Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси хунини 100 кило ҳероин. Оғози мурофиаи “Ҳоҷӣ Самандар”


Додгоҳи олии Тоҷикистон ба баррасии парвандаи пурсарусадои “Ҳоҷӣ Самандар”, ки ба қатли ду бародар барои пули маводи мухаддир айбдор мешавад, шурӯъ кардааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 июн ба муҳокимаи парвандаи пурсарусадои Абдулазиз Усмонов, маъруф ба “Ҳоҷӣ Самандар”, як сокини 53-солаи рустои Белайдузи ноҳияи Ҳисор ва ду шарики ӯ – Саидмурод Мадалиев ва Ҷамшед Раҷабов - шурӯъ кардааст. Як намояндаи Додгоҳи олӣ рӯзи 10 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “Ҳоҷӣ Самандар” ва шариконаш ба куштори бародарон Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳо, зодагони дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор айбдор мешаванд ва мурофиаи парвандаи онҳо боз мегузарад.

Ҷасадҳои бародарон Каримовҳо баъди чанд рӯзи ғайб заданашон рӯзи 18 ноябр аз канори роҳе дар ҳудуди ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ ёфт шуд. Ҳафтае баъд Маркази робита бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри барномаи мустанади муфассале аз тариқи телевизиони давлатӣ хабар дод, ки бо гумони қатли ин ду бародар ду сокини ноҳияи Ҳисор, аз ҷумла Абдулазиз Усмонов, ва як сокини Душанбе дастгир шудаанд.

“Ҳоҷӣ Самандар” дар ин навор масъулияти фармоиши қатли Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳоро эътироф кард ва гуфт, ин куштор дар заминаи ихтилофи онҳо бар сари харидуфурӯши маводи мухаддир содир шудааст.

“Ҳоҷӣ Самандар” дар ин навор гуфта буд, ки ба бародарон Каримовҳо беш аз 100 кило маводи мухаддир дода буд, вале пулашро гирифта натавонист. Ӯ гуфт, ба ҳамин далел ду нафарро, ки яке аллакай барои куштор 15 сол ҳукми зиндон гирифта буду дувумӣ аз сӯи мақомоти Русия таҳти ҷуустуҷӯ қарор доштааст, барои куштани Каримовҳо киро кардааст, чунки “ман бояд онҳоро мекуштам, набошад моро мекуштанд.”

Ин ду нафар низ дар он навор эътироф карданд, ки бо супориши “Ҳоҷӣ Самандар” бародарон Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳоро ба қаламрави ноҳияи Рудакӣ бурда ва ҷои хилватеро пайдо карда, аввал ба сари онҳо халтаҳои селофанӣ ё плостикӣ андохта ва баъдан ба баданашон тир кушоданд. Пас аз ин қотилон бо бел заминро канда, ҷасадҳои ҳардуро гӯр кардаанд.

Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримов, истиқоматкунандагони мутаносибан 34 ва 46-солаи кӯчаи Нусратулло Махсуми шаҳри Душанбе рӯзи 6-уми ноябр бо мошинҳои «Toyota Camry» рақами давлатиаш АР 50-00 07 РТ ва худрави тамғаи «Range Rover», рақами давлатиаш 53-60 ВН 01 РТ аз хона баромада, бедарак шуданд.

Ба гуфтаи масъулон, пас аз муроҷиати Меҳроб Каримов, бародари ин афрод дар мавриди бедарак шудани онҳо, гурӯҳи фаврӣ – ҷустуҷӯи созмон дода шуда кофтукоб эълон гардида буд. Гуфта мешавад, қабл аз он, ки ин ду нафар нопадид шаванд, нафаре ба онҳо занг зада ва ба мулоқот даъваташон карда буд. Онҳо аз ин мулоқот дигар ба хона барнагаштанд.

Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳо, ба гуфтаи наздикони онҳо, ҳарду бизнеси мошин доштанд ва аз хориҷи кишвар, бештар аз Олмону Латвия мошин ворид мекарданд. Аммо “Ҳоҷӣ Самандар”, ки ҳоло ҳамчун фармоишгари қатли ин бародарон ба додгоҳ эҳзор шудааст, иддао дорад, ки дар асл бизнеси ин бародарон марбут ба харидуфурӯши маводи мухаддир буд.

Худи “Ҳоҷӣ Самандар” дар ибтидои солҳои 2000-ум низ бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир маҳкум ба зиндон шуда буд, вале бар асоси қонуни афв 4 сол пеш раҳо ёфт.

XS
SM
MD
LG