Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти Фарҳод Одинаев, фаъоли мухолифин, дар Беларус


Акс аз саҳифаи фейсбукии Фарҳод Одинаев
Акс аз саҳифаи фейсбукии Фарҳод Одинаев

Масъулони "Human Constanta", созмони ҳомии ҳуқуқи инсон дар Беларус гуфтанд, Фарҳод Одинаев – шаҳрванди Тоҷикистону Русия – рӯзи 25-уми сентябр дар гузаргоҳи марзии "Каменный Лог", воқеъ дар сарҳади Литва ва Беларус бо тақозои ҳукумати Тоҷикистон дастгир шудааст. Онҳо мегӯянд, Одинаев "бо хатари истирдод ба ватан рӯ ба рӯ аст".

Ҳанӯз ҷониби Тоҷикистон дар заминаи боздошти Фарҳод Одинаев дар Беларус изҳори назар накардааст.

Фаъолони мухолифин мегӯянд, Одинаев бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки яке "узвият дар созмони мамнӯъ" мебошад, муттаҳам аст.

Наста Лойка, ҳуқуқшиноси созмони "Human Constanta", рӯзи 26-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Минск гуфт, Фарҳод Одинаев шабро дар яке аз боздоштгоҳҳои вилояти Гроднои Беларус пушти сар кардааст.

"Феълан маълум аст, ки Беларус масъалаи супурдани ӯро ба Тоҷикистон матраҳ мекунад. Ҳоло ӯ дар боздоштгоҳи шаҳри Сморгони вилояти Гродно нигаҳдорӣ мешавад. Мо парвандаи ӯро пайгирӣ ва талош мекунем, ки аз ҳуқуқаш ҳимоят кунем, то шиканҷа нашавад. Нигаронии мо ин аст, ки ӯро ба Русия нафиристанд. Тоҷикистон узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой аст ва метавонанд ҷараёни супурдани ӯро роҳандозӣ кунанд. Ин хатар вуҷуд дорад. Барои мо хеле муҳим аст, ӯро дар шароите нагузоранд, ки ҳуқуқаш поймол шавад", -- афзуд ӯ.

Лойка гуфт, бар асоси қонунҳои Беларус, дар рӯзи сеюми боздошти шахс ба ӯ бояд "айб эълон шавад ва ё ӯро аз хоки кишвар истирдод кунанд". Ӯ гуфт, дар ҳамин санад бояд сабаби боздошти ӯ дақиқ шарҳ дода шавад.

"Феълан танҳо ҳамин чиз маълум аст, ки Одинаев бар асоси дархости Тоҷикистон боздошт шудааст", -- гуфт ҳомии ҳуқуқ.

Фарҳод Одинаев 42 сол дошта, зодаи ноҳияи Ҳисор аст. Соли 2013 ба ҳайси яке аз муассисони ТВ "Сафо" дар Маскав кор кардааст, ки аз моҳи август то ноябри он сол тавонист барномаҳо таҳия кунад. Фаъолони мухолифин мегӯянд, телевизиони мустақил он сол зери фишори мақомоти тоҷик баста шуд.

Ба иттилои аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, Фарҳод Одинаев барои иштирок дар ҷаласаи САҲА, ки рӯзҳои 16-26-уми сентябр дар Варшава баргузор мешавад, визаи Полшаро дастрас карда буд. Ба иттилои дарёфтӣ, ӯ шаҳрванди Тоҷикистон ва Русия буда, дар Маскав зиндагӣ мекард ва бар асоси шиносномаи Русия виза ё раводиди сафар ба Полшаро ба даст оварда буд.

Одинаев як узви созмони ҷамъиятии "Eurasian Dialog Institution" мебошад ва ба ҳайси узви ин созмон қарор буд дар чанд рӯзи охири ҷаласаи САҲА иштирок кунад.

Муҳаммадҷон Кабиров, раиси созмони "Eurasian Dialog Institution" ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи боздошти Одинаев раҳбарияти САҲА ва дигар иштирокдорони ҷаласа дар Варшава ва ҳам мақомоти Беларусро огоҳ карда гуфтааст, дар озод шудани Одинаев аз ҳабс мусоидат кунанд.

Маҳмудҷони Файзраҳмон, намояндаи расмии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, Фарҳод Одинаев дар гузашта узви ин ташаккули сиёсӣ буд, вале "пеш аз бастани ҳизб ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав" ҳамроҳи дигар аъзои ҳизб рафта аз узвияти ин созмон "расман баромада буд ва ҳеч фаъолияти сиёсӣ надошт".

ҲНИТ соли 2015 бар асоси қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнӯъ ва террористӣ эълон шуд. Ин ҳизб дар ташкили ҳодисае, ки мақомот онро ошӯби нофарҷом ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ меноманд, муттаҳам аст. Вале раҳбарияти ҳизб ин иттиҳомро комилан бепояву асос номида, рад мекунад.

Мақомоти тоҷик зимни баррасии вазъи зиндониҳои сиёсӣ дар нишасти САҲА гуфтанд, то ҳол 57 узви ин ҳизб дар додгоҳҳои Тоҷикистон муҳокима шудаанд. Сохторҳои ҳифзи қонун дар Тоҷикистон ба таъкид мегӯянд, ки аъзои мухолифин, аз ҷумла ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ барои нақзи Кодекси ҷиноӣ ба зиндон маҳкум шудаанд. Вале худи аъзои ин созмон мегӯянд, иттиҳоми зидди аъзои онҳо дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад.

Баъд аз соли 2015 номи даҳҳо узви ҳизбу созмонҳои мамнӯи сиёсиро ба феҳристи мавриди ҷустуҷӯ ворид кард ва бар асоси он танҳо дар Беларус ҳадди ақал ду шаҳрванди Тоҷикистон боздошт ва бо хатари истирдод рӯбарӯ шуданд. Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, аксари истирдодшудаҳоро дар Тоҷикистон бо сабаби фаъолиятҳои сиёсиву интиқодашон аз ҳукумат шиканҷаву бадрафторӣ таҳдид мекунад.

Бо талошҳои ҳомиёни ҳуқуқ дар чаҳор соли гузашта як фаъоли созмони мамнӯи "Гурӯҳи 24" Шабнам Худойдодова ва футболбози тими "Хайр"-и Ваҳдат Парвиз Турсунов баъди боздошти чандмоҳа бо талаби Тоҷикистон раҳо шуданд. Созмони "Human Constanta" мегӯяд, дар қазияи ин ду нафар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Беларус паёмадҳои номатлуби таслим ва истирдоди ин фаъолон ба Тоҷикистонро ба эътибор гирифта, талаби мақомоти тоҷикро иҷро накарданд.

XS
SM
MD
LG