Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди ҳафт сол: Ҳаракати қатори Кӯлоб-Маскав аз сар гирифта шуд. ВИДЕО


Баъди ҳафт соли танаффус роҳи оҳани Кӯлоб-Маскав ба фаъолияти худ шурӯъ намуд. Дар нахустин сафар ҳудуди 400 сокини минтақаи Кӯлоб тавассути роҳи оҳани Кӯлоб-Маскав озими Русия шуданд.

Нахустин қатори самти Кӯлоб-Маскав соати 18:05-и рӯзи 3 май ба роҳ баромад. Як масъули идораи роҳи оҳани шаҳри Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қатори мусофирбар аз 8 адад вагони платскарт, як вагони ҳуҷрадор, як тарабхона иборат аст ва дар маҷмуъ ин қатор бо 10 вагон аз Кӯлоб ба роҳ ҳаракат кард. Ин масъули идораи Роҳи Оҳан рӯзи 4 май гуфт:

Баъди ҳафт сол: Ҳаракати қатори Кӯлоб-Маскав аз сар гирифта шуд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:33 0:00

“Қатори Кӯлоб-Маскав аз 452 ҷой иборат буда, мусофиронро дар чор шабонарӯз ба шаҳри Маскави Русия мерасад. Нархи ҳар чиптаи қатор 1311 сомонӣ буда, ҳангоми як моҳ пештар харидорӣ намудани билет, нархҳо то 600 сомонӣ тахфиф карда мешавад. Дар аввалин сафаре, ки дирӯз шурӯъ шуд, 400 сокини шаҳр ва минтақаи Кӯлоб озими Москва гардиданд”, - гуфт манбаъ.

Ҳаракати қатор аз Кӯлоб ба Маскав баъди ҳафт сол ва дар ҳоле оғоз шуд, ки Узбекистон дар соли 2011 қисмате аз роҳи оҳани худро дар минтақаи Амузанг-Термиз хароб карда, ноҳияҳои қисмати ҷанубии Тоҷикистон бо мушкилоти ҳамлу нақли молу коло рӯбарӯ шуданд. Нархи анвои маҳсулоти воридотӣ дар ин минтақа низ ба маротиб боло рафт. Баъд аз ним соли тахриби ин роҳ масъулони вилояти Хатлон гуфта буданд, ки танҳо аз ҳисоби боҷи гумрукӣ беш аз 45 миллион доллар ба иқтисоди ин минтақа зиён ворид шудааст.

Дар баробари ин сокинон дигар натавонистанд бо қатор аз Кӯлоб ба самти Маскав ҳаракат кунанд. Дар мулоҳоти нахустини расмии президентони Тоҷикистону Узбекистон дар Душанбе 9 марти соли ҷорӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҳаракати қаторҳо дар ин қитъаи роҳро оғоз бахшиданд. Он замон Мирзиёев бо таассуф аз қатъ шудани ҳаракати роҳ гуфт, ки дар ин минтақа се миллион мардум зиндагӣ мекунад ва ҳаракати қатор барои онҳо дар пешбурди зиндагӣ, тиҷорату савдо ва зинда нигаҳ доштани муносибатҳои иқтисодӣ мусоидат мекунад.

Русия макони аслии кору даромади садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон аст ва сокинони минтақаи Кӯлоб ҳам бо ҳадафи кору даромад ҳар сол ба ин кишвар сафар мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG