Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷониби Тоҷикистон ба мақомоти Беларус дар бораи Фарҳод Одинаев чӣ гуфт?


Фарҳод Одинаев
Фарҳод Одинаев

Мақомоти Тоҷикистон дар нома ё дархости худ ба ҷониби Беларус, Фарҳод Одинаев – фаъоли мухолифин ва яке аз муассисони телевизиони "Сафо"-ро ба "иштироку сармоягузорӣ ва таблиғи фаъолияти ифротгароӣ" муттаҳам кардаанд. Онҳо гуфтаанд, ки парвандаи зидди Одинаев моҳи октябри соли 2018 кушода шудааст.

Вале намояндагони мухолифини тоҷик дар хориҷа мегӯянд, Фарҳод Одинаев чанд сол боз аз фаъолиятҳои сиёсӣ даст кашида, дар Маскав "зиндагии ором" дошт.

Дар бораи номаи мақомоти Тоҷикистон ба ҷониби Беларус Наста Лойка, ҳуқуқшиноси созмони "Human Constanta", рӯзи 28-уми сентябр ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Бо гузашти чаҳор рӯз аз замони дастгир шудани Фарҳод Одинаев мақомоти тоҷик расман хабар надодаанд. Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ ба пурсишҳои Радиои Озодӣ дар ин бора ҷавоб нагуфтанд.

Фарҳод Одинаев, ки рӯзи 25-уми сентябр ба машварати солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи ҳуқуқи инсон ба Варшава мерафтааст, дар гузаргоҳи марзии "Каменный Лог", воқеъ дар сарҳади Литва ва Беларус бо дархости қаблии ҳукумати Тоҷикистон дастгир шуд.

Наста Лойка, ҳуқуқшиноси созмони "Human Constanta", гуфт, Фарҳод Одинаевро ҳафтаи оянда ба СИЗО ё боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Гродно мебаранд. "Додситонии кулли Беларус дар давоми 40 рӯз масъалаи таслим кардан ё накардани ӯро ба Тоҷикистон баррасӣ хоҳад кард. Вай дар ин муддат дар боздоштгоҳ меистад," -- гуфт Лойка.

Ин ҳуқуқдони беларусӣ афзуд, Фарҳод Одинаев феълан "худро хуб ҳис мекунад" ва аз вазъи нигоҳдориаш дар боздошт "шикоят надорад". Дарёфти хабар аз манобеи дигар дар бораи вазъи Фарҳод Одинаев ва қазияи ӯ дар ҳоли ҳозир имкон надорад.

Дар ҳамин ҳол, Стив Свердлов, пажуҳишгари аршади Дидбони Ҳуқуқи Башар барои Осиёи Марказӣ гуфтааст, давлати Беларус бояд тааҳудоти байналмилалиашро иҷро карда ва "Одинаевро ба ҳеҷ ҷое аз ҷумла Тоҷикистон нафиристад, чун мумкин аст, бо ӯ дар онҷо бадрафторӣ ё шиканҷа сурат бигирад."

Фарҳод Одинаев 42 сол дошта, зодаи ноҳияи Ҳисор аст. Соли 2013 ба ҳайси яке аз муассисони телевизиони "Сафо" дар Маскав кор кардааст, ки аз моҳи август то ноябри он сол тавонист барномаҳо таҳия кунад. Фаъолони мухолифин мегӯянд, телевизиони мустақил он сол зери фишори мақомоти тоҷик баста шуд.

Ба иттилои дарёфтӣ, ӯ санади шаҳрвандии Тоҷикистон ва Русияро дошта, дар Маскав зиндагӣ мекард ва бар асоси шиносномаи Русия виза ё раводиди сафар ба Лаҳистонро ба даст оварда буд.

Одинаев як узви созмони ҷамъиятии "Eurasian Dialog Institution" аст ва ба ҳайси узви ин созмон қарор буд дар чанд рӯзи охири ҷаласаи САҲА дар Варшава иштирок кунад. Муҳаммадҷон Кабиров, раиси созмони "Eurasian Dialog Institution", рӯзи панҷшанбеи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи боздошти Одинаев раҳбарияти САҲА ва дигар иштирокдорони ҷаласаи Варшава ва ҳам мақомоти Беларусро огоҳ карда ва гуфтааст, дар озод шудани Одинаев аз ҳабс мусоидат кунанд.

Мақомоти Тоҷикистон баъд аз соли 2015 номи даҳҳо узви ҳизбу созмонҳои мамнӯи сиёсиро ба феҳристи мавриди ҷустуҷӯ ворид карданд ва бар асоси он танҳо дар Беларус ҳадди ақал ду шаҳрванди Тоҷикистон боздошт ва бо хатари истирдод рӯбарӯ шуданд.

Бо талошҳои ҳомиёни ҳуқуқ дар чаҳор соли гузашта як фаъоли созмони мамнӯи "Гурӯҳи 24" Шабнам Худойдодова ва футболбози тими "Хайр"-и Ваҳдат Парвиз Турсунов баъди боздошти чандмоҳа дар Беларус раҳо шуданд.

Созмони "Human Constanta" мегӯяд, дар қазияи ин ду нафар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Беларус паёмадҳои номатлуби таслим ва истирдоди фаъолон ба Тоҷикистонро ба эътибор гирифта, "талаби мақомоти тоҷикро иҷро накарданд".

XS
SM
MD
LG