаев ва ҷониби Тоҷикистонро ҳамтои тоҷики ӯ Парвиз Давлатзода раҳбарӣ хоҳанд кард.

Мақомоти Душанбе дар посух ба ин суоли Озодӣ, ки оё дар нишасти Душанбе баррасии мавзӯъҳои доғе, чун тағйири низоми раводид байни Тоҷикистону Узбакистон, азсаргирии парвозҳои ҳавопаймоҳо ва равуои нақлиёти мусофирбари заминӣ байни ин ду кишвари ҳамсоя ва амсоли ин ҳам дар назар аст?, мегӯянд, "рӯзномаи мушаххаси кор дар ҷараёни гуфтугӯҳо рӯшан хоҳад шуд." Вале ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, ба сурати умум, дар ин машваратҳои сиёсӣ баррасии вазъи кунунии ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар назар дошта шудааст. Онҳо мегӯянд, Душанбе ба рушди равобити ҳасана бо Узбакистон манфиатдор аст.

Дар ҷараёни машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Узбакистон дар Душанбе, ба гуфтаи манобеи огоҳ, шояд масоили ҷиддие, чун лағви низоми раводид матраҳ нашавад, вале имкон дорад, ки ҷониби Душанбе масоили ҳаллаш сабуктареро, ки ба таъбири сухангӯи собиқи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, "ҳаллашон кӯшиши зиёд намехоҳад", дар миён гузорад. Аз ҷумла азсаргирии содироти газ ва нерӯи барқи Узбакистон, шурӯи дубораи парвозҳои ҳавопаймоҳо ва ҳаракати қаторҳову автобусҳо байни ду кишвари ҳамсоя ва то ҳадде осон кардани равуои мардуми ду тарафи марз.

Дар ҳар сурат, нахустин машваратҳои сиёсӣ байни ниҳодҳои дипломатии Тоҷикистону Узбакистон, ки баъд аз ду даҳсолаи танишҳо дар равобити ин ду кишвари ҳамсоя сурат мегиранд, ҳам аҳли назар ва ҳам мардумро дар ҳарду тарафи марз ба беҳбуди равобити ин ду кишвар дар оянда бештар умедвор кардааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, ҷавви ҳоким бар фазои минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус фаъол шудани бозигарони беруна, аз ҷумла Русия, ки бо ҳарорат кишварҳои ин минтақаро ба узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё ташвиқ мекунад, метавонад ҳамчунин омили ба ҳам наздиктар шудани доираҳои ҳоким дар ин кишварҳо хидмат кунад.

Абдуғанӣ Муҳаммадазимов
Абдуғанӣ Муҳаммадазимов

Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, "дар марҳалаи кунунӣ беҳбуди муносибатҳо ба фоидаи ҳарду кишвар аст. Чунки ҳам Узбакистон ва ҳам Тоҷикистон хоҳиши пайвастан ба Иттиҳоди АвроОсиёро надоранд ва ин метавонад ҳардуро ба рушди равобити дуҷониба метавонад таҳрик диҳад.”

Набуди иродаи кофии сиёсӣ бахусус дар сатҳи раҳбарони аввали ду кишвар як омиле шумурда мешуд, ки Тошканду Душанбе то кунун барои ислоҳи танишҳои мавҷуда дар равобиташон талоши кофӣ ба харҷ намедоданд.

Сайфулло Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ҳоло чунин иродаи сиёсӣ барои беҳбуди равобит пухта расидааст. Ӯ аз 4 омиле ном бурд, ки ин ду ҳамсояро ночор ба қаробат мекунад: "Яке хатари ифротгароист, ки дар Тоҷикистону Узбакистон ба маҳзи ҷомиаҳои муҳофизакорашон маҳсустар аст ва ин метавонад ҳардуро дар муқобили душмани воҳид муттаҳид кунад. Дувум, доштани мухолифони исломгаро, ба мисли ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизб-ут-таҳрир ва ҳаракати исломӣ дар ҳарду кишвар. Севум, баъди ҳаводиси Украина ва Гурҷистон нуфузҷӯиҳои Русия ҳам ҳаст, ки мехоҳад кишварҳои пасошӯравиро дигарбора зери боли худ биорад ва табиист ки Тоҷикистону Узбакистон чандон моили бозгашт ба зери қаноти Маскав нестанд. Ва чорум, бӯҳрони иқтисодии Русия, ки ба вазъи иқтисодии ин ду кишвар низ таъсири манфӣ гузошта рафъи даврони “ҷанги сард” ва пой гузоштан ба роҳи ҳамкориро барои ҳам Тошканд ва ҳам Душанбе ба як амри ногузир табдил медиҳад."

Азоби танишҳо дар равобити Тоҷикистону Узбакистонро бештар онҳое эҳсос мекунанд, ки дар ду тарафи марз хешу табор доранд. Вале Неъмат Абдуллоев, як тоҷики сокини шаҳри Самарқанди Узбакистон, ки ба қавли худи ӯ, “як пояш дар Самақанду пои дигараш дар Душанбест”, мегӯяд, ҳоло дигар зиёд умедвори кадом ҷаҳиши бузурге дар муносибатҳо нест: “Вақте Каримову Раҳмон мулоқот карданд, хеле умедвор шудем. Баҳори имсол, вақте гуфтанд, ҳавопаймоҳо байни Тоҷикистону Узбакистон ба парвоз сар мекунанд, боз умедвор шудем. Аммо дар ниҳоят мебинем, ки ин ароба ҳеҷ аз ҷояш намеҷунбад. Бадбахтона, азоби бад шудани муносибатҳоро халқи оддӣ мекашад. Ҳам дар Узбакистон ва ҳам дар Тоҷикистон.”

Душанбеву Тошканд аз миёнаи солҳои 90 ба ин тараф, инак, ду даҳсола боз як даврони зиддунақиз ва пуртанишеро дар равобити худ пушти сар мекунанд.

Парвози ҳавопаймоҳо байни ду кишвари ҳамсоя аз соли 1992 қатъ шудааст. Узбакистон аз соли 1999, дар пайи талоши ҳамлаи ҷангҷӯёни Ҳаракати исломии Узбакистон ба раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ ба вилояти бо Тоҷикистон ҳамсояи Сурхондарё марзҳояш бо Тоҷикистонро минакорӣ кард. Тошканд ҳамин тавр, дар соли 2001 бо Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ кард.

TЯке аз гузаргоҳҳои марзи Тоҷикистону Узбакистон
TЯке аз гузаргоҳҳои марзи Тоҷикистону Узбакистон

Марҳалаи дигари танишҳо байни Тошканду Душанбе ба соли 2010 бармегардад. Тошканд ба азми Душанбе барои сохтани нирӯгоҳи Роғун шадидан мухолифат варзида, алайҳи ин ҳамсояаш як силсила тадбирҳои иқтисодӣ андешид. Аз ҷумла Узбакистон аз шабакаи воҳиди нирӯи барқи Осиёи Марказӣ берун шуд ва бо ин камбуди бе он ҳам сангини нирӯи барқи Тоҷикистон дар мавсими сарморо боз ҳам сангинтар кард. Узбакистон ҳамчунин аз соли 2011 интиқоли газ ба Тоҷикистонро пурра қатъ кард ва дар поёни ҳамон сол бо баҳонаи “сӯди ками иқтисодӣ” роҳи оҳани Тирмиз – Амӯзанг, танҳо роҳи оҳан ба самти вилояти Хатлони Тоҷикистонро барчид.

Ҳамин тавр, ҳар сари чанд вақт аз боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи Узбакистон ва бо ҳар баҳона дар посгоҳҳои гумрукии Узбакистон барои муддатҳои тӯлонӣ дармондани борҳое, ки ба Тоҷикистон мераванд, гузоришҳо ба даст мерасанд.

Ин ҳама равобити Тоҷикистону Узбакистонро дар як ҳолате қарор додааст, ки дар маҳофил ба он ҳатто “ҷанги сард” ном додаанд.

Аммо мулоқоти ғайриинтизори руасои ин ду ҷумҳурӣ Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи сентябри соли 2014 дар пойтахти Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай сурат гирифт, умедҳоро дар ҳарду тарафи марз ба поёни ин “ҷанги сард” ва шикастани пиряхҳои дар ин ҳама солиёни танишҳо ҷамъшуда дар равобити Тошканду Душанбе аз нав бедор кард. Ин нахустин дидори рӯбарӯи ин 2 раҳбар дар дастикам 6 соли охир буд ва дар он, тавре баъдан сухангӯи пешини вазорати хориҷаи Тоҷикистон Абдулфайз Атоев шарҳ дод, “масоили равобити ду кишвар ба се зина раддабандӣ карда шуда буд: масъалаҳои навбати аввал, ки ҳаллашон ногузир асту кӯшиши зиёд намехоҳад. Масъалаҳои навбати ду ва масъалаҳое, ки ҳаллашон вақти зиёд мехоҳад.”

Ба дунбол, дар моҳи январи соли 2015 муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон Парвиз Давлатзода пешниҳодҳои ҷониби Душанберо ба сафири Тошканд Шоҳқосим Шоисломов супурд, ки аз ҷумла равуои бидуни визаи сокинони ду кишвар ба қаламрави якдигар ба муддати то 30 рӯз ва ҳам эҳёи парвози ҳавопаймоҳо байни Душанбеву Тошкандро дар бар мегирифт. Ҳамон рӯзҳо хабаре ҳам нашр шуд, ки ширкати “Узбакистон ҳаво йӯлларӣ” аз поёни моҳи март ба парвозҳо дар масири Тошканд – Душанбе шурӯъ мекунад, вале ин тарҳ то ҳол дар ҳаво мондааст.

Ҳамин тавр, моҳи июн дар Тошканд ҷаласаи навбатии кумиссиюни байни ҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Узбакистон дар сатҳи муовинони сарвазири ду кишвар Давлаталӣ Саидов ва Рустам Азимов доир шуд. Ҷониби Узбакистон дар он нишаст пешниҳод дод, то Душанбе рӯйхати молҳои мавриди таваҷҷӯҳашро ироа кунад. Ҳамин тавр, бар асоси натиҷаҳои нишасти Тошканд моҳе пеш аз азми Узбакистон барои бунёди як Кохи савдои он кишвар дар шаҳри Душанбе гузориш шуда буд.

Бино ба омори расмии Узбакистон, ҳаҷми тиҷорати ин кишвар бо Тоҷикистон дар соли 2014 панҷуним маротиба афзуда, ба 160 миллион доллар расидааст. Ин ҳамагӣ 4 дарсад аз 4 миллиард доллар ҷамъи тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ва 1 дарсад аз тақрибан 15 миллиард доллар ҷамъи содироту воридоти Узбакистонро ташкил медиҳад. Барои муқоиса, ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистон бо ҳамсояи дигараш - Афғонистони ҷангзада - дар як сол то ба 174 миллион доллар мерасад.

XS
SM
MD
LG