Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустмулоқоти номзадҳо аз тавсифи Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ шуд


Довталабони курсии президентии Тоҷикистон нахустин мулоқоташон бо овоздиҳандаҳоро аз ситоиши рақиби аслии худ - президенти феълӣ Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ карданд.

Мулоқот рӯзи 16 октябр дар толори бинои равобити "Пойтахт" баргузор шуд ва дар он ҳудудан 200 нафар иштирок дошт.

Абдуҳалим Ғаффоров, номзад аз ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон ба интихобкунандаҳо гуфт, дар давоми 20 сол Тоҷикистон тавонист аъзои ҳамаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ шавад ва раҳбарияти Тоҷикистон тавонист кишварро дар тамоми ҷаҳон муаррифӣ кунад ва онро аз як давлати қафомонда ба ҷумҳурии рӯ ба тараққӣ табдил диҳад: «Дар барномаи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон масъалаи системаи маориф, тандурустӣ, оила ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мадди аввал меистад.»

Таърифи Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин мулоқоти номзадҳо
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:11 0:00
Линки мустақим


Толиббек Бухориев, номзад аз ҳизби аграрӣ низ зимни муаррифии барномаи худ аз ҳукумат ситоиш кард, ки бароииҷро барномаи интихоботии ӯ шароит муҳайё кардааст: «Пеш аз ҳама дар ҷомеа бояд адолати иҷтимоӣ ҳукмфармо бошад. Ҳуқуқҳои конститутсионӣ оиди меҳнат дида шавад. Ғайр аз ин, барои кам кардани сатҳи камбизоатӣ бояд талош кард. Ҳамаи инҳо амалишавандаанд, аммо танҳо дар сурати якҷо ва якдил буданамон. Мо бояд Ватанамонро дӯст дорем.»

Лаҳзае аз вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон.
Лаҳзае аз вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон.
Номзади ҳизби коммунист, қадимтарин ҳизби Тоҷикистон, Исмоил Талбаков нақши рақиби интихоботии худро дар таҳкими сулҳу амният дар кишвар муҳим гуфт ва инро як воқеъияти «раднашаванда» унвон кард. Ӯ гуфт, дар соҳаи кишоварзӣ камбудиҳо дида мешавад, ки он ҳам дар сурати истифода аз технологияи нав бартараф хоҳад шуд: «Кишоварзии мо пеш меравад. Мардум осуда мешаванд ва ба давлатҳои пешқадам мо наздик мешавем. Мо дар бештари масъалаҳо аз бисёри кишварҳо пеш ҳастем.»

Суханронии номзадҳо чандон суханронии барномавӣ набуд ва ҳеҷ яки онҳо нагуфт, ки агар дар интихобот пирӯз шавад ва ҷойи Эмомалӣ Раҳмонро бигирад, чӣ дигаргунӣ хоҳад кард. Шояд ҳамин номушаххасӣ буд, ки ҷамъомадагон ба мулоқот чандон рағбат нишон надоданд ва байни худ мегуфтанд ки «нишаст кай тамом мешуда бошад.»

Қарор буд, ки дар бахши дуввуми мулоқот миёни номзадҳо ва интихобкунандагон саволу ҷавоб ҷараён бигирад. Аммо аз байни ҳудудан 200 нафар танҳо як нафар суол дод, ки Тоҷикистон чӣ кор бикунад, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ мисли Амрико ва Чин тараққӣ кунад? Ин карахтии электорат Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИРТ-ро водор кард, ки ба ҷамъомадагон муроҷиъат кунад ва аз онҳо даъват намояд, ки фаъолтар бошанд.

Дар ин нишаст умдатан номзадҳое иштирок доштанд, ки ҳеҷ гоҳ мухолифи ҳукумат набуданд ва то ҷойе ҳавохоҳӣ раиси ҷумҳур ҳастанд. Бисёр коршиносон дар Тоҷикистон бар ин назаранд, ки номзадҳои расмӣ танҳо ба он хотир ба интихобот роҳ ёфтанд, ки ин маъракаро демократӣ муаррифӣ кунанд, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ номзади аз ҳама неруманд, Эмомалӣ Раҳмонро ба чолиш накашанд. Ягона довталабе, ки гуфт президент Раҳмонро ба ҷолиш мекашад, бо боштани 201 ҳазор имзо то сабти ном нарасид ва аз маърака хориҷ шуд.

Мулоқоте, ки рӯзи чаҳоршанбе дар толори бинои «Равобити Пойтахт» сурат гирифт, баёнгари он аст, ки номзадҳо на танҳо ба президент Раҳмон, балки бо якдигар низ сабқат надоранд.

Абдумалик Қодиров, коршиноси мустақили тоҷик мегӯянд, пешниҳоди номзадҳо бояд аз ошкор кардани камбудии ҳамдигар сурат гирад. Зеро ба қавли номзадҳо, бояд бартарияти барномаҳои худро нисбат ба рақиби сиёсияш бигӯяд. Ва интихобкунанда бояд донад, ки чаро ӯро интихоб мекунанд: “Он тавре аз интихоботҳои пешин медонем, рақибони ҷаноби Раҳмон ҳангоми
вохӯриҳои худ бо интихобкунандагон баръакс аз рақиби худ, Раҳмонов ситоиш
мекарданд. Ин нишон аз он аст, ки ин рақибон сохта ва сунъиянд.”


Ҳамчуноне ки раъйдиҳандагон дар дохили толор ҳавсалаи суол додан ба номзадҳоро надоштанд, ҳамин тавр ҳангоми берун шудан аз толор низ нахостанд дар бораи мулоқот назар диҳанд. Танҳо як зан гуфт, ки мехоҳад муҳоҷират барҳам дода шавад ва фарзандонаш дар наздаш бошад.

Ин нахустин мулоқоти номзадҳо бо мардум буд, ки бидуни ширкати Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Тасмим аст номзадҳо то оғози моҳи ноябр дар тамоми минтақаҳо мулоқот намоянд.

Нахустин мулоқоти номзадҳо бо интихобкунандагон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:26 0:00
XS
SM
MD
LG