Пайвандҳои дастрасӣ

Падари Саймурод: "Симчӯбро соз кардем, ҷарима ҳам додем, аммо писарамро куштанд"


Волидони Саймурод Орзуев ба иддаои мақомоти умури дохила, ки гӯё писари онҳо аз болои пул афтода, ҷон бохтааст, бовар надоранд ва мехоҳанд ба додгоҳ шикоят баранд.

Алӣ Орзуев, падари Саймурод Орзуев, сокини деҳаи Ҳасандараи ҷамоати Ҳакимии ноҳияи Нуробод, тақрибан 200- километрии шарқи пойтахт, рӯзи 5-уми май дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ба хабари вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар мавриди ин ки фарзанди ӯ худ аз болои пули баланд афтода, ҳалок шудааст, бовар надорад.

Ӯ ҳамин тавр иддаои пулисро, ки мегӯяд, Саймурод Орзуев рӯзи 25 апрел дар ҳолати мастӣ бо мошин симчӯби барқро задааст, низ асос надорад. Ба қавли падараш, Саймурод машрубот истеъмол намекард ва вақте кормандони шӯъбаи умури дохилаи Нуробод ӯро аз хона аз назди волидонаш бурданд, ҳеҷ маст набуд. «Ман дар дастам ташхиси беморхонаро дорам, дар он зикр шудааст, ки Саймурод Орзуев нӯшокии спиртӣ истеъмол накардааст. Ин ташхиси духтурро ба масъули БДА-и ноҳия ҳам нишон додам,» - мегӯяд падари Саймурод Орзуев.

Ба гуфтаи Алӣ Орзуев, «вақте Саймуродро ба шӯъба бурданд, соат панҷи шом буд ва вақте ки ман ба шӯъба рафтам, кормандони милиса гуфтанд, ки ӯро бо роҳи «Нурободи кӯҳна» раҳо кардаанд. Ман ду нафарро фиристодам, ҳамаҷоро то соати 11-и шаб кофтанд, наёфтанд. Фақат саҳари рӯзи панҷум як нафари номаълум ба ман занг зада гуфт, ки ҷасади Саймуродро аз таги кӯпрук гиред. Ман ба бародари Саймурод гуфтам, ки як кас занг зада гуфт, ки ҷасадаш дар таги кӯпрук аст, вақте ки ӯ рафт, ҷасад дар ҳамонҷо буд».

Ба гуфтаи падари Саймурод Орзуев, ҳангоми шустани ҷасад онҳо диданд, ки баданаш пур аз зарб буд. "Дасту пою қабурғаҳояш шикаста буданд, дар ҳарду пояш паи сими трос, ки сахт фишор додагӣ будааст, бо доғи сиёҳ дида мешуд, онҳо бачаи маро ба шӯъба бурда, хуб латтукӯб карда, сипас оварда, аз баландии кӯпрук ба замин андохтаанд,» - иддао дорад Алӣ Орзуев.

Аммо вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сомонаи расмиаш бо такя ба гузориши шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Нуробод радия нашр карда, гуфтааст, ки Саймурод Орзуев худ аз болои пул афтода ҷон додааст.

Дар хабари расмии вазорат, ки рӯзи 2 май нашр шуд, омадааст, ки «маъмурони пулис муайян кардаанд, ки Саймурод Орзуев ҳини ҳодиса маст будааст ва бинобар ҳамин кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ барои ташхиси тиббӣ ӯро ба беморхонаи ноҳиявӣ бурдаанд ва ташхис муайян кардааст, ки ронанда дар ҳолати мастӣ қарор доштааст. Ба дунболи ин, маъмурони пулис нисбати Саймурод Орзӯев мавод тартиб дода ва сипас ӯро бо мошини сокини деҳаи Комсомолободи ҳамин ноҳия Қурбоналӣ Мирзоҳомидов савор карда ва ба хонааш гусел кардаанд.»
Умедҷон Тоҷиев
Умедҷон Тоҷиев
Аммо падари Саймурод мегӯянд, ки бо вуҷуди ҷустуҷӯи зиёд то ҳол нафаре бо номи Қурбоналӣ Мирзоҳомидовро пайдо накардаанд ва намешиносанд ва аз ин рӯ, барояшон номаълум боқӣ мемонад, ки фарзанди ӯро кӣ то ба куҷо овардааст ва дар куҷо пиёда кардааст?

«Мо симчӯберо, ки Саймурод зада буд, соз кардем, боз 1000 сомонӣ ҷарима ҳам додем, коғазаш дар дастам ҳаст, лекин то ҳол барои мо маълум нест, ки барои чӣ фарзанди ман, ки ҳамагӣ се моҳ пеш оиладораш карда будем, бо зулму бераҳмӣ кушта шуд. Ман аз болои мақомоти милисаи Нуробод ба додгоҳ шикоят хоҳам бурд,» - мегӯяд Алӣ Орзуев.

Саймурод Орзуев дар рустои Ҳасандараи ҷамоати Ҳакимии ноҳияи Нуробод зиндагии фақиронае дошт. Гузарони зиндагии хонаводаи Орзуевҳо асосан аз ҳисоби муҳоҷират дар Русия ҳосил мешуд. Ӯро рӯзи 25 апрел боздошт карда, ба шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Нуробод бурданд. Ҷасади Саймурод баъди 5 рӯз, рӯзи 30 апрел аз зери як кӯпрук дар назди рустои Чанор пайдо карда, ҳамон рӯз дар Ҳасандара ба хок супурданд. Саймурод ҳамагӣ 30 сол дошт ва 3 моҳ пеш аз маргаш издивоҷ карда буд.

Афзоиши маргҳои мармуз дар боздоштгоҳҳо

Марги мармузи Саймурод Орзуев баъди боздошташ аз сӯи маъмурони милиса дар ҳолест, ки қазияҳои афзояндаи маргҳои мармуз дар боздоштгоҳҳои мақомоти интизомии Тоҷикистон боиси нигаронии созмонҳои байналмилалӣ аз вазъи шиканҷа дар ин кишвари пасошӯравӣ шудааст. Дар аксари маворид мақомот ин маргҳои мармузро худкушӣ унвон карда, вуҷуди унсури шиканҷаро дар ин қазияҳо ҳаддалимкон рад мекунанд.

Дар моҳи январ дар бемористони маҳбаси Хуҷанд Умедҷон Тоҷиев, сокини Исфара ва узви ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон даргузашт. Тоҷиев рӯзи 30 октябр боздошт шуда, ба гуфтаи наздиконаш, дар пулиси Исфара мавриди шиканҷаи сахт қарор гирифтааст. Аммо мақомот гуфтанд, ки Умедҷон Тоҷиев ба хотири фирор аз қабати дувуми бинои милиса худро ҳаво додааст.
Падари Низомиддин Ҳомидов
Падари Низомиддин Ҳомидов
Дар оғози моҳи апрел Низомиддин Ҳомидови 27-сола баъди боздошт дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Вахш ҳалок шуд. Пулиси маҳаллӣ мегӯяд, ки Низомиддин дар камера худро бо майкааш овехтааст. Вале падари ӯ Ҷунайд Ҳомидов мӯътақид аст, ки писараш бар асари шиканҷа ҷон бохтааст.

Шарҳҳоро бинед (28)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG