Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулло Ҳайдар: “90 дар сади хонаам сӯхт”. ВИДЕО, АКС


Мулло Ҳайдар Шарифзода
Мулло Ҳайдар Шарифзода

Мулло Ҳайдар Шарифзода, рӯҳонии шинохта дар минтақаи Кӯлоб, гуфт, ки дар пайи сӯхтори рӯзи якшанбе навад дар сади хонааш ба коми оташ рафт. Вай рӯзи 30-юми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми сӯхтор дар хона ба ҷуз ду наберааш каси дигар набуд.

Мулло Ҳайдар Шарифзода, аз рӯҳониёни шинохта дар минтақаи Кӯлоб, дар солҳои 90-уми асри гузашта узви порлумони Тоҷикистон буд.

“Панҷ хона бо долон пурра сӯхта ва ягон ҷиҳоз намондааст. Замони сӯхтор дар хона набудам. Он вақт танҳо ду набераи хурдсолам буд. Сабаби сӯхторро ноқилҳои барқӣ мегӯянд. Ин қадар вақт дар хона одам буд, аз ноқилҳои барқӣ сӯхтор нашуд. Замоне ки дар хона кас набуд, ноқилҳои барқӣ дар гирифтаанд”, - таъкид кард ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Хонаи Мулло Ҳайдар даргирифт
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

Ҳайдар Шарифзода дар идома гуфт, “Худоро шукр, ки одам зарар надидааст, ҳарчанд чизе дигар барои зиндагӣ намондааст. Худо худаш ҳама чизро дуруст мекунад.”

Сӯхтор дар манзили Мулло Ҳайдар Шарифзода, раиси Шӯрои уламо дар минтақаи Кӯлоб ва имом-хатиби масҷиди Имоми Аъзами он шаҳр, рӯзи якшанбеи 28-уми май сар задааст. Хонаи Шарифзода дар баландии маҳаллаи ба номи Фирдавсии шаҳри Кӯлоб, наздик ба гӯристони Хоҷа Ғоиб воқеъ аст.

Масъулони Хадамоти оташнишонии шаҳри Кӯлоб гуфтанд, ҳодиса замоне рух додааст, ки келини хонавода яхдонро қуфл карда ва аз хона берун рафтааст ва ба эҳтимоли зиёд «сабаби ҳодиса сӯхта об шудани симҳои барқи яхдон будааст». Ба тахмини Хадамоти оташнишонии шаҳри Кӯлоб, зарари ворида аз ин сӯхтор ба хонаи Мулло Ҳайдар, ҳудуди 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир комиссия ташкил шуда ва зарари ин сӯхторро муайян мекунад.

Мулло Ҳайдар Шарифзода аз рӯҳониёни шинохта дар минтақаи Кӯлоб мебошад ва дар солҳои 90-уми асри гузашта, узви порлумони Тоҷикистон буд. Вай дар гирудорҳои солҳои навадуми Тоҷикистон ширкати фаъол дошт ва аз тарафдорони ҳукумати феълӣ ба шумор мерафт.

XS
SM
MD
LG