Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси об ва журналист дар додгоҳ: Тарафҳо ба созиш нарасиданд


Ҳамин мақолаи нашрияи "Тоҷикистон" боиси нороҳатии корхонаи обу корези Душанбе шуд
Ҳамин мақолаи нашрияи "Тоҷикистон" боиси нороҳатии корхонаи обу корези Душанбе шуд

Рӯзи аввали мурофиаи додгоҳии рӯзноманигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон" бо КВД "Обу корези Душанбе" бидуни ҳузури хабарнигорон ҷараён гирифт.

Мурофиаи додгоҳии Ҳасан Шокирзода, рӯзноманигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон" бо КВД "Обу корези Душанбе" рӯзи 2 сентябр дар як додгоҳи пойтахт бидуни ҳузури хабарнигорон оғоз шуд. Бахтиёр Абдураҳмонзода, додраси додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар лаҳзаҳои оғози мурофиа хитоб ба журналистон гуфт, ки “Толорро холӣ кунед. Ҳоло арзу шикоятҳои тарафҳоро шунида мешавад”.

Ҷаноби Абдураҳимзода ба суоли хабарнигорон дар бораи он ки оё мурофиа пушти дарҳои баста сурат мегирад? - посух надод журналистонро водор кард, ки толори мурофиаро тарк кунанд. Аммо пас аз ҷанд дақиқа мурофиа хотима ёфт ва идомаи он ба 8 сентябр таъин шуд. Сабаби зуд анҷом шудани нахустин рӯзи мурофиа ба созиш даст наёфтани тарафҳо дар ин баҳси додгоҳӣ унвон шудааст.

КВД «Обу корези Душанбе» барои мақолаи “Чаро дар Душанбе бо хар об кашидан айб будааст?” аз болои рӯзноманигори "Тоҷикистон” Ҳасан Шокирзода ба додгоҳ шикоят бурдааст. Ин корхона фактҳои дар мақола

нашршударо носаҳҳеҳ номида, аз рӯзноманигор талаб кардааст, ки ҳамчун ҷуброни маънавӣ ба даъвогар 30 ҳазор сомонӣ ҷаримапулӣ пардохт кунад. Масъулини додгоҳ мегӯянд, ки аризаи шикоятии раиси Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” Файзулло Юсуфов дар мавриди мақолаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” - “Чаро дар Душанбе бо хар об кашидан айб будааст?” ба додгоҳ ворид шуда ҳоло ин қазия дар истеҳсолоти судӣ қарор дорад. Ҳасан Шокирзода, рӯзноманигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва муалифи мақолаи ҷанҷолбарангез ба радиои Озодӣ гуфт, баъди он ки мақолаи ӯ дар таърихи 18 декабри соли 2014 ба нашр расид, раҳбарияти КВД «Обу корези Душанбе» ба хашм омад. Муаллиф матлаби худро “як памфлет” меномад, ки бар асоси фактҳои воқеии мушкили дастрасӣ ба об дар сохтмонҳои бисёрошёна дар ҳудуди Душанбе иншо шудааст. Вай мегӯяд, дар ин мақола масъалаи ба ошёнаҳои баланди пойтахт нарасидани об матраҳ шуда, назари сокинони манзилҳои истиқоматӣ ва дигар факту далелҳои воқеӣ истифода шудаанд. Ҳасан Шокирзода гуфт, дар матлаб вазъи чаҳор маҳаллаи Душанбе, аз ҷумла “Якум Советский”, маҳаллаи Сирк, Яккачинор ва “Дустӣ” тасвир шуда буд.

Додгоҳи Фирдавсӣ мегӯяд, ки дар арзиаи КВД “Обу корези Душанбе” зикр шудааст, ки дар давоми чанд моҳи баъди нашри ин мақола муассисаи давлатӣ фактҳои дар матлаби “Тоҷикистон” овардашударо мӯшикофона санҷида, маълум кардааст, ки "на ҳамаи сокинони ин маҳаллаҳо, балки баъзеашон" аз набуди об азият мешаванд. Рӯзноманигор Ҳасан Шокирзода мегӯяд, замони нашри мақола муҳим аст, ба он хотир, ки фактҳои то ба ошёнаҳои баланд нарасидани об моҳи декабрро дар бар мегирад ва вазъи баландошёнаҳоро дар фасли зимистон тасвир мекунад. Ҳоло ӯ умедвор аст, ки дар мурофиаи судӣ дурустии далелҳои дар мақола нашркардаашро собит мекунад. Дар робита ба баҳси ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бо КВД “Обу корези Душанбе” НАНСМИТ – Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон Сӯҳроб Пулотов - вакили дифоъро барои ҳимояти ҳуқуқи журналист сафарбар кардааст.

Баҳси идораи обу корез бо хабарнигорро додгоҳ ҳал мекунад.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:56 0:00

XS
SM
MD
LG