Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти З.Абдуллоев аз О.Тутубалина натиҷа надод


Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии Душанбе тдаъвои хабарнигор Зафар Абдуллоевро, ки аз номи зиёиён бо нашрияи "Азия Плюс" вориди баҳси додгоҳӣ шудани се нафарро ғайримантиқӣ номида буд, рад кард ва гуфт, танҳо додгоҳи болоӣ метавонад ҳукми "Азия Плюс"-ро бознигарӣ кунад.

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба аризаи даъвогии рӯзноманигори тоҷик дар бораи бекор кардани ҳалномаи «парвандаи зиёиён алайҳи Тутубалина» расидагӣ накард.

Дар посухи додгоҳ, ки бо имзои Шамсиддин Темуров, муовини раиси додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як рӯзи қабл ба Зафар Абдуллоев, рӯзноманигори маъруфи тоҷик расид, омадааст, ки ин додгоҳ салоҳияти бекор кардани ҳалномаи додгоҳиро надорад. Шамсиддин Темуров гуфтааст, бино ба моддаи 137 – и қонуни судҳои Тоҷикистон танҳо додгоҳҳои болоӣ ҳақ доранд ҳукми додгоҳҳои поёниро рад кунанд.

Зафар Абдуллоев, сарвари маркази фарҳангии «Аржанг» 22 апрели соли равон бо як ариза ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат карда, изҳор дошта буд, ки ҳукми ин додгоҳ дар мавриди ситонидани 30 ҳазор сомонӣ ҷарима ба нафъи Дилбар Абдиева, Аскаралӣ Раҷабов ва Ҳикмат Раҳматов аз ҳафтаномаи «Азия Плюс" ва рӯзноманигораш Олга Тутубалина бекор карда шавад. Зафар Абдуллоев низ худро рӯшанфикр – интеллигент ҳисобида, талаб карда буд, ки намехоҳад аз номи ӯ ва дигар зиёиёни Тоҷикистон чанд нафар соҳиби маблағ шаванд.

Рӯзноманигор дар ин ариза аз додгоҳ талаб кардааст, ки баръакс барои сӯистифода аз Дилбар Абдиева, Аскаралӣ Раҷабов ва Ҳикмат Раҳматов ба фоидаи нашрияи «Азия Плюс» ва Олга Тутубалина ҷарима ситонад.

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ 25 феврали соли равон зимни як ҳукм нашрияи «Азия Плюс» ва муҳаррири он - Олга Тутубалинаро муваззаф кард, ки раддия навишта, ба се даъвогар 30 ҳазор сомонӣ пардохт кунад.

Олга Тутубалина
Олга Тутубалина

Сабаби ин даъво матлаби «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» («Неинтеллигентно об интеллигенции», «АП», №40, 30 май соли 2013) – и Олга Тутубалина буд, ки дар шурӯъаш омадааст: «Зиёиён на мағз, балки наҷосати онанд». Доҳии пролетариати ҷаҳон Владимир Ленин чунун гуфта буд, ман ҳам мехоҳам чунин гӯям» . Матлаб ба бозгашти ахири шоири маъруф Бозор Собир тамаркуз карда буд. Шоири маъруф, ки бо интиқодҳояш аз ҳукумату дигар раҳбарони Тоҷикистон маъруф буд, ин дафъа бо ситоишҳо аз онҳо ба Душанбе ворид шуд.

Матлаби «Азия Плюс» ниҳодҳои наздик ба ҳукумати зиёиёни тоҷикро нороҳат кард. Таҳти сарварии Иттиҳоди нависандагон, ниҳодҳои дигар, назири Акадамияи улум, иттиҳодҳои рассомон, оҳангсозон ва меъморони Тоҷикистон ва ҳам номзади улуми тиббӣ Дилбар Абдиева 5 июли соли 2014 ба додгоҳи иқтисодӣ ва сипас додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ даъво бурданд, ки Олга Тутубалина дар кул зиёиёни тоҷикро таҳқир кардааст. Дар ибтидо созмонҳо аз додгоҳ тақозо карда буданд, ки 200 ҳазор сомонӣ биситонад.

Нашрияи «Азия Плюс» ҳафтаи гузашта эълом кард, ки ба пардохтани ҷарима шурӯъ кардааст. Ва бино ба иттилои расонаҳо, даъвогарон низ эълом кардаанд, ки 30 ҳазор сомониро ба ҷайб назада, ба ягон хонаи кӯдакон дар Тоҷикистон туҳфа мекунанд.

Ҳоло Зафар Абдуллоев мегӯяд, ба додгоҳои болоӣ ин даъворо нахоҳад кашид, зеро танҳо мехост ин нуктаро ошкор кунад, ки то куҷо додгоҳ ба сиҳҳати ҳукми худ таваҷҷӯҳ нишон медиҳад.

XS
SM
MD
LG