Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин толибилми тоҷик - дар докторантураи мӯътабартарин мактаби олии ҷаҳон


Улуғбек Баротов
Улуғбек Баротов

Улуғбек Баротов нахустин толибилми тоҷик аст, ки барои дарёфти унвони докторӣ шомили донишгоҳи технологии Массачусеттс, яке аз мӯътабартарин мактабҳои олии Амрико шудааст.

Барои бори аввал як донишҷӯи тоҷик барои дарёфти унвони докторӣ (PhD) шомили донишгоҳи технологии Массачусеттси Амрико шудааст. Донишгоҳи Массачусеттс, тибқи раддабандии сомонаи topuniversities.com, дар ҳоли ҳозир бо 100 имтиёз дар садри мӯътабартарин мактабҳои олии дунё қарор дорад ва ҳатто аз донишгоҳҳои Ҳарварду Кембриҷ, Стенфорд, Caltech (донишгоҳи технологии Калифорния) ва Оксфорд болотар гузошта шудааст.

Улуғбек Баротов, ки ҳаққи таҳсил дар докторантураи Донишгоҳи Массачусетсро ба даст овардааст, зодаи шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон буда, ҳамагӣ 21 сол дорад. Улуғбек фориғултаҳсили литсейи тоҷикиву туркии ба номи Ҳоҷӣ Камол буда, соли равон риштаи кимиёи Донишгоҳи Билкенти Анкара, пойтахти Туркияро хатм мекунад. Улуғбек дар риштаи худаш дар донишгоҳи Билкент низ толибилми рақами як аст.

Улуғбек Баротов рӯзи 5 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз замони таҳсил дар литсей ба фанни кимиё ишқи тамом дошт ва чандин дафъа дар олимпиадаҳои байналмилалӣ аз ин фан аз номи Тоҷикистон ширкат кардаааст. Ӯ аз ҷумла дар олимпиадаи Менделеев як медали тилову як нуқра ба даст оварда ва дар олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни кимиё сазовори нишони тило шудааст.

Улуғбек мегӯяд, ба далели ҳамин комёбиҳояш ӯро ба донишгоҳи Билкент бепул қабул карданд: “Як соли таҳсили ин донишгоҳ 13 600 доллар буд, вале пули таҳсили маро худи донишгоҳ бар дӯш гирифт. Бар изофа, ба ман аз ҳисоби Туркия стипендия ҳам медоданд, чунки ман дар байни донишҷӯёни риштаи кимиё натиҷаҳои аз ҳама баланд дорам.”

Нахустин толибилми тоҷик - дар докторантураи мӯътабартарин мактаби олии ҷаҳон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:55 0:00
Линки мустақим

Як соли таҳсил дар бахши докторантураи донишгоҳи Массачусеттс 44 ҳазор доллар аст, вале бо дарназардошти баҳоҳои баланди Улуғбек Баротов, маъмурияти ин донишгоҳ низ масъулияти пардохти пули таҳсили ин толибилми тоҷикро бар ӯҳдаи худ гирифтааст. Ӯ мегӯяд, ҳанӯз мавзӯи кори илмиашро интихоб накардааст, вале дар донишгоҳи Билкент таҳти раҳбарии профессор Омер Даг дар мавзӯи “Synthesis and Characterization of NiO/TiO2 mixture using the molten” ва тобистони гузашта ҳамроҳ бо профйессор Мирча Динча дар мавзӯи “Synthesis and Characterization of a Metal-Organic Framework based on Nickel glyoximate-type complex ligand” корҳои илмӣ анҷом додааст.

Улуғбек аз ҷумла толибилмонест, ки на дар сояи давлату мансаби падару модар, балки бо қувваи худ роҳашонро ба сӯи қуллаҳои илм мекушоянд. Падари ӯ дар Қӯрғонтеппа ронандаи оддист ва модараш – хонашин.

Улуғбек Баротов
Улуғбек Баротов

Аз Улуғбек пурсидам, ки чаро ба фарқ аз аксари донишҷӯёни тоҷике, ки дар хориҷ таҳсил мекунанд, ихтисосҳои, ба бовари мардуми мо, “ояндадор”-е, ба мисли тиҷорат ё молияро интихоб накардааст? Улуғбек мегӯяд: “Аввал ин ки ман аз хурдӣ ба ҳамин фанни кимиё алоқаву муҳаббати бештар доштам. Ман кимиёро хеле дӯст медорам ва дар оянда дар ҳамин ришта корҳои илмӣ карданӣ ҳастам. Албатта, ҳанӯз 5 соли таҳсил дар Донишгоҳи Массачусеттс дар пеш аст ва ҳама чиз метавонад тағйир ёбад, вале агар корам хуб пеш биравад, ман дар оянда кори илмӣ кардан мехостам. Кори илмӣ шояд перспектива ва пули зиёд надошта бошад, вале ман чандон рӯи пулаш фикр намекунам. Бароям муҳим ин аст, ки корамро дӯст бидорам ва 40 ё 50 соли умрамро барои шуғли дӯстдоштаам сарф кунам.”

Ӯ мегӯяд, ҳанӯз намедонад, ки дар Тоҷикистон кори илмӣ хоҳад кард ё дар ягон кишвари дигаре, ки барои фаъолиятҳои илмӣ, бахусус дар риштаҳое, чун кимиё, шароити беҳтар доранд. Аммо ба ақидаи ин толибилми тоҷик, агар Тоҷикистон бихоҳад, ки пешрафт кунад, роҳу чорае ба ҷуз аз таҳияи шароит барои пешрафти илм надорад: “Ба фикри ман, илм дар Тоҷикистон ҳоло дар он нуқтаву ҷое, ки бояд бошад, нест. Тоҷикистон бояд пеш биравад ва барои ин, ба назари ман, бояд аз ҳама ҷиҳат ба илм даромадан даркор аст. Бе пешрафти илм Тоҷикистон пеш намеравад. Ҳамин фикр ҳам буд, ки ман кимиёро интихоб кардам, на ба бизнес ё бонкдориро.”

Дар ҳоли ҳозир, ҳудуди 30 ҳазор толибилм аз Тоҷикистон дар хориҷ таҳсил мекунанд. Аз ҷумла садҳо нафар - дар донишгоҳҳои Амрико . Вале шумори он зодаҳои Тоҷикистон, ки дар докторантураҳои Амрико таҳсил кунанд ваё дар мактабҳои олии ин кишвар дарс бидиҳанд, ангуштшуморанд.

Барои мисол, Дилафрӯз Назарова, бародарзодаи овозхони маъруф Далер Назаров, дар соли панҷуми докторантураи донишгоҳи Ратгери аёлати Ню-Ҷерси таҳсил мекунад ва дар ин донишгоҳ аз фанни сиёсатшиносӣ дарс медиҳад. Насрулло Хоҷаёров дар Амрико дар мавзӯи метрикаи ашъори Нимо Юшиҷ рисолаи илмӣ ҳимоят карда, дар чанд мактаби олии он кишвар дарси забони тоҷикиву дарӣ медод. Ҳамин тавр, то чанд соли пеш донишманди маъруфи тоҷик Акбари Турсон низ то замони бозгашташ ба Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Амрико дарс мегуфт.

XS
SM
MD
LG