Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тибби хонаводагӣ: як қадам ба пеш, ду қадам ба қафо


Бо гузашти 12 сол аз оғози ислоҳи хадамоти беҳдошти Тоҷикистон, дар бархе шаҳру навоҳи кишвар тибби оилавӣ ҳанӯз ҳам роҳ науфтодааст.


Саида Ҷобирова, муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон бо ироаи ин матлаб дар ҳамоише марбут ба таҳлили вазъи воқеии тибби хонаводагӣ ва рушди ин бахш дар Тоҷикистон рӯзи ҷаҳоршанбеи 4 июл дар Душанбе масъулияти нокомии татбиқи тибби хонаводагиро дар манотиқ ба дӯши мақомоти маҳаллӣ вогузор кард. Ба қавли ӯ, дар бархе манотиқи кишвар ҳукуматҳои маҳаллӣ ҷиҳати омодасозии мутахассисони тибби хонаводагӣ сармояи ночиз ихтисос медиҳанд ва ба ин сабаб барномаи ислоҳоти бахши тандурустӣ ба таври комил иҷро нашудааст.


Мусаббӣ Абдулоева, раҳбари маркази таълими клиникии тибби хонаводагии вилояти Суғд дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, феълан дар ин вилоят як табиби хонаводагӣ масъули 1500 нафар сокин аст. Ӯ афзуд, дар маҷмӯъ ба дунболи шурӯи ислоҳоти бахши беҳдоштӣ дар вилоят 740 табиб ва 770 ҳамшираи тибби хонаводагӣ омода шудаст, ки ин шумори мутахассисон ҳам кофӣ нест. Ба қавли хонум Абдуллоева, мушкили аслии рушди кунди бахши тибби хонаводагӣ дар вилоят маоши нокофии мутахассисон ва адами дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ аст.

Сар аз соли 1998 дар Тоҷикистон барномаи гузариш ба тибби хонаводагӣ шурӯъ шуд ва дар назди марказҳои вилоятии таълимию клиникии тибби хонаводагӣ 10 шӯъбаи омодасозии мутахассисони ин бахши беҳдоштӣ таъсис шуд.
XS
SM
MD
LG