Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

60 соли Баҳманёр ва "Сармаддеҳ"-и ӯ


Баҳманёр
Баҳманёр

Баҳманёр, яке аз хушномтарин адибони муосири Тоҷикистон рӯзи 15 июл ба синни мубораки 60 мерасад. Радиои Озодӣ дар ин ҷашн пои сӯҳбати муаллифи "Сармаддеҳ" нишаст.

Сӯҳбати мо бо Баҳманёр Арабзода Аминӣ дар утоқи кории ӯ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар остонаи ҷашни 60-солагии ин адиби хушноми тоҷик сурат гирифт. Муаллифи "Сармаддеҳ" рӯзи 15 июл ба синни 60 мерасад. Мо ӯро бо рӯзи мавлуд табрик кардем ва нахуст аз ӯ суол кардем, ки ҳоло аз сару аз дилаш чӣ мегузарад?

Баҳманёр: - Ҳайронам, ки чӣ тур 60 – сола шудам. Вақт тез мегузарад ва эҳсос намекунӣ ба чӣ суръат. Дирӯз устод Абдунабӣ Сатторзода гуфтанд, ки «ту кӯдаки дирӯза алакай ба 60 даромадӣ?»… Ба гузашта бингарам, умр беҳуда нагузашт. Одами эҷодкор, хоҳ қонеъ аст, хоҳ нест, саҳми худро дар зиндагӣ мегузорад, аз ҷумла ман дар зиндагӣ ҳам саҳм нагузошта бошам, дар адабиёт гузоштам.

Озодӣ: - Воқеан, ҳоло чӣ дар анбони 60 – сола доред?

Баҳманёр:- Дар анбонам ғайр аз китобҳое, ки навиштам ва чаҳор фарзандам, чизи дигар надорам.

Сармаддеҳро ман худам сохтаам

Озодӣ: - Шуморо офаридгори деҳаи хаёлие ба номи Сармаддеҳ мегӯянд, ба гунаи дигар, Худованди Сармаддеҳ. Сармаддеҳ куҷост? Агар аз Шумо хоҳанд, ки роҳашро нишон деҳ ва ё адресашро бигӯ, чӣ мегӯед, куҷоро нишон медиҳед?

Баҳманёр

Баҳманёр Арабзода Аминӣ 15-уми июли соли 1954 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаро дар мактаби №3 ба номи Надежда Крупскаяи шаҳри Панҷакент гирифтааст. Хатмкардаи риштаи забони арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, ҳоло Донишгоҳи миллӣ аст. Хабарнигори рӯзномаи “Маданияти Тоҷикистон” буд. Солҳои 1983 -1985 дар Либия ба ҳайси мутарҷим кор кардааст. Баъди бозгашт ба ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ба кор даромад. Сипас то соли 1992 мудири шӯъбаи насри маҷаллаи “Садои Шарқ” буд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба зодгоҳаш - Панҷакент рафт. Соли 2002 ба Душанбе даъват шуд ва муовини сардабири ягона маҷаллаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон - “Садои Шарқ” - таъин гардид.

Муаллифи китобҳои “Ишқи сайёд” (1984), “Аспи обӣ” (соли 1988), “Дуди ҳасрат” (соли 1992), «Сармаддеҳ» (соли 2002), “Шоҳаншоҳ” (соли 2007), «Сармаддеҳ» (китоби дуюм, соли 2014), «Жили-были в Сармаддехе» (Алма-Ато, 2014).

Ҳоло машғули кор рӯи романи тозае бо номи рамзии “Ғӯтях” аст.

Барандаи ҷоизаи ба номи устод Айнӣ аст.

Оиладор ва соҳиби 4 фарзанд: ду писару ду духтар.

Баҳманёр: - Сармаддеҳ дар харита нест. Умуман вуҷуд надорад. Ин деҳ бофтаву сохтаи ман аст. Дар адабиёти дунё назири он зиёд аст. Масалан, Уилям Фолкнер, нависандаи маъруфи амрикоӣ, соҳиби ҷоизаи Нобел як музофоти хаёлӣ дорад ба номи Йокнопатофа. Адиб харитаи ин музофотро кашида буд. Дар он харита маҳалли зисти сияҳпӯстон, сафедпӯстону сурхпӯстон, корхонаву ширкату ҷангал ва дарёҳоро ҳам мушаххас карда буд. Болои ин харита навишта буд: Ҳокими ягона Уилям Фолкнер. Дар адабиёти Шӯравӣ ҳам намунаҳо буданд, масалан, Сумикати Гран Матевосян, Чегеми Фозил Искандар. Габриэл Гарсиа Маркес ҳам як шаҳри хаёлӣ дошт ба номи Макондо. Сармаддеҳ ҳам чунин аст. Худам сохтам.

Озодӣ: - Ин образҳоро Шумо худ офаридаед, ё тамсили афродест, ки вуҷуд доранд?

Баҳманёр: - Ягон қаҳрамони ман дар зиндагӣ вуҷуд надорад. Ҳама бофтаву сохтаи худи мананд. Фақат баъзе штрих ё ҷузъиёте ҳастанд, ки онҳоро аз зиндагӣ мегирам, яъне ягон ҷо дидаму шунидам. Одаме, ки масалан, прототипи Холдори Чилдурӯғ бошад, нест. Аммо дар ҳаёт ба мисли ӯ шояд ҳазору даҳ ҳазор бошанд. Аз ин ҳама ман як одам сохтам. Кампири Осуда. Назири ӯро ман дар дунё надидаам. Дигар чизе, ки ба ман кӯмак кард, матолиаи зиёди адабиёти ҷаҳон аст. Мисли ман хонанда дар Тоҷикистон кам аст. Асарҳои беҳтарини адабиёти ҷаҳонро хондаам. Як замон муҳандис – методист дар Кумитаи кинематография будам. Вақти зиёд доштам ва аз Китобхонаи Фирдавсӣ омада, китоб мегирифтам. Ҳар ҳафта 5-6 роман мехондам. Духтари руси китобдор бовар накард. Маро ҳатто имтиҳон кард ва дид, ки дурӯғ намегӯям. Ҳисоб кунед, ки чӣ қадар китоб хонда бошам?

Озодӣ: - Дида мешавад, ки қаҳрамонҳои Шумо ҳеҷ гоҳ аз типи худ, аз пӯсту пӯстини худ берун намеоянд. Чи тавр Шумо барои ҳар яки онҳо луғат, тарзи тафаккур ва ҳатто гуфтору рафтор мушаххас эҷод кардед?

Баҳманёр: - Фолкнер барои он, ки иштибоҳ накунад, дар харита кулбаҳои қаҳрамонҳояшро муайян мекард, номашонро оварда, характерашонро менавишт, масалан, майнӯш, масхарабоз аст ва ғайра. Вай иштибоҳ намекунад, зеро харита дорад. Ман харита надорам, вале хислату хӯи ҳар қаҳрамонамро ба хубӣ медонам, чӣ ва ба кадом услуб мегӯяд, масалан, Холдори Чилдурӯғ ҳатман мегӯяд: «Агар дурӯғ гӯям, санг шавам, кулӯх шавам», ё ҷои дигар мегӯяд, «коре шуд, ки таърих ёд надорад». Хулоса, ман ҳар яки онҳоро хуб мешиносам ва медонам, ки бояд чӣ гӯянду чӣ кор кунанд.

Озодӣ: - Вақте ягон ҳикояро аз Сармаддеҳ нақл мекунед, дар кадом тарафи деҳа ё ҳикоя меистед?

"Сармаддеҳ" ба забони русӣ
"Сармаддеҳ" ба забони русӣ

Баҳманёр: - Як деҳи кӯҳистонро тасаввур кунед, ки боми хонаи шумо полези ҳамсояатон аст. Бом болои бом. Аз дур нигаҳ кунед, ба монанди як хонаи баландошёна ё осмонбӯсҳои Ню – Йорк аст. Ман аз сари ҳамон бино истодаам ва деҳро наззора мекунам. Мисли як дирижёр ҳастам, ки як оркестрро бо чӯбакаш бозӣ медорад.

Озодӣ: - Ягон қаҳрамони «дӯстдорам» доред?

Баҳманёр: - Ҳамаашро дӯст медорам. Ҳеҷ яке барои ман идеал ва боло аз дигарӣ нест.

Озодӣ: - …ва ҳеҷ якеро бад ҳам намебинед?

Баҳманёр: - Бад ҳам намебинам. Бадбахтона ё хушбахтона, ҳамин тавр аст.

Озодӣ: - «Сармаддеҳ» як деҳе, ки нест ва табиист, ки қаҳрамонҳояш бофтаи тахайюли Шумоянд. Чаро фикр мекунед, ки ин деҳа ва одамонаш барои адабиёт зарур ва муҳиманд?

Баҳманёр: - Фикр намекунам, ки ман касеро ба коре ҳидоят кунам. Он чӣ ман менависам, мардумро руҳбаланд мекунад. Деҳи ман нотакрор аст. Қаҳрамонҳояш ибратангезанд. Масалан, Кампири Осуда, касе, ки ба ҳама кӯмак мерасонад, ҳамаро табобат мекунад. Як зани соф тоҷик аст. Агар ягон духтари тоҷик инро хонад, фикр мекунам, таъсир мегирад. Ё Фариштамоҳ ба қотили ошиқи худ ба шавҳар баромада, ӯро ба қатл мерасонад. Ишқи ӯ омӯзанда нест? Ҳаст. Хуб, дигар таърих баҳо хоҳад дод, ки Сармаддеҳ ва қиссаҳояш то куҷо ба мардуму адабиёт даркор хоҳанд шуд.

Озодӣ: - То ба ҳол чанд қисмати «Сармаддеҳ» нашр шуда?

Баҳманёр: - Ду китоб аз он нашр шуд.

Озодӣ: - Боз ҳаст?

Баҳманёр: - Албатта, агар Худо умр диҳад, чорумашро ҳам нашр мекунем.

Озодӣ: - Як рӯз агар даъвати Худовандро «лаббайк» гуфтед, қиссаҳои «Сармаддеҳ» - ро кӣ идома медиҳад? Чун офаридгораш равад, зиндагии Сармаддеҳ ҳам анҷом меёбад?

Баҳманёр: - Бо ҳамин тамом мешавад. Худи Сармаддеҳ мемонад, аммо қиссанависаш, ки рафт, қиссаҳояш анҷом меёбанд. Қаҳрамонҳо мемонанд. Шояд то сад соли дигар онҳоро хонанду донанд…

Адабиёти 20 соли охир музофотӣ буд

Озодӣ: - Сарнавишти адабиёти тоҷикро чӣ тавр мебинед? 20 сол аз истиқлолият гузашт. Ягон асари мондагор буд дар ин муддат?

Баҳманёр: - Ман дар хотир надорам, ки касе маро танқид карда бошад. Чунин мунаққид вуҷуд надорад. Барои он ки маро хонаду таҳлил кунад, лоақал ними мутолаоти маро бояд дошта бошад. Азбаски инро надоранд ҷуръат намекунанд, ки ба асарҳои ман рӯ оранд. Дар бораи асари ман хеле кам менависанд, дурусттар аст, ки гӯем, умуман наменависанд.

Озодӣ: - Аз ин пушаймон нестед, ки аз оғоз даст ба қалам гирифтед, роҳи адабиётро интихоб кардед?

Баҳманёр: - Аслан гирем, хеле пушаймон ҳастам. Чаро? Дар даври ҳозира дар Тоҷикистон хонанда нест. Солҳои Шӯравӣ як китоб дар Маскав ба теъдоди 1 миллион нашр мешуд, дар мо то 100 ҳазор. Ҳоло чӣ? 1000 нусха! Ҳамонро ҳам касе нест, ки хонад. «Садои Шарқ» ба теъдоди 40 ҳазор нусха буд. Ҳоло 1 ҳазор аст! Маълум не, ки аз ҳамин 1 ҳазор, чанд кас ихтиёрӣ обуна шудаанд. Ин нишондиҳандаи хеле муҳим аст. Тасаввур кунед, аз 40 нафар 1 хонанда мондааст. Ба гумон аст, ки дар оянда хонанда монад. Ман аз ин метарсам.

Озодӣ: - Гоҳо шикоят мекунед, ки ба қадри Шумо нарасидаанд. Шояд Шумо ба қадри давру замони худ нарасидед?

Баҳманёр: - Чӣ тавр ман нарасидам? Ҳар чӣ аз дастам омад, кардам. Аммо ин, ки ба қадри ман нарасиданд, яқин аст…

Мулоқот бо ...Путин

Озодӣ: - Соли гузашта чаро ба мулоқоти Владимир Путин ба Маскав нарафтед? Танҳо Мӯъмин Қаноат рафтанд…

Баҳманёр: - Ман нарафтам, не. Инҳо маро хабар надоданд. Баҳона пеш оварданд, ки маро ёфта натавонистанд. Чӣ тавр дар як бино кор мекунем, ба болои ин, ман телефони дастиву корӣ дорам, аммо онҳо маро наёфтанд? Кофта, наёфтани ман ҳеҷ имкон надорад. Намедонам, чӣ шудааст.

Озодӣ: - Даъватнома ба куҷо омада буд?

Баҳманёр: - Ба Иттифоқи нависандагон…

Баҳманёре ки бояд Маркес мешуд, вале...

Озодӣ: - Мӯъмин Қаноат мегӯяд, ки бояд Маркес мешудед, аммо нашудед. Шароити ӯро надоштед. Ин назари он кас аст. Шумо чӣ назар доред?

Баҳманёр: - Маркес дар як мусоҳибааш нақл мекунад, ки боре дар озмуни ҳикояи Амрикои Лотинӣ пирӯз омад ва ба ҳаққи қаламе, ки ба даст овард, ду сол зиста, романи «Сад соли танҳоӣ»-ро навишт. Тасаввур кунед: ба як ҳикоя 2 сол зиндагӣ кард. Акнун дар Тоҷикистон. Ҳаққи қалами як ҳикоя ду ҳафта он тараф истад, барои ду рӯз намерасад. Ба як рӯз ҳам. Хеле ночиз аст. Умуман, дар Тоҷикистон бо ҳаққи қалам зиста намешавад.

Озодӣ: - Киро ё чиро бештар хоб мебинед? Мурдаҳо бештар ба хобатон меоянд, ё зиндаҳо?

Баҳманёр: - Мурдаҳоро аслан хоб намебинам. Зиндаҳо гоҳ – гоҳ ба хобам меоянд. Танҳо рӯъёҳои ваҳшатанок дорам. Ягон хоби даҳшатнок мебинам, парида мехезам. Ин чанд дафъа такрор мешавад. Шояд мағзи сарам осеб дида бошад. Хобҳои ман ҳама кобусанд. Хобҳои Салвадор Дали ҳастанд. Онҳоро шарҳ дода намешавад. Сюреализм ҳастанд.

Озодӣ: - Чаро нависандагон аз гузашта менависанду аз имрӯз не? Характери мардум дар солҳои баъди Шӯравӣ дар ягон асар дуруст инъикос ёфтааст?

Баҳманёр: - Баъди суқути Шӯравӣ он ҳаводисе, ки дар мо иттифоқ афтоданд, беҳтараш, рӯи асари бадеӣ наоянд. Касе нанависад, онро бетарафона наменависад. Адабиёт бояд бетараф бошад. Лев Толстой пас аз 50 сол «Ҷанг ва сулҳ»-ро навишт. Чӣ ҳосил шуд? Даҳо на Фаронсаро танқид кард, на Русияро. Ҳақиқатро навишт. Наполеону Александр барояш дар як поя буданд. Дар бораи ҷанги мо танҳо Андрей Волос романи «Хуррамобод»-ро навиштааст бетарафона. Вай аз берун бетараф буда метавонад, аммо мо не. Бояд 40 – 50 сол мунтазир бошем.

Озодӣ: - Хонандаи Шумо кист? Барои кӣ менависед?

Баҳманёр: - Пеш аз ҳама барои худам менависам. Умуман, навиштанро дӯст медорам. Аммо шароит надорам, ки бисёр нависам. Чаро? Ман дар ошёнаи 6 – уми бинои 9–ошёна зиндагӣ мекунам. Рӯзона кӯдакон намегузоранд. Падару модар кӯдакро барои онки халал нарасонад, аз дар берун мекунад. Айвони биноҳо ҳамеша пур аз шӯру мағали кӯдакон аст, ҳатто бо «бакляжшка» футбол мекунанд. Духтарон бо санг ҳакалинг мезананд. Шаб. Бо даст навишта наметавонам. Бо мошинкаҳои чопии Шӯравӣ навиштанро хуш дорам. Он садо мебарорад ва ин садо ҳамсояҳоро нороҳат мекунад. Солона як – ду то се ҳикоя менависам. Ҳамонро ҳам вақте ба зодгоҳ равам. Он ҷо хеле ором аст.

Озодӣ: - Бархе мегӯянд, Айнӣ нависанда нест. Фикри Шумо?

Баҳманёр: - Айнӣ бузургтарин нависандаи 100 соли ахири тоҷик аст. Мисли ӯ нест. Танҳо ба он хотир аст, ки «Ёддошт»-ҳоро навиштааст. Ҳатто Константин Федин гуфта буд, ки чанд китобро ҳамеша мехонад, ки яке «Бухара» (варианти русии «Ёддоштҳо») аст.

Озодӣ: - Шумо дар вожакобӣ, вожаёбӣ ва вожасозӣ ҳамто надоред. Оё фикри луғатсозӣ ҳам дар саратон мечархад?

Баҳманёр: - Не, барои он, ки Доро Наҷот як «Луғати Доро» ном луғате дорад ва он ҷо пурра калимаҳои наве, ки дар навиштаҳои ман ҳастанд, ҷой гирифтаанд. Қодири Рустам ҳам пушти луғатест ва ӯ низ ҳамаро истифода хоҳад кард. Луғатсозии ман маъно надорад дигар.

Озодӣ: - Аз нигоҳи имрӯз аз кадом ҳикояҳоятон норозиед? Ягонтои онро мехоҳед ба тарзи дигар нависед, ё аз он даст кашед?

Баҳманёр: - Аз ягон чизе, ки навиштаам, даст намекашам. Аз ҳеҷ як навиштаам шарм ҳам намекунам. Чаро? Ба ягон кас хушомад назадам, ягон сохтро таъриф накардам, колхозу корхона дар навиштаҳоям набуд. Ҳар он чӣ дилам хост, ҳамонро навиштам. Ҳастанд ҳикояҳое, ки мехоҳам аз дигар нависам, аммо намекунам. Паноҳаш ба Худо мегӯям, чун зодаи вақту соат ва таърихи худ буд.Онҳо таърихи худи ман ҳам ҳастанд. Нишон медиҳанд, ки кӣ будаму кӣ шудам.

Озодӣ: - Романатон «Шоҳаншоҳ» муваффақ буд?

Баҳманёр: - Азбаски романи нав буд ва намунааш то ин вақт дар адабиёти тоҷик набуд, барои хонандаи ман ҳам ғайриоддӣ буд. Ман таърихро бо зиндагии муосир печ додам. Хонанда камтар ҳайрон шуд. Гуфтанд, оне, ки «Сармаддеҳ» менавишт, чӣ тур ба роман даст зад? Азбаски чизи нав буд, мунаққидон ҳам тӯриданд. То ба ҳол тақризе нест…

Баҳманёр Баҳманёрро мехонад?

Озодӣ: - Оё Баҳманёр Баҳманёрро мехонад?

Баҳманёр: - Танҳо пас аз он, ки котибаҳо ҳикояҳоямро дар компютер мечинанд. Он ҳам ба он хотир, ки ягон хатогӣ нагузарад.

Озодӣ: - Мегӯянд, ки зиёд менӯшед. Ин барои Шумо одат аст, истироҳат ё гирифторӣ?

Баҳманёр: - Ҳамон Уилям Фолкнер хеле сарват дошт. Масалан, ҳамеша дар оғилаш чор аспро нигоҳдорӣ мекард. Аммо ӯ баъзан ба мастии бардавом, ба русӣ, «запой» мерафт. Дӯстонаш ӯро мебурданд, дар шифохона табобат мекарданд. Меомад, як - ду моҳ чизе ба лаб намебурд, аммо боз сахт менӯшид. Ва боз шифохона… Ба ӯ гуфтанд, ки чӣ зарур барои ту нӯшидан? Гуфт: Намедонам. Ман ҳам намедонам. Мисли Фолкнер сарватманд нестам, аммо намедонам, ки барои чӣ менӯшам.

Озодӣ: - Охирин китобе, ки хондед?

Баҳманёр: - Китоби адиби фаронсавӣ – Жан Пол Сартр. Вақте дар Беморхонаи Ибни Сино муолиҷа мегирифтам, онро хондам.

Зӯрам барои табобати худам намерасад

Озодӣ: - Саломатиатон хуб нест?

Баҳманёр: - Як поям касалии артисклероз аст. Ҳар се моҳ бояд муолиҷа гирам. Як дору барои он ҳаст - вазапрастан, ки 500 доллар қимат дорад. Барои хариданаш зӯрам намерасад. Аз ин хотир, ҳар се моҳ табобат мегирам. Сари директори Беморхонаи Ибни Сино дард накунад, маблағи муолиҷаамро ба зимма гирифтааст.

Озодӣ: - Дар умум рӯзгоратон чӣ тавр мегузарад?

Баҳманёр: - Рӯзгорам хеле кунд мегузарад. Кор меоям ва тамоми рӯзам якмарому якхела, дилбазан мегузарад.

Озодӣ: - Реҷаи рӯзатон чӣ гуна аст?

Баҳманёр: - Аз субҳ, соатҳои 8 то 12-и рӯз дар кор мебошам. Баъд аз он зарурати истоданро намебинам, чун хаста мешавам ва ҳам баъзе бекорхӯҷаҳо омада, сари касро гаранг мекунанд.

Озодӣ: - Маошатон ба рӯзгоратон мерасад?

Баҳманёр: - Нӯг ба нӯг мешавад. Зиндагии шоҳона надорам, миёна ҳам надорам, як зиндагии ночорӣ дорам. Аз ин қаноатманд ҳам ҳастам. Худо аз ин бад накунад…

XS
SM
MD
LG