Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи ҷони муҳофизи Ватан -- 4000 сомонӣ (ВИДЕО)


Азамат Азимов
Азамат Азимов

Хонаводаи як афсари нерӯҳои марзбони Тоҷикистон, ки дар ҳифзи Ватан ҷон додааст, бесарпаноҳ ва овора буда, коҳиши ҷубронпулии ҷони афсару сарбозон ҳомиёни ҳуқуқи онҳоро нигарон кардааст.

Ҳамсари Азамат Азимов як афсари Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки 25-уми августи соли гузашта дар як задухӯрд дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон кушта шуд, мегӯяд, ки мақомот арзиши ҷони шавҳари ӯро дар маҷмӯъ 4 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардаанд. Ҳамсари ин афсари тоҷик мегӯяд, ки ҳоло ӯ бо се фарзандаш дар хонаи хешу табор саргардон аст ва хонаи хидматие, ки онҳо дар он зиндагӣ мекарданд, баъди ҳалокати шавҳараш бозпас гирифта шуд.

Ҷубронпулӣ дар асоси қонун дар бораи “Вазъи ҳуқуқии хизматчиёни” ҳарбӣ ба хонаводаи ба аскар ва ё афсари кушташуда тақдим мешавад. Аммо соли 2012 ба дунболи ворид шудани тағйирот ба ин қонун ҳаҷми кӯмак даҳ баробар коҳиш ёфт.

Азамат Азимови 35-сола, сардори як гурӯҳи сарҳадбонии нерӯҳои марзбонӣ ва додарзодаи Абдураҳмон Азимов, собиқ раиси Кумитаи марзбонии Тоҷикистон буд.

Замира Мирзоҳусейнова, ҳамсари Азамат Азимов, мегӯяд, ки шавҳараш даҳ сол дар нерӯҳои марзбониӣ хизмат кард ва ин ҳама муддат онҳо дар хонаи хидматӣ зиндагӣ мекарданд.

Нархи ҷони муҳофизи Ватан -- 4000 сомонӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:46 0:00

Мирзоҳусейнова меафзояд, ҳоло макони зисти доимӣ надорад ва рӯзи худу фарзандонашро қисм ба қисм дар хонаи падари шавҳар ва бародарону хоҳарони худ мегузаронад. Ин зан дар ҳоле, ки мегирист, гуфт, борҳо аз шавҳараш хоҳиш мекард, то ҷонашро дар хатар нагузорад, аммо ӯ ҳифзи Ватанро болотар аз ҷон медонист:

“Ҳамон рӯз барои ӯ истироҳат буд, вале даъваташ карданд, ки зуд сари кор биёяд. Рафт ва ҳамин ҳодиса рух дод. Дар ҳама ҷое, ки ягон гап мешуд, якум ӯ мерафт. Мегуфтам, ки нарав, ҷонатро дар хатар нагузор. Мегуфт, ман номард нестам ва барои Ватан омодаам, ҷонамро фидо кунам. Ӯ мегуфт, мард бояд тарсончаку буздил набошад ва аз мурдан натарсад. Ҳамхидматонаш гуфтанд, ки пеш аз ҷон додан фақат гуфтааст, ки зану кӯдаконамро давлат нигоҳ кунад. Мо ҳоло бино бар ҷои доимии зист надоштан кӯдаконро ба ягон боғча дода наметавонем. Имсол фарзанди калониам мактаб бояд биравад, аммо ӯро ба кадом мактаб барем, ҳайронем,” -- мегӯяд хонум Мирзоҳусейнова.

Шаҳло Азимова, хоҳари ин афсари кушташуда мегӯяд, барои гирифтани манзили зист барои ҳамсару фарзандони бародараш ба мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон муроҷиат кард ва ба ӯ ваъда доданд, ки масъаларо дар машварат бо мақмоти болоӣ ҳал мекунанд. Ӯ мегӯяд, ваъдаи дигар, ки дар рӯзи сарҳадбонон, 25-уми май ба бародараш орден медиҳанд, низ амалӣ нашуд.

Ӯ гуфт: “Ба ман фарзанди падарамро биоранд, дигар чизе даркор нест. Лекин ӯро баргардонида намешавад. Ақаллан, фарзандони ӯро соҳибӣ кунанд. Барои ватан ҷон дод, барои мо харгӯш заданӣ нарафта буд-ку. Бояд имрӯз кӯдакҳояш бепул бихонанд, аммо пуле намеёбанд, ки боғчаи кӯдакона бираванд. Ҷигари мо месӯзад, ки фарзанди мо дигар нест. Барои Ватан мурд, аммо чаро ватандорон ба қадраш намерасанд?”

Дилмурод Назаров, комисари ҳарбии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, кӯмакпулиҳо бар асоси қонун ба хонаводаи сарбозону афсарони ҳалокшуда супурда мешавад ва ғайр аз ин вазорату кумитаҳо кӯмакҳои иловагӣ пардохт мекунанд.

Ӯ мегӯяд, давлат ҳамеша ба хидмати афсарону сарбозон арҷ мегузорад ва ба фарзандони ноболиғи онҳо низ нафақапулӣ медиҳад: “Ба хонаводаи Азамат Азимов Кумитаи давлатии амнияти миллӣ кӯмак расонд. Бовар дорам, ки боз ҳам кӯмакҳо расонида мешавад. Ҳар нафаре, ки барои Ватан хидмат мекунад, ҳатман қадрдонӣ мешавад. Ватан ҳеҷ гоҳ фарзандони содиқи худро фаромӯш намекунад,” – мегӯяд Дилмурод Назаров.

Аз сӯи дигар Дилрабо Самадова, масъули созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” мегӯяд, то соли 2012 ба оилаи афсарону сарбозон пас аз вафот 80 маоши ҳадди ақал пардохт мешуд, аммо ҳоло он даҳ баробар кам шудааст. Бар асоси моддаи 16-и Қонун дар бораи “Вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ”, ки “Кафолати суғуртаи хизматчиёни ҳарбӣ. Ҳуқуқ ба ҷуброни зарар” ном дорад, ҳамакнун ҳар волидайн ва ҳамсару фарзандони ҳалокшудагон танҳо 8 маоши ҳади ақал кӯмакпулӣ мегиранд, ки ба гуфтаи ин ҳуқуқшинос хеле ночиз аст.

“Пас аз нооромиҳо дар Бадахшон, ки боиси ҳалокати чанд сарбозу афсар шуда буд, ин қонун тағйир ёфт. Пештар маблағи бад намегирифтанд. Афсарони ҳалокшуда бештар 80 ҳазор сомонӣ ва сарбозон то 20 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ дарёфт мекарданд. Чаро ин кӯмакпулиҳоро кам карданд, маълум нест. ”

Барои шарҳи Қонун дар бораи “Вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ”, ки чаро ҷубронпули коҳиш ёфтааст, ба Кумитаи дифоъ ва амнияти парлумон муроҷиат кардем, аммо вакилони ин кумита аз шарҳи қонунии ин мавзӯъ худдорӣ карданд.

Дилрабо Самадова мегӯяд, поин бурдани ҷубронпулии афсарону сарбозони кушташуда ба манфиати кор нест, зеро ин метавонад, садоқатмандии онҳо ба Ватанро коҳиш диҳад. Ӯ мегӯяд, агар ҳамхизматҳои Азамат Азимов, бесарпаноҳии ҳамсару кӯдакони ӯро бубинад, ҳеҷ гоҳ садоқатмандона худро ба куштан намедиҳанд.

Азамат Азимов, сардори як гурӯҳи сарҳадбонӣ рӯзи 25-уми августи соли 2014дар канори ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми як задухӯрд бо марзбонони қирғиз кушта шуд ва 26-уми август дар зодгоҳаш Кӯлоб ба хок супурда шуд.

XS
SM
MD
LG