Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷиян"-и сарвазир 8,5 сол ҳукми зиндон гирифт


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Оятулло Саидовро, ки худро «ҷиян»-и собиқ сарвазири Тоҷикистон муаррифӣ карда, аз мардум барои сафари Ҳаҷ пули зиёд гирифтааст, 8,5 сол маҳкум ба зиндон кард.

Мавлудхон Салихов, вакили дифои Оятуллоҳ Саидов рӯзи 14-уми апрел ба Озодӣ гуфт, ки зерҳимояаш ҳамчунин ҳанӯз қабл аз судури ҳукми додгоҳ 89 000 доллар хисороти расондаашро ба ҷабрдидаҳо баргардондааст.

Ба гуфтаи Мавлудхон Салихов, пардохти маблағи ҷабрдидаҳо боис шуд, ки 80 дарсади гуноҳи Оятулло Саидов "рӯпӯш" шавад. Айбдоркунандаи давлатӣ қаблан аз додгоҳ барои Оятулло Саидов 12 сол ҳукми зиндон хоста буд.

Аммо бо вуҷуди ин додраси додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Оятулло Саидовро бо моддаҳои 247 қисми 2 банди “а” (қаллобии дубора), 247 қисми “б” (қаллобие, ки аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ), 339 қисми 2 (тасарруф ё вайрон кардани хуҷҷат, штамп, мӯҳр)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон 8,5 сол ҳкми зиндон додааст.

Вакили дифоъ мегӯяд, Оятулло Саидов айбашро ба гардан гирифтааст ва онҳо дигар таз ин ҳукм ба ҷое шикоят намебаранд.

Оятулло Саидов бо он гунаҳкор дониста шуд, ки дар мавсими сафари Ҳаҷ аз сокинон маблағ гирифта, ваъда додаст, ки ҳуҷҷатҳои онҳоро дуруст карда, ба зиёрати Хонаи Худо мебарад. Аммо бо гузашти мавсими Ҳаҷ натавонистааст сафари муштариёнашро таъмин куна ва то оғози мурофиа ҳам пули аз мардум гирифтаашро пас надодааст.

Қаблан яке аз ҷабрдидаҳо ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки Оятулло худро ҳамчун ҷияни сарвазири вақти Тоҷикистон Оқил Оқилов муаррифӣ мекард ва мегуфт, ки Оқилов гӯё «падархонд»-и ӯст. Ба гуфтаи ин нафар, маҳз чунин алоқаи хешу табории Оятуллоҳ Саидов бо сарвазири кишвар боис шуд, ки онҳо бовар кардаанду пули худро ба дасти вай додаанд. Вале Оятулло маблағро гирифта нопадид мешавад.

Ба гуфтаи вакили мудофеъ Мавлудхон Салиҳов, Оятулло Саидови 35-сола (1979) сокини деҳаи Ҷангалободи ҷамоати Гулистони ноҳияи Ваҳдат пештар ҳам 6 маротиба бо моддаи 247 кодекси ҷиноӣ Тоҷикистон (қаллобӣ) маҳкум шуда будааст.
XS
SM
MD
LG