Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФИФА пас аз марги "духтари обӣ" ба Эрон ҳайат мефиристад


Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) дар пайи худсӯзии як духтари мухлиси футбол дар Эрон ба ин кишвар намояндагони худро мефиристад. ФИФА гуфтааст, ҳадаф аз ин сафар баррасии имкони вуруди занон ба варзишгоҳҳо дар Эрон аст. Он ҳам дар рӯзҳое, ки худсузӣ ва марги як духтари ҷавони мухлиси футбол Эронро такон дод.

Сухангӯи ФИФА ба хабаргузории Рейтерс гуфтааст, ин ҳайат давоми ду ҳафтаи оянда ба Теҳрон хоҳад рафт ва масъалаи омода будани варзишгоҳҳоро барои ворид шудани занон баррасӣ мекунанд. Тасмими ФИФА барои фиристодани ҳайат як рӯз пас аз марги Саҳар Худоёрӣ, духтари ҳаводори футбол дар Эрон эълон шуд. Вале сухангӯи ФИФА гуфтааст, ки сафари ҳайати фиристодаи онҳо сирф ба хотири марги Саҳар Худоёрӣ нест.

Пеш аз ин ФИФА дар вокуниш ба худсӯзии Саҳар Худоёрӣ аз мақомҳои давлати Эрон хоста буд, "озодӣ ва амният"-и занонро барои ворид шудан ба варзишгоҳҳо фароҳам кунад. Саҳар Худоёрӣ, ки бар асари худсӯзии эътирозӣ ҷони худро аз даст дод, аз ҳаводорони бошгоҳи "Истиқлол"-и Эрон буд ва ба номи “духтари обӣ” машҳур шуд. Саҳар мехост бо плаш ва мӯи сунъии ранги обӣ ё кабуд ба варзишгоҳи “Озодӣ”-и Теҳрон ворид шавад.

Аммо ӯро боздошт карданд ва гуфтанд, ки барои талоши ширкаташ дар бозии мардонаи футбол шаш моҳ ҳабс мешавад. Зани 29-солаи эронӣ баъди шунидани қарори додгоҳ ба танаш бензин рехт ва худро оташ зад. Табибон гуфтанд, ки 90 дарсади тани духтар сӯхта буд. Боздошту талоши худкушӣ кардан ва дар ниҳоят марги Саҳар дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадои зиёд ба миён овард. Бисёриҳо давлатро гунаҳгор карданд, ки дар давоми наздики чаҳор даҳсола занонро аз ворид шудан ба варзишгоҳ манъ мекунад.

Аммо мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон эълон карданд, ки назарашон барои вуруди занон бар варзишгоҳҳо мусбат аст. Алии Рабиӣ, сухангӯи давлати Эрон рӯзи чаҳоршанбеи 11-уми сентябр гуфт, "назари давлат ба таври кулл мувофиқи ҳузури занон дар варзишгоҳ аст".

"Зерсохтор барои вуруди хонумҳо ба тамоми варзишгоҳҳо барои бозиҳои миллӣ ва лига фароҳам шуда, акнун ҳеҷ варзишгоҳе нест, ки ин зерсохторҳоро надошта бошад", - гуфтааст сухангӯи давлати Эрон.

Саҳар баъди шунидани ҳукми додгоҳ худро бензин рехта оташ зад. Табибон гуфтанд, ки 90 дарсади тани ӯ сӯхта буд
Саҳар баъди шунидани ҳукми додгоҳ худро бензин рехта оташ зад. Табибон гуфтанд, ки 90 дарсади тани ӯ сӯхта буд

Бархе аз футболбозони зан дар Эрон қаблан аз Федератсияи ҷаҳонии футбол хоста буданд, ки ба ин мавзуъ вокуниш нишон диҳад.

Дар як вокуниши дигар, бошгоҳи футболи "Барселона" дар паёме навишт, "футболбозӣ барои ҳама аст" ва "мардону занон бояд қодир бошанд, ки дар канори ҳам дар варзишгоҳҳо аз ин бозии зебо лаззат баранд".

Дар гузашта танҳо гуруҳҳои ҷудогонаи занон барои тамошои футболи мардона ва дигар навъҳои варзиши мардона дар Эрон иҷоза гирифтаанд. Дар бархе ҳолатҳои ҷудогона занони ҳаводори футбол тавонистаанд, ки бо либоси мардона вориди варзишгоҳ шаванд.

Парвона Силаҳшӯрӣ, як вакили зани эронӣ ҳодисаи ахирро маҳкум кард ва гуфт: "Ӯ духтари Эрон буд". Ба гуфтаи ӯ, "занон аз ҳуқуқи бунёдии худ маҳрум шудаанд" ва ин қонунҳоро "мардон кӯркӯрона эҷод карда, аз занон тақозо мекунанд, ки онҳоро риоя кунанд". Силаҳшӯрӣ дар твиттери худ навишт: "Дар ҳабс ва оташ задани Саҳари ин кишвар ҳамаи мо масъулият дорем".

Марги Саҳар дар ҳоле рух дод, ки FIFA – Федератсияи байналмилалии футбол ба Эрон фишор меорад, ки қонуни 40 сол пеш қабулшуда дар бораи манъи ҳузури занон дар варзишгоҳҳоро бекор кунад.

XS
SM
MD
LG