Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занозании ду вакил дар порлумони Украина (ВИДЕО)


Лаҳзае аз занозании вакилон
Лаҳзае аз занозании вакилон

Рӯзи 12 феврал ду вакили порлумони Украина ҳангоми баҳси як қонун ба ҳам дарафтоданд ва сару рӯи якдигарро хуншор карданд.

Занозанӣ байни ду намояндаи порлумони Украина ҷараёни иҷлосияро халалдор кард ва даъватҳо ҷиҳати муҷозоти вакилонеро, ки қоидаҳои рафтор дар Верховни Радаро вайрон мекунанд, ба миён овард.

Еҳор Соболев аз эътилофи сиёсии “Самопомич” рӯзи 12 феврал бо Вадим Ивченко аз ҳизби “Баткившина” ҳангоми баҳси нуқоти “Қонуни моликият бар замин” вориди даргирӣ шуд.

Ходимони амният дар ҳоле ду вакили ҷангараро аз ҳам ҷудо карданд, ки онҳо лабу бинии якдигарро хуншор карда буданд.

Ба думболи занозании намояндаҳои мардумӣ раиси порлумон Володимор Ҳройсман дар кори иҷлосия 15 дақиқа танаффус эълон кард. Ҳройсман гуфт, ин ду вакил барои рафтори номуносибашон ҷазо гирифта, аз ҳаққи иштирок дар баҳсҳои панҷ ҷаласаи минбаъдаи порлумон маҳрум мешаванд.

Порлумони Украина дар гузашта низ борҳо шоҳиди занозании намояндаҳои мардумӣ будааст. Бархе ин занозаниҳоро аломати вуҷуди демократия дар порлумон меноманд. Аммо бархеи дигар бо ишора ба ин занозаниҳо ҳушдор медиҳанд, ки бубинед, демократия кишварро баа чӣ беназмие мерасонад, ки ҳатто вакилони мардумӣ аз гиребони якдигар хоҳанд гирифт.

Видеои ин занозаниро инҷо тамошо кунед:

Занозани байни 2 вакили Верховни Рада
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00

XS
SM
MD
LG