Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ахбори ҷаълӣ дар пайи сензураву маҳдудият пайдо мешавад


Як "клик" ё зер кардани тугмаи "мушак"-и корбари интернет метавонад ба ҳазорон нафар, ё маълумоти ҷаълӣ ваё ҳам иттилооти дурустро ба иштирок бигузорад. Ва фаротар аз ин, як хабари ҷаълӣ метавонад ихтилоф барангезад, амниятро таҳдид кунад ва паёмадҳои равониву иҷтимоӣ низ дошта бошад.

Ин ҳама ҳоло тавассути фанновариҳои нав сурат мегирад ва паёмҳоеро ба сурати таҳрикбарангез ва ба шаклҳои мухталиф, аз ҷумла видеоӣ, савтӣ, тасвирӣ ва навишторӣ, ба иштирок гузорад. Нашри ахбори сохта ва ҷаълӣ ҳамакнун яке аз падидаҳои мушкилзо дар раванди иттилооърасонӣ дониста мешавад ва ҳеҷ ҷомеае наметавонад аз он эмин бимонад.

Паҳну пароканиши фейкнюс дар Тоҷикистон хеле зиёд мешавад ва асаргузор ҳам мешаванд. Хеле асаргузор

Мавҷи ахири пахши хабарҳои ҷаълӣ ё ба истилоҳ "фейк-нюс" ба аксу видеоҳо ҳафтаи гузашта дар робита бо ҳодисаҳои Мянмар шабакаҳои иҷтимоиро пахш кард. Аз ҷумла, корбарони зиёди ин шабакаҳо дар Тоҷикистон бо пахшу бознашри хушунатҳои Мянмар аз таъқиби мусалмонон эътироз мекарданд. Хабаргузориҳо ва журналистони мустақил гуфтанд, ки дар ин мавҷи пахши матолиб маводи ҷаълӣ ё сохташуда зиёд буд, вале ин маводи ғайривоқеӣ тавонист ба зеҳни афроди зиёде таъсиргузор шавад.

Дар як ҳафтаи охири моҳи август ва оғози моҳи сентябр бино ба хабари оҷонсии Ройтерс дар кишвари ғолибан бутпараст 400 нафар кушта шуданд. Дар миёни қурбониҳо - намояндагони ҳам мардуми бутпарасти бумӣ ва ҳам мусалмонҳо буданд. Ҳангомае, ки аксу видеоҳои ҷаълӣ барангехт, дар зеҳни бисёриҳо таъсиргузор ва боварибахш шуд.

CMM: Xабарҳои ҷаълӣ мояи нигаронии сартосарӣ шудаанд

Ин падидаҳо кишварҳои ҷаҳонро водор мекунад, ки дар пахши иттилоъ ва дастрасии аҳолӣ ба хабару маълумоти воқеӣ ва бидуни сонсур боз бошанд. Чунин буд даъвати Дейвид Кайе, гузоришгари вижаи СММ, САҲА ва чанд созмони дигари байналмилалӣ, ки рӯзи 10 сентябр бо пахши изҳороте кишварҳои узви ин созмонро ба мушкили хабарҳои ҷаълӣ ва суръати паҳншавии онҳо, даъват карданд.

Дар изҳорот, аз ҷумла, гуфта мешавад, ки "хабарҳои ҷаълӣ мояи нигаронии сартосарӣ шудаанд ва хатари он мавҷуд аст, ки дар амри ҷилавгирӣ аз паҳншавии ингуна хабарҳои носанҷидаву воҳимабарангез, сонсур зиёд шуда, афроди мунаққид ва ҳам фаъолони ҳуқуқ саркӯб шаванд". Дар чунин шароит бояд меъёрҳои умумии озодии баён, мисли фаъолияти бозу бидуни монеаи расонаҳои хабарӣ таъмин шуда имкони таҷзияи хабари воқеӣ ва бофтаву дурӯғин мавҷуд бошад.

Дар Тоҷикистон ҳам "фейк-нюс" ҷои хабарҳои воқеиро гирифт

Фаъолони озодии баён дар Тоҷикистон ҳам мегӯянд, дар чанд соли охир дар пайи маҳдуд шудани фаъолияти журналистону расонаҳои озод, "фейк-нюс" ҷои хабарҳои воқеиро гирифт ва расонаҳое, ки мехоҳанд рисолати касбии худро дар амри пӯшиши ҳаводиси кишвар иҷро кунанд, дучори мушкил мешаванд. Намунаи ин - дар давоми ним соли охир аз матбуот ва ҷомеа пинҳон мондани қазияи боздошти гурӯҳи калони мансабдорони собиқи Оҷонсии зидди коррупсия буд, ки то ҳанӯз мӯҳри махфӣ дорад. Дар ин байн бархе талошҳо барои пӯшиши саривақтии ҳодисаҳо дучори мушкил шуд ва ҷои хабарҳои воқеӣ аз ҷараёни тафтишотро манобеи "фейк-нюс" гирифт.

Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон танҳо дар як маврид бо нашри номаи расмӣ ошкор шудани сарватҳои ҳангуфт дар хонаҳои муфаттишони баландпояро рад кард. Ба бовари сардабири ҳафтаномаи “Озодагон” Иршод Сулаймонӣ, “фейк-нюс” ё "ахбори ҷаълӣ" таъсирот ва хатароте бузурге дорад ва василаи манфиатхоҳӣ, аҳдофпароканӣ ва сиёсатпарокании гурӯҳҳои хоси иҷтимоиву сиёсӣ ва кишварҳову қудратҳо қарор мегирад.

Вай дар мавриди намунаи дигари ахбори ҷаълӣ дар Тоҷикистон гуфт, “мешавад, ки баъзе аз филму видеову матолиберо, ки дар мавриди мухолифон дар интернет пайдо шуданд, ба ин намунаҳо ворид кунем. Вале ман фикр мекунам, ки паҳну пароканиши фейкнюс дар Тоҷикистон хеле зиёд мешавад ва асаргузор ҳам мешаванд. Хеле асаргузор.”

Намунаи дигари нашри ахбори ҷаълӣ ва сохта дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикзабон, нашри видеои латукӯби сарбозон дар артиш буд ва баъдан маълум шуд, ки он дар Озарбойҷон иттифоқ афтодааст на дар Тоҷикистон. Ҳамчунин чанд моҳ қабл дар бархе аз сайтҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре нашр шуда буд, ки тибқи он гӯё як овозхони тоҷик фоҳишаe дар Дубай будааст. Аммо баъдан ин овозхон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро сохта ва кори дасти душманони худ донист.

Ҷомеа ҳақ дорад, ки дар ҷараёни ҳама таҳаввулоти кишвар бошад

Аз сӯи дигар, ба назари Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон, нашри хабарҳои ҷаълӣ, аз ҷумла наворҳои қатлу куштор, ки ғолибан дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд ва онро ҳазорон нафар мебинанд, хилофи меъёрҳои ахлоқӣ аст, ки аз ҳама беш ба наврасон таъсири манфӣ мерасонад. Чунин хабарҳоро метавон ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар нисбати ҳодиса пешомада ва қатлҳои густурдаи мусалмонон дар Мянмар мушоҳида кард.

Ба гуфтаи ҷаноби Қаршибоев, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ҷои маҳдуд кардани дастрасӣ ба сайтҳои иттилоотӣ, бояд пахши ҳамингуна маводҳоро маҳдуд кунад, чун аз тариқи ширкатҳои фароҳамкунандаи хадамоти интернетӣ ин кор имконпазир аст.

Созмонҳои журналистӣ мегӯянд, ҷомеа ҳақ дорад, ки дар ҷараёни ҳама таҳаввулоти кишвар бошад ва агар чунин шароит набуд, хоҳу нохоҳ ба иттилои носанҷидаву ғайривоқеӣ дода мешавад. Дар ин сурат, гурӯҳҳои манфиатҷӯ метавонанд ба осонӣ аз ин ҳолат истифода карда, ҳама гуна хабару маводи барои худ заруриро барои таъсиргузорӣ болои ҷомеа истифода кунанд.

XS
SM
MD
LG