Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар марзи Фархор бо Афғонистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Хадамоти оташнишонии минтақаи Кӯлоб аз сӯхтор дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон хабар медиҳад. Манбаи Озодӣ мегӯяд, иллати сӯхтор тирандозӣ дар он сӯи марз буд.

Фаррух Ҳалимзода, сардори раёсати Хадамоти оташнишонии минтақаи Кӯлоб рӯзи 13 август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “соатҳои 12-и рӯзи 12 август дар ҳудуди 20 гектар замин дар минтақаи марзии дидбонгоҳи рақами 4, воқеъ дар ноҳияи Фархор, дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон сӯхтор рух додааст.”

Ба гуфтаи ин масъул, ба кумаки сӯхторнишонони ноҳияи Фархор барои хомӯш кардани сӯхтор ва рафъи авоқиби он аз нируи Хадамоти сухторнишонии минтақаи Кӯлоб ва ҳамчунин марзбонон низ истифода шудааст, ки дар маҷмӯъ беш аз даҳ мошин ва даҳҳо маъмури сухторхомӯшкун ва марзбонон сафарбар шудаанд.

Фаррух Ҳалимзода мегӯяд, кормандони оташнишонӣ дар соатҳои 6 - у ними субҳи имрӯз - 13 август тавонистанд, сӯхторро пурра хомӯш созанд. Зеро сӯхтор на танҳо қаламрави марзии Фархор, балки то ба заминҳои вобаста ба минтақаи марзии ноҳияи Ҳамадонӣ низ паҳн шуда будааст.

Ба таъкиди масъулони хадамоти оташнишонии минтақаи Кӯлоб, сӯхтор дар васати хатти марзи ноҳияи Фархори Тоҷикистон ва Имомсоҳиби Афғонистон, наздик ба дарёи Панҷ иттифоқ афтода, талафоте дар пай надоштааст. Ин масъул гуфт, «дар ҷангалзори васати марз даромадан хеле мушкил буд, чун оташ бисёр аланга гирифта буд. Оташ аслан дар қадқади соҳили дарёи Панҷ ба амал омад. Аммо ба тарафи Тоҷикистон ҳеҷ зарар нарасонид.»

Бо он ки масъулони Хадамоти оташнишонии минтақаи Кӯлоб сабаби сар задани сӯхторро нагуфтанд, аммо як манбаъ аз қисми низомии 29 31 – и ноҳияи Ҳамадонӣ дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт, ки сӯхтор бар асари шиллик шудани тир аз қаламрави Афғонистон, аз маҳалли як даргирӣ миёни нирӯҳои давлатӣ ва гурӯҳи Толибон сурат гирифтааст.

Шералӣ Мӯсо, як сокини ноҳияи Фархор низ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, сӯхтор замоне аланга гирифтааст, ки пеш аз он садои тир дар марз шунида шуд ва тирандозӣ тақрибан нимсоат давом кард, «Ҳамин ним соат паррон-паррон шуд, баъд ором шуд. Пас аз ним соат овози мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ баланд шуд. Баъд аз болои бом нигоҳ кардем, ки ҷангал сӯхта истодааст. Бовар кунед, шаб аз бӯи дуд дару тирезаҳои худро кушода натавонистем».

Аммо Равшан, як сокини дигари Фархор гуфт, бар асари дуди бисёр хонаи худро тарк карда ба хонаи падариаш, дур аз сарҳад рафтаст. Бо он ки вай мегӯяд, сӯхтор рафъ шудааст, аммо пайи дуди ғализ дар деворҳо ва хонаҳо мондааст.

Як рӯз қабл мақомоти Афғонистон дар пайи иштибоҳан ба хоки Тоҷикистон партоб шудани ду гулӯла расман аз Душанбе узр пурсидаанд.

Намояндагони Вазорати дифои Афғонистон барои шиллики ду гулӯлаи иштибоҳӣ ба хоки Тоҷикистон расман бахшиш пурсидаанд. Ин ду гулӯла аз сӯи нерӯҳои ҳукумати Афғонистон дар минтақаи Дарқади вилояти Тахор, ҳаммарзи ноҳияи Фархори Тоҷикистон ҳангоми ҳамла ба гурӯҳи Толибон ҳафтаи пеш партоб шуд.

Як мақоми баландпояи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 12-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, “аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон аз силоҳи навъи миномёт ду маротиба наздик ба деҳаҳои наздимарзӣ парронда шуд, аммо аз он касе осеб надид.” Ӯ мегӯяд, дар ҳоле ки нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба ҳамлаи ҷавобӣ омодагӣ мегирифтанд, ҷониби Афғонистон иштибоҳ будани ин тирпарониро шарҳ дода, расман маъзарат хостааст.

Мақомоти амниятии вилояти Тахори Афғонистон низ дар ин минтақа сурат гирифтани даргириҳо дар байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва Толибонро тасдиқ мекунанд, аммо мегӯянд, ҳоло ҳеҷ хатаре дигар вуҷуд надорад.

Беш аз як сол боз дар шимоли Афғонистон, ки ба вилояти Бадахшон ва Хатлони Тоҷикистон марзи муштарак дорад, гурӯҳҳои ҷангиёни Толибон ҳузури чашмгир пайдо кардаанд. Чанд вулусволии вилояти Бадахшон таҳти назари Толибон гузашта, задухӯрд бо онҳо дар дигар манотиқи марзӣ идома дорад, дар ҳоле ки то чанде пеш садои тирпарронӣ хеле наздик ба гӯш мерасид ва мақомоти Тоҷикистон аз 25 километр наздик шудани Толибон ба марзи ин кишвар хабар медоданд, ҳоло мақомоти амниятии Афғонистон аз даҳҳо километр дур кардани толибон аз марзи Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Сӯхтор дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

XS
SM
MD
LG